Тафсири Сураи Нисо Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 11
يُوصِيكُمُ اللَّهُ فِي أَوْلَادِكُمْ ۖ لِلذَّكَرِ مِثْلُ حَظِّ الْأُنْثَيَيْنِ ۚ فَإِنْ كُنَّ نِسَاءً فَوْقَ اثْنَتَيْنِ فَلَهُنَّ ثُلُثَا مَا تَرَكَ ۖ وَإِنْ كَانَتْ وَاحِدَةً فَلَهَا النِّصْفُ ۚ وَلِأَبَوَيْهِ لِكُلِّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا السُّدُسُ مِمَّا تَرَكَ إِنْ كَانَ لَهُ وَلَدٌ ۚ فَإِنْ لَمْ يَكُنْ لَهُ وَلَدٌ وَوَرِثَهُ أَبَوَاهُ فَلِأُمِّهِ الثُّلُثُ ۚ فَإِنْ كَانَ لَهُ إِخْوَةٌ فَلِأُمِّهِ السُّدُسُ ۚ مِنْ بَعْدِ وَصِيَّةٍ يُوصِي بِهَا أَوْ دَيْنٍ ۗ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَاؤُكُمْ لَا تَدْرُونَ أَيُّهُمْ أَقْرَبُ لَكُمْ نَفْعًا ۚ فَرِيضَةً مِنَ اللَّهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا ١١
Йусикумуллоҳу фӣ авлодикум ли-з закари мислу ҳаззи-л-унсаянн. Фа ин кунна нисаан фавқаснатайни фа лаҳунна сулусо мо тарак. Ва ин конат воҳидатан фа лаҳа-н-нисф. Ва ли абавайҳи ли кулли воҳиди-м минҳума-с-судусу мим-мо тарака ин кона лаҳу валад. Фа ил лам яку-л лаҳу валаду-в ва варисаҳу абавоҳу фа ли уммиҳи-с-сулус. Фа ин кона лаҳу ихватун фа ли уммиҳи-с-судус. Мин баъди васийяти-н йусо биҳа ав данн. Абаукум ва абнаукум ло тадруна айюҳум ақрабу лакум нафъо. Фаризата-м миналлоҳ. Инналоҳа кона Ъалиман ҳакимо. 11.
11. Аллоҳ шуморо дар ҳаққи авлоди худ васият (ҳукм) мекунад, ки барои (ҷинси) мард монанди ҳиссаи ду зан аст. Пас, агар занон (духтарон) зиёда аз ду бошанд, пас барои онҳост ду сеяки он чи аз моли мерос мондааст. Ва агар ворис як духтар бошад, пас ними моли мерос аз они ӯст. Ва агар майитро фарзанд бошад, барои падару модари ӯ барои ҳар кадом шашяки аз моли мерос аст. Пас, агар майитро фарзанд набошад ва меросбари ӯ падару модараш бошанд, пас барои модараш сеяки моли мерос аст (ва боқӣ аз барои падар аст). Пас, агар барои майит фақат бародарон бошанд, пас барои модари ӯ шашяки моли мерос аст, баъди адои васияте, ки карда шудааст ё баъди адои қарз. Шумо намедонед, ки падарони шумо ва писарони шумо дар нафъ расонидан кадоми аз онҳо ба шумо наздиктар аст. Ин ҳиссаи муайяншуда аз ҷониби Аллоҳ аст. Ҳаройина, Аллоҳ доною боҳикмат аст.
Мерос бурдани хешовандони майит ва ҳиссаи онҳо иҷмолан дар оятҳои қаблӣ гузашт. Ҳоло ҳиссаи онҳо бо тафсил дар ин оят зикр мешавад. Аз он ҷо ки дар замони ҷоҳилият ятимонро аз мерос маҳрум месохтанд, аввалан ояти мазкур алайҳи ин ақидаи ботил мубориза бурда, дар нахустин ҷумлаи худ, аз ҳуқуқи онҳо ҳимоя намуда, мефармояд, ки агар шахсе аз олам гузашт, баъди сари худ як писару ду духтарро гузошт, мероси падарашонро ба нисф тақсим мекунанд. Яъне нисфашро ба писар дода шавад ва нисфи дигарашро байни ду духтар тақсим карда мешавад.
Агар як писару як духтар бошанд, моли меросро ба се тақсим намуда, ду ҳисса ба писар мерасад ва як ҳисса ба духтари ӯ мерасад. Яъне шариат ҳаққи писарро ду баробари ҳаққи духтар таъин кардааст.
