Сураи Нисо Ояти 114 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 114 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 114

۞ لَا خَيْرَ فِي كَثِيرٍ مِنْ نَجْوَاهُمْ إِلَّا مَنْ أَمَرَ بِصَدَقَةٍ أَوْ مَعْرُوفٍ أَوْ إِصْلَاحٍ بَيْنَ النَّاسِ ۚ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَٰلِكَ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ فَسَوْفَ نُؤْتِيهِ أَجْرًا عَظِيمًا ١١٤

۞ Ло хайра фи касири-м мин-н-наҷвоҳум илло ман амара би садақатин ав маъруфин ав ислоҳин байна-н-нос. Ва ма-н-яфъал золикабтиғоа марзотиллоҳи фа савфа нуътиҳи аҷран ъазимо. 114.

114. Дар бисёре аз розгӯии пинҳонияшон некие нест, магар ки амри ба садақа додан ё кори нек кардан ё ба ислоҳи байни мардум амр кунанд. Ва ҳар касе инро барои талаби ризои Аллоҳ кунад, пас ба зудӣ ӯро аҷри бузурге бидиҳем.

Дар асл агар кори дуруст бошад, ба пинҳонӣ сухан кардан ҳоҷат нест. Калимаи “наҷво” пинҳон дар гӯши касе сухан гуфтанро гӯянд. Дар оятҳои гузашта, ба гуноҳ будани нишасти махфиёнаи фитнаовар ишора шуд. Аммо дар ин оят чунин маслиҳатҳои махфиёна ва маҳрамонаро бо таври васеъ шарҳ дода мефармояд, ки дар бисёр ҷаласаҳо ва маслиҳатҳои маҳрамона ё махфиёна, чи дар шаб гузаронанду чи рӯз ва чӣ байни мардум, ду нафар суханашонро бо ҳам гӯшакӣ кунанд, агар бар асоси нақшаҳои фитнаомез анҷом шавад, дар он ҳеҷ хайре нест. Локин дар баъзе ҳолатҳо бо таври истисно, иҷозат ҳаст, ки дар ҷаласаҳо ду кас ё чанд кас махфиёна бо ҳам сухан гӯянд.

Дар давоми оят мефармояд, ки магар ин ки сухани махфиёна тавсия ба садақа ва кӯмаки ҳоҷатмандон бошад, ё анҷоми кори нек бошад ё маслиҳати махфиёна барои ислоҳ ва оштии миёни ду хасм бошад, ба шарте ки иҷрокунандаи ин вазифа мақсадаш риёкорӣ набуда, балки манзураш ризои Парвардигор бошад, боке (гуноҳе) нест. Дар ин сурат ваъдаи Худованд аст, ки чунин шахсро ба зудӣ подоши бузург ҳам медиҳад. Дар хусуси калимаи “наҷво” – (сухани пинҳон) дар сураи “Муҷодала” ояти 9-10 шарҳи муфассале дода шудааст.

Акнун чанд ҳадисе зери мазмуни ин оят: Ибни Мурдавия ҳадиси Расулуллоҳ (с)-ро аз Умми Ҳубайба ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Ҳама сухане, ки фарзанди инсон сухан мекунад бар зиёни ӯ буда, ба фоидаи ӯ нест. Магар ин ки бо зикри Аллоҳ машғул шавад ё амр ба корҳои хуб кунад ва аз корҳои бад мардумро наҳй кунад, ба фоидаи ӯст.”

Имом Аҳмад аз Аби Дардо ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Оё шуморо ба иҷрои коре, ки савоб ва дараҷаи он аз дараҷаи рӯза, намоз, садақа афзаласт хабар диҳам?” Асҳоб гуфтанд: Оре! Ё Расулаллоҳ! Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Байни мардум ислоҳ кунед! Фасоде, ки байни мардум пайдо мешавад, он тарошандааст. Намегӯям тарошандаи мӯяст, балки тарошандаи дин аст.” Дигар ҳадисҳо дар ин мазмун низ вуҷуд дорад.

Чун Туъма ибни Убайриқ ба дуздӣ муттамҳам шуду даъвои хешу табори ӯ ботил шуд, Расулуллоҳ (с) ҳукм карданд, то дасти ӯ бурида шавад, Туъма ба Макка фирор кард ва аз Ислом рӯй гардониду бо мушрикони он ҷо ҳамроҳ шуд, дар ин асно ояти зер нозил шуд. (Қуртубӣ 385/5)


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 113 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 115 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)