Сураи Нисо Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 105

إِنَّا أَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِتَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ بِمَا أَرَاكَ اللَّهُ ۚ وَلَا تَكُنْ لِلْخَائِنِينَ خَصِيمًا ١٠٥

Инна анзално илайка-л китоба би-л-ҳаққи ли таҳкума байна-н-носи би мо арокаллоҳ. Ва ло таку-л лил хоинина хасимо. 105.

105. Ҳаройина, Мо Китобро ба ростӣ ба сӯйи ту фуруд овардем, то миёни мардум ба он чи Аллоҳ туро донондааст, ҳукм кунӣ ва (зинҳор) барои ҳимояти дағобозон (хоинон) хусуматкунанда мабош.

Дар шаън ва сабаби нузули ин оят ва оятҳои баъдӣ ривоятҳои муфассале нақл шудааст. Мо, иншоаллоҳ, яке аз онҳоро, ки хулосаи ҳамаи онҳост, пешкаши мухлисон мегардонем.

Ин қиссаро аҳли ҳадис аз ровиҳои гуногун ривоят карда бошанд ҳам, муҳтаво ин аст, ки Қатода ибни Нуъмон ва амаки ӯ Рифоъа дар баъзе ғазоҳо ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) иштирок доштанд. Чун онҳо ба Мадина баргаштанд, марде аз мунофиқон бо ном Туъма бинни Убайриқ, ки аз бани Убайриқ буд аз Рифоъа бинни Зайд миқдоре аз хӯрока (орд) ва силоҳро дуздид, аммо шахси покеро бо ном Лабид ибни Саҳл ба он муттаҳам сохт ва ин мард шамшери худро бар сари онҳо бардошт ва бо сиёсат покии худро маълум сохт. Ривояти дигар ҳаст, ки он моли дуздидашуда орд ва чизе аз аслиҳа буда, воқеан халтаи орд сӯрох будаасту дар роҳ рехта-рехта рафтааст. Барои ин ҳодиса дузд тадбир андешида шабошаб онро ба хонаи яке аз яҳудиёне, ки бо ӯ дӯстӣ дошт, амонат гузошт. Чун субҳ шуд, соҳиби орд пайро гирифта ба суроғи орд хонаи дуздро пайдо кард. Локин моли худро баъди ҷусту-ҷӯ пайдо карда натавонист. Дузд бо савгандҳо, гӯё ӯ аз чунин кор хабар надоштааст, худро покиза месохт. Соҳиби мол чун дид, ки резаҳои орд ба дигар хона гузаштааст, ба онҷо рафт. Яъне ба хонаи Зайд ибни ас-Самини яҳудӣ гузашту бо эътирофи соҳиби хона моли худро онҷо пайдо кард. Аммо ӯ гуфт,ки ин шахс (дузд) инро шабона назди ман амонат гузошт, ман на дуздаму на инро дуздиаам. Хулоса, соҳиби мол Рифоъа ин ҳодисаро барои ҳукм ва доварӣ ба Расулуллоҳ (с) нақл намуд. Қабилаи дузд бо худ машварат оростанд, то ба ҳар сурате, ки бошад, нагузоранд, то дуздӣ бар вай собит шавад ва кӯшиш кунанд, то яҳудиро ба дуздӣ муттаҳам созанд. Онҳо назди Расулуллоҳ (с) омаданд ва хешованди худро бо қасамхӯрии бисёру гувоҳии бардурӯғ тарафгирӣ карданд, гӯё вай надуздидааст. Илова бар ин гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ ин хешованди моро назди мардум сафед соз, агар Аллоҳ ӯро бо воситаи ту ҳимоя накунад, ҳалок мешавад” ва ҳоказо. Хулоса, чун моли дуздидашударо аз назди яҳудӣ меёбанд, Расулуллоҳ (с) ба зоҳири кор нигариста, назди одамҳо ибни Убайрақро сафед мекунанд. Қабилаи дузд соҳиби мол Қатодаро “Ту! Бе ягон далелу ҳуҷҷат як оилаеро, ки мусулмонанду ҳамаи онҳо шахсони солеҳанд, ба чунин туҳмат айбдор мекунӣ” гуфта ба сарзаниш пардохтанд. Қатодаи бечора пушаймон шуда, ман дар ин хусус сухан накунам ҳам мешудааст, гуфта худро айбдор ҳам меҳисобид. Чун амакаш Рифоъа назди ӯ барои аҳволпурсӣ омад, Қатода ҳама ончи гузашта буд, пеши амаки худ нақл кард. Рифоъа Аллоҳ худаш ёрӣ диҳад гуфта таҳаммул кард. Дигар чизе аз дасташон алайҳи дуздони зӯри қабиладор наомад. Дере нагузашт, ки ин чанд оят нозил шуд, Расулуллоҳ (с) ва дигаронро огоҳ сохт. Дар он сирри чунин мардуми дурӯғгӯ фош шуд. Маълум шуд, ки яҳудӣ дар ин кор айбе надоштааст. Баъди нозил шудани ин оят Расулуллоҳ (с) амр кард ва мол ба соҳибаш баргардонда шуд. Дузд аз ғайри дузд маълум шуд. Ин аст кори мунофиқон ва шахсони заъифулимон, ки доимо гуноҳ мекунанд. Барои наҷоти худ ва бадном нашудан, то дар назди мардум бе гуноҳ пиндошта шаванд, ҳилаҳо меҷӯянд. Ҳатто мекӯшанд, то бар бегуноҳе туҳмат банданд ва дар ин бора бо ҳам машварат ҳам мекунанд. Бинобар ин, дар ин оят Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро хитоб намуда фармуд, ки ҳар оина, Мо китоби ростини худро ба сӯйи ту фиристодем, то ин ки мувофиқи таълим ва ҳидояти мо дар миёни мардум хоҳ мусалмон бошанд, ё не, бо инсофу бо адолат ҳукм намуда, ҳуқуқи онҳоро риоят карда, ба сухани дағобозон ва хиёнатгарҳо эътимод накунӣ. Ба савганду шаҳодати бардурӯғи онҳо бе гуноҳеро муҷрим ва муҷримро бе гуноҳ наҳисобӣ. Тарафдори дағабозон шуда, бегуноҳеро ҳатто яҳудие ҳам бошад, айбдор накунӣ. Бори дигар ояти мазк


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

ур муъҷизаи илоҳӣ будани Қуръонро собит сохт. Вагарна, яҳудиёни Макка айни замон махфиёна алайҳи мусалмонон кор мебурданд. Вале чун дузд яҳудӣ набуд, ояти карима ӯро аз чунин туҳмат халосӣ дод, зеро Қуръони карим байни мардум барои пиёда кардани адолат омадааст.

Итоб шудани Расулуллоҳ (с) дар ояти баъдӣ идома дорад.

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 106 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)