Сураи Нисо Ояти 121 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 121 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 121

أُولَٰئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَلَا يَجِدُونَ عَنْهَا مَحِيصًا ١٢١

Улаика маъвоҳум Ҷаҳаннаму ва ло яҷидуна ъанҳо маҳисо. 121.

121. Ҷои ин гурӯҳ Дӯзах аст ва аз он ҷойи гурез намеёбанд.

Аз маънои оятҳои гузашта хабисӣ ва адовати шайтон ошкор шуд, дигар ҳеҷ шубҳае намонд, ки ҳар касе аз маъбуди ҳақиқӣ рӯ гардонаду ба васвасаҳои шайтон мувофиқат намуда, пайрави ӯ шавад ва ба ваъдаҳои ӯ, ки саросар дурӯғанд, умед бандад, дар натиҷа қароргоҳи вай абадӣ Дӯзах аст ва аз он ҳеҷ ҷойи гурезе намеёбад, ки худро халос созад.

Дар ояти баъдӣ, мартаба ва аҳволи суъадо (некбахтон) дар дорулқарор (Биҳишт) баён мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 120 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 122 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)