Тафсири Сураи Нисо Ояти 118 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 118
لَعَنَهُ اللَّهُ ۘ وَقَالَ لَأَتَّخِذَنَّ مِنْ عِبَادِكَ نَصِيبًا مَفْرُوضًا ١١٨
Лаъанаҳуллоҳ. Ва қола ла ат-тахизанна мин ъибодика насиба-м мафрузо. 118.
118. (ки…)Аллоҳ ӯро лаънат карда аст. Ва (шайтон) гуфт: «Албатта, аз бандагони ту (барои итоати худ) саҳме (дар азал) муайяншударо мегирам.
Чун мушрикони араб дар замони ҷоҳилият (пеш аз Ислом) роҳи ибодати ҳақиқиро гум карданд, бо ихтироот ва бо васвасаи шайтон, фариштагонро духтарони Худо ҳисобида, мепиндоштанд, ки агар онҳоро парастиш кунанд, онҳо дуову тазаррӯи онҳоро ба “падарашон”, Худои бузург, мерасонанд. Бо хаёли ботили худ ҳатто онҳоро Худо ҳам гуфтанд. Суратҳо ва бутҳо, ки дар шакли сурати зан буд, сохтанд, ба гулӯи онҳо зару зевару марворид овехтанд ва онҳоро номҳои духтарона, чун Лот, Манот, Уззо ва монанди инҳо гузоштанд.
Бинобар ин, ояти мазкур аз ҳоли мушрикони араб хабар медиҳад ва сифати онҳоро баён мекунад, ки худопарастӣ ин гуна нест. Онҳо Худоро напарастидаанд, магар занон, яъне бутҳо ва ҳайкалҳои модинаро, ки худ сохта буданд, парастиданд. Онҳо Аллоҳро напарастиданд, магар шайтони рондашудаи лаънатхондаи Аллоҳро парастиданд. Зеро шайтон баъд аз ронда шуданаш, бо қасам суханашро таъкид карда гуфта буд, ки ба сабаби инсон маро лаънат хондиву рондӣ, албатта, ман аз бандагони Ту ҳиссаи худро мегирам ва онҳоро аз ибодати Ту ба сӯи куфр мекашонам. Дар ин хусус дар саҳеҳи Муслим ривоятҳо омадааст, ки фардо рӯзи қиёмат Аллоҳтаъоло ба Одам (а) мегӯяд: “Ҳаққи Дӯзахро фирист”. Одам (а) мегӯяд: “Ҳаққи дӯзах чист?”. Аллоҳтаъоло мегӯяд: “Аз ҳазор нуҳсаду наваду нуҳто”. Қатода ҳам гуфтааст, аз ҳазор тан нуҳсаду наваду нуҳ тан раҳсипори дӯзаханд. Маълум мешавад, ки аз байни мардум як ҳиссаи маълуме барои шайтон ҳаст ва онҳо ҳоло дар ин дунё пайравони шайтонанд. Баъдан шайтон сухани худро идома дода гуфт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «