Сураи Нисо Ояти 119 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 119 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 119

وَلَأُضِلَّنَّهُمْ وَلَأُمَنِّيَنَّهُمْ وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُبَتِّكُنَّ آذَانَ الْأَنْعَامِ وَلَآمُرَنَّهُمْ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللَّهِ ۚ وَمَنْ يَتَّخِذِ الشَّيْطَانَ وَلِيًّا مِنْ دُونِ اللَّهِ فَقَدْ خَسِرَ خُسْرَانًا مُبِينًا ١١٩

Ва ла узилланнаҳум ва ла уманнияннаҳум ва ла омураннаҳум фа ла юбаттикунна озона-л-анъоми ва ла омураннаҳум фа ла юғаййирунна халқаллоҳ. Ва ма-н яттахизи-ш-шайтона валийя-м мин дуниллоҳи фа қад хасира хусрона-м мубино. 119.

119. Ва, албатта, онҳоро гумроҳ мекунам ва онҳоро дар орзуҳо(-и ботил) умедвор месозам; ва онҳоро мефармоям, ки гӯшҳои чорпоёнро бишкофанд ва албатта, онҳоро бифармоям, то суратҳои офаридаҳои Худоро тағйир диҳанд». Ва ҳар кӣ аз ғайри Аллоҳ шайтонро дӯст бигирад, батаҳқиқ, ошкоро зиён кардааст.

Шайтон суханашро баъди қасам хӯрдан, идома дода, гуфт, ки албатта, бандагони Туро аз роҳи ҳақиқат гумроҳ мекунам ва дар фикри онҳо орзуҳои ботил ва хаёлҳои хом меандозам, онҳоро умедвор сохта мегӯям, ки ҳоло умри шумо дароз аст. Шумо аз ин маишатҳо бояд бархурдор бошед. Ҳисобу китоб нест, қиёмату зинда шудани дубора нест, ҳоло барвақт аст, баъд тавба мекунед, ҳоло орзуҳои худро бинед. Онҳоро водор мекунам, ки ҳоло шумо тобеи ман ҳастед, ба гӯшҳои ҳайвонҳо то аз дигар ҳайвонҳо (барои ҳадяи бутҳоятон) фарқ кунад, тамға занед ё гӯши онҳоро андак ҳам бошад буред ё тилим ё сӯрох кунед. Онҳоро низ амр мекунам, ки офариниши Худоро тағйир диҳанд. Тағйир дар офариниши Худоро, муфассирон ҳаргуна тафсир кардаанд. Локин ҳамаи онҳо бо мазмуни ин оят созгор аст. Масалан, баъзе муфассирон тағйири халқи Худоро хасӣ кардани ҳайвонҳо ва буридани гӯшҳои онҳо донистаанд, то барои бутҳо махсус шаванд. Баъзе аз муфассирон гуфтаанд: агар хасӣ кардани ҳайвон барои бутҳо набошад, балки барои тозагӣ бошад, боке надорад. Аммо хасӣ кардани инсон, хоҳ ғулом бошаду хоҳ озод, таҳти ваъид боқист. Яъне хасӣ кардани инсон тағйир дар офариниши Худост, ки ин бо васвасаи шайтон ҳосил мешавад. Баъзе аз онҳо гуфтаанд, мардон ба занон ё занон ба мардон монанд шаванд, ин ҳам аз қабили тағйири халқи Худост. Ё бар рӯйҳо хол канда шавад ё дар бадан бо сӯзан нақшҳо гузаронида шавад ё чидани қоши занҳо ё мӯи сунъӣ бастани занҳо ё мӯй сиёҳ кардани мардҳо.

Хулоса, дар бораи ҳамаи онҳо ҳадисҳои ваъид ворид шудааст ва ин амалҳо ҳама пайравӣ аз шайтон аст. Ҳар касе роҳи нишондодаи Аллоҳро гузошта, пайрави шайтон мешавад ва ба ҷои Аллоҳ ӯро дӯст мегирад, дар ҳақиқат ва ошкоро зиёни дунё ва охират кардааст. Хулоса, ихтиёри ду роҳ дар пеши ҳар инсон гузошта шудааст, роҳи севум нест. Ё Аллоҳро дӯст гирифтан лозим ё шайтони дағоро. Шахсоне хостанд хушбахти дунё ва охират шаванд, Аллоҳро дӯст гирифтанд ва роҳи нишондодаи Ӯро пеша карданд. Шаке нест, ки касоне ки пайрави шайтон шуданд, ба зиён рӯ ба рӯ мешаванд. Зеро шайтон…


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 118 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 120 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)