Сураи Нисо Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 12

۞ وَلَكُمْ نِصْفُ مَا تَرَكَ أَزْوَاجُكُمْ إِنْ لَمْ يَكُنْ لَهُنَّ وَلَدٌ ۚ فَإِنْ كَانَ لَهُنَّ وَلَدٌ فَلَكُمُ الرُّبُعُ مِمَّا تَرَكْنَ ۚ مِنْ بَعْدِ وَصِيَّةٍ يُوصِينَ بِهَا أَوْ دَيْنٍ ۚ وَلَهُنَّ الرُّبُعُ مِمَّا تَرَكْتُمْ إِنْ لَمْ يَكُنْ لَكُمْ وَلَدٌ ۚ فَإِنْ كَانَ لَكُمْ وَلَدٌ فَلَهُنَّ الثُّمُنُ مِمَّا تَرَكْتُمْ ۚ مِنْ بَعْدِ وَصِيَّةٍ تُوصُونَ بِهَا أَوْ دَيْنٍ ۗ وَإِنْ كَانَ رَجُلٌ يُورَثُ كَلَالَةً أَوِ امْرَأَةٌ وَلَهُ أَخٌ أَوْ أُخْتٌ فَلِكُلِّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا السُّدُسُ ۚ فَإِنْ كَانُوا أَكْثَرَ مِنْ ذَٰلِكَ فَهُمْ شُرَكَاءُ فِي الثُّلُثِ ۚ مِنْ بَعْدِ وَصِيَّةٍ يُوصَىٰ بِهَا أَوْ دَيْنٍ غَيْرَ مُضَارٍّ ۚ وَصِيَّةً مِنَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَلِيمٌ ١٢

۞ Ва лакум нисфу мо тарака азвоҷукум ил лам яку-л лаҳунна валад. Фа ин кона лаҳунна валадун фа лакуму-р-рубуъу мим-мо таракн. Мин баъди васийяти-н йусина биҳа ав данн. Ва лаҳунна-р рубуъу мим-мо тарактум ил лам яку-л лакум валад. Фа ин кона лакум валадун фа лаҳунна-с сумуну мим-мо тарактум. Мин баъди васийятин тусуна биҳа ав данн. Ва ин кона раҷулу-н йурасу калолатан ав имраату-в ва лаҳу ахун ав ухтун фа ли кулли воҳиди-м минҳума-с-судус. Фа ин кону аксара мин золика фа ҳум шуракау фи-с-сулус. Мин баъди васийяти-н йусо биҳа ав дайнин ғайра музорр. Васийята-м миналлоҳ. Валлоҳу Ъалимун ҳалим. 12.

12. Ва моле, ки занҳои шумо гузоштаанд, агар барои он занҳо фарзанде набошад, ними он барои шумост. Пас, агар барои онҳо фарзанде бошад, пас, чаҳоряки аз он чӣ гузоштаанд, барои шумост, аз баъди адои васияте, ки ба он фармуда бошанд, ё баъди адои дайн. Ва барои занҳост чаҳоряки аз он чӣ гузоштаед, агар барои шумо фарзанде набошад. Пас, агар барои шумо фарзанд бошад, пас ҳаштяки аз он чӣ гузоштаед, барои зан аст аз баъди адои васияте, ки ба он фармудаед, ё баъди адои дайн. Ва агар марде, ки аз вай мерос бурда мешавад, бе волиду валад бошад ё зани калола (падару фарзанд ва бародару хоҳари падарию модарӣ надорад) ва ӯро бародар ё хоҳари модарӣ аст, пас, ҳар яке аз он ду шашяк мегиранд. Пас, агар онҳо бештар аз ин бошанд, пас онҳо дар сеяк шариканд аз баъди васияте, ки шуда бошад ё баъди адои дайн, на васияте ки зарар расонанда бошад. Ин ҳукмест аз ҷониби Аллоҳ ва Аллоҳ бар ҳама чиз донову бурдбор аст!