Агар майит баъди сари худ ду духтар ё зиёда аз онро гузорад, ҳаққи онҳо аз моли мерос аз се ду ҳисса аст.
Агар майит баъди сари худ танҳо як духтарро боқӣ гузорад, барои он духтар нисфи моли падар ҳамчу мерос мерасад.
Агар як писар монда бошад, барои ӯ ҳамаи моли мерос мерасад.
Дар сурате, ки майит аз худ як фарзанд ё якчанд фарзанд (духтар хоҳ писар) ва падару модари худро гузорад, дар ин сурат барои падару модари ӯ шашяки моли мерос мерасад.
Агар майит аз худ ба ғайри падару модар фарзанде нагузоштааст, фақат меросбари ӯ падару модараш бошанд, модар аз се як ҳисса аз моли мероси писари худро соҳиб мешавад ва ду ҳиссаи он ба падараш мерасад.
Дар сурате, ки майит ба ғайри бародарон ва модар касеро нагузошта бошад, дар ин сурат модараш низ аз шашяки мерос ҳақбар аст. Агар дар ҳамин сурат падари майит зинда бошад, ба бародарон ҳеҷ чиз намерасад, балки боқиро падари майит соҳиб мешаваду бародарон фақат сабаб мешаванд, ки ҳаққи модар аз сеяк ба шашяк бадал шавад.
Агар як бародар ё як хоҳару модарро гузошта бошад, дар ин сурат модар аз сеяк ҳисса ва падар аз се ду ҳиссаи онро соҳиб мешавад.
Ҳамаи ин тақсимот дар навбати худ баъди адо кардани васияти майит, ки супориш кардааст ва баъди адо кардани қарзи майит сурат мегирад. Худованд қонуни меросбариро ба ихтиёри Худ гирифта, ҳиссаи ҳар кадом аз хешовандонро таъин намудааст. Агар қонуни меросбарӣ ба ихт
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
иёри инсонҳо мебуд, дар ӯ ҳазор ҳараҷу мараҷ, низоъ ва ихтилофҳо пайдо мешуд, баъзеҳо падару модарро муқаддам меҳисобиданд, баъзеҳо фарзандони ӯро. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло бар хилофи одатҳои замони ҷоҳилият тақсими меросро барои он ба ихтиёри Худ гирифтааст, ки шумо намедонед, падарон барои шумо беҳтар нафъ доранд ё фарзандон. Ончиро Аллоҳ қарор додааст, барои инсонҳо ин беҳтарини қарордод аст.
Дар поёни ояти мазкур Аллоҳ мефармояд, ки ин қонунест, ки аз тарафи Аллоҳтаъоло барои шумо фарзу муайян шудааст. Пас ба қонуне, ки Аллоҳ фармуда бошад, пойбанд бошед, зеро, Аллоҳтаъоло донову боҳикмат аст. Акнун чанд ҳадисро оиди илми мерос иншоаллоҳ, тақдим мекунем, зеро барои мусалмонон лозим аст, ки ба илми фароиз (мерос) аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Аз Абӯҳурайра (р) Имом ибни Моҷа (р) ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) фармуданд, ки “Илми фароизро омӯзед ва ин илмро ба мардум таълим диҳед, зеро ӯ нисфи илм аст. Он илми фаромӯшшаванда аст, аввалин илме, ки аз уммати ман бардошта мешавад, ин илми фароиз аст”.
Дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ривояте аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) омадааст, ки мегӯяд: ман дар қабилаи Бани Салама чун дар хоби ғафлат (беҳушӣ) монда будам, Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи Абӯбакр (р) ба дидани ман омаданд. Расулуллоҳ (с) маро дар чунин ҳолат диданд, барои таҳорат об пурсиданд ва аз он об болои ман пошиданд, ман ба худ омада гуфтам: Ай Расули Аллоҳ, чӣ амр мекунӣ дар моли ман? Дар ҳамин асно Аллоҳтаъоло ояти мазкурро, ки дар нахуcт ҷумлаи он: “Васият (ҳукм) мекунад шуморо Аллоҳ дар ҳаққи авлоди худ, ки барои як мард монанди ҳиссаи ду зан аст …”-ро нозил кард.
Чунин ҳадисҳо дар боби мерос бисёр аст, дар оятҳои охири ҳамин сура, дар ин мавзӯъ суханҳо меояд, ки иншоаллоҳ, ба суолҳо посух хоҳед гирифт. Ояти зер, тақсими меросро давом дода, ҳаққи занро аз шавҳар ва шавҳарро аз зан баён мекунад.