Ояти мазкур, мероси зану шавҳарро баён намуда, дар нахустҷумлаи худ мефармояд, ки зане аз олам мегузарад, аз шавҳари ҳозирааш, ё аз шавҳари пешинааш фарзанде надорад, нисфи моли чунин занро шавҳари ҳозирааш мерос мебарад. Агар фарзанде дошта бошад, бигзор аз шавҳари аввалааш бошад, дар ин сурат барои шавҳараш чаҳоряки моли мерос мерасаду халос. Албатта, дар ҳама сурат тақсими моли мерос баъди пардохти қарзҳо ва васиятҳои майит анҷом мегирад. Дар сурати чаҳорум, ояти мазкур мефармояд, ки шавҳари зане аз олам мегузарад, ки умуман фарзанд надорад, дар ин сурат хоҳ як зан бошанд, хоҳ зиёд чаҳоряки аз моли шавҳарашонро мерос мебаранд. Агар фарзанде хоҳ аз ин зан, хоҳ аз зани қаблӣ дошта бошад, дар ин сурат як зан, ё ҳамаи занҳо якҷоя ҳаштяки молҳои шавҳарашонро ҳамчу мерос соҳиб мешаванд. Ин ҳам бошад, баъди адо кардани васиятҳои майит ва баъди адо кардани қарзҳои ӯ анҷом мегирад. Яъне агар зан маҳрашро нагирифта бошад, аввал аз ҷамии мол маҳрашро мегирад, баъд меросашро. Дигар васиятҳо ва қарзҳо бо ин қиёсанд. Дар сурате, ки мард ё зане аз олам мегузараду падар, фарзанд ё фарзанди фарзанд надоранд, локин аз тарафи модар як бародар ё як хоҳар дорад, инро “калола” мегӯянд. Дар чунин сурат, ҳиссаи он бародар ё хоҳари модарӣ аз моли мероси ӯ аз шаш як аст. Агар меросхӯри модарандарӣ (аз як нафар қатъи назар онҳо хоҳаранд ё бародар), зиёд бошад, сеяки моли маййити “калоларо” мерос мебаранду, дар он сеяк ҳамаи онҳо шариканд. Аммо Умар (р) дар чунин сурат ҳам, ҳиссаи як бародарро ду баробари ҳиссаи хоҳараш фармудаанд. Бояд васият зиёновар набошад. Яъне ба сабаби васият меросбареро аз моли мерос маҳрум насозад ё барои шахсе, ки айни ҳол меросбар аст, васияти иловагӣ накунад ё дар зиммаи ӯ чизе несту локин барои шахсе чизеро иқрор мекунад, аз чунин васиятҳои зиёновар, бояд даст кашид, ки Расулуллоҳ (с) бо ривояти Аби Ҳотам аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р)


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

гуфтаанд: “Васияте, ки ба ворисон зиён мерасонад, гуноҳи кабира аст”.

Дар охири ояти мазкур, таъкид шудааст, ки ин намуд моли меросро бо роҳи ҳалолу пок тақсим намудан аз ҳаво гирифта нашуда аст, васият ва ҳукми Аллоҳ аст. Вагарна, зеҳни инсон дар тақcими моли мерос бо фармоишу маслиҳати як гурӯҳ инсонҳо бошад, лол мемонад. Аллоҳ зоти бисёр донанда ва ҳалим аст. Касе моли меросро дуруст ва касе нодуруст тақсим мекунад, ҳамаро донандааст. Дар муҷозоти шахсоне, ки аз сарҳади шариат таҷовуз мекунанд, (то шояд, ки онҳо нуқсони худро фаҳманду тавба кунанд), шитобкорӣ намекунад. Аз он ҷумла, дар нодуруст тақсим шудани моли мерос. Ояти оянда низ ин ғояро идома медиҳад.

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)