Сураи Нисо Ояти 127 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 127 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 127

وَيَسْتَفْتُونَكَ فِي النِّسَاءِ ۖ قُلِ اللَّهُ يُفْتِيكُمْ فِيهِنَّ وَمَا يُتْلَىٰ عَلَيْكُمْ فِي الْكِتَابِ فِي يَتَامَى النِّسَاءِ اللَّاتِي لَا تُؤْتُونَهُنَّ مَا كُتِبَ لَهُنَّ وَتَرْغَبُونَ أَنْ تَنْكِحُوهُنَّ وَالْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الْوِلْدَانِ وَأَنْ تَقُومُوا لِلْيَتَامَىٰ بِالْقِسْطِ ۚ وَمَا تَفْعَلُوا مِنْ خَيْرٍ فَإِنَّ اللَّهَ كَانَ بِهِ عَلِيمًا ١٢٧

Ва ястафтунака фи-н-нисаъ. Қулиллоҳу юфтикум фиҳинна ва мо ютло ъалайкум фи-л-китоби фи ятома-н-нисаи-л-лоти ло туътунаҳунна мо кутиба лаҳунна ва тарғабуна ан танкиҳуҳунна ва-л мустазъафина мина-л-вилдони ва ан тақуму лил ятомо би-л-қист. Ва мо тафъалу мин хайрин фа инналлоҳа кона биҳи Ъалимо. 127.

127. Аз ту дар бораи занон талаби фатво мекунанд, бигӯ: «Дар бораи онҳо ба шумо Аллоҳ фатво медиҳад ва он чӣ дар Китоб бар шумо дар бораи занони ятима нозил шудааст, хонда мешавад, ки онҳоро он чӣ муқаррар шуд, ба онҳо намедиҳед (хатост)ва (боз) мехоҳед, ки онҳоро никоҳ кунед. Ва дар боби бечорагон аз кӯдакон дар бораи ятимон ҳукм ин аст, ки бо адлу инсоф қиём намоед ва он чӣ аз некӯӣ мекунед, ҳаройина, Аллоҳ ба он доност».

Худованд дар аввали ин сура, яъне дар ояти 3 ва 11-ум одати ҷоҳилиятро барҳам зада, адои ҳаққи ятимон, занҳо ва кӯдаконро бо таъкид ҳимоя намуд. Зеро одати замони ҷоҳилият он буд, ки ба занҳо мерос намедоданд. Агар писар шамшерро бардошта ба ҷанг рафта наметавонист, ӯ низ аз мерос маҳрум буд. Агар ятимдухтари никоҳрасе дар хонаи онҳо калон мешуду ба балоғат мерасид, бо ривояти Алӣ ибни Абӯ Талҳа аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) одаташон он буд, ки агар либоси худро болои он ятимдухтар партоб мекарданд, дигар он духтар, ба ҳеҷ шавҳар расида наметавонист. Агар хушрӯй мебуд, мехост ӯро ба никоҳи худ медароварду на ин ки маҳр медод, балки он молу мулке, ки ятимдухтар аз падараш мерос дошт, соҳиб мешуд. Агар ятимдухтар зиштрӯ мебуду ӯро ба занӣ намегирифт, он бечора то охири умр ба шавҳар рафта наметавонист. Агар ятимдухтар аз олам мегузашт, ҳама моли он ба ӯ мемонд. Чун дини Ислом омад, ин гуна одатҳои ҷоҳилиятро бекору нодуруст эълон намуд. Аллоҳтаъоло Ҳабиби худ (с)-ро фармуд, ки аз ту дар хусуси занҳо фатво мепурсанд. Ту ба онҳо хусусан дар бораи ятимдухтарон бигӯ, ки дар ин маврид аз он чӣ савол кардед, ҳукми онро Аллоҳ барои шумо баён намуда, фатво медиҳад. Яъне он чи дар Қуръони маҷид дар бораи ятимдухтарон дар ояти 3-ум ва 11-уми ҳамин сура гузашт, ҳукми дуруст ҳамон аст, на одати замони ҷоҳилият. Дар замони ҷоҳилият шумо молҳои онҳоро дар ихтиёр мегирифтед, на ба онҳо издивоҷ мекардед ва на молҳояшонро ба онҳо месупоридед, то ин ки ба дигаре издивоҷ кунанд. Агар рағбат мекардеду издивоҷ мекардед ҳам, моли онҳоро аз худ мекардед, ба онҳо на маҳр медодед ва на моли мерос. Акнун фатво ва посухи саволи шумо ин аст, ки ин амали шумо амали зишту нодуруст ва ин кори шумо кори золимона ва одати замони ҷоҳилият аст, на ҳукми илоҳӣ. Агар мехоҳед, ки бо ятимдухтари никоҳравое, ки назди шумо ба воя расидааст, аз ҷиҳати зебоӣ ва ҷавониаш издивоҷ кунед, ба моли ӯ даст нарасонед ва илова бар он маҳри мислашонро диҳед. Яъне маҳри зани озод мисли ятимдухтар аст, маҳри ятимдухтар ҳам мисли он аст. Агар аз рӯи беҳусниаш бо ӯ издивоҷ накунед, монед, ӯ ба дигар кас издивоҷ кунад. Монеи он нашавед, ки шавҳари ӯ дар моли ӯ шарик мешавад ё не. Ин кори онҳост.

Сипас, дар давоми оят, чуноне ки дар ояти 11-уми ҳамин сура дар хусуси кӯдакони сағир, ки тибқи расми ҷоҳилият аз мерос маҳрум буданд, мефармояд, ки Худованд ба шумо тавсият мекунад, ки ҳуқуқи кӯдакони заифро хусусан дар моли мерос риоя кунед. Бори дигар барои таъкид, то ин ки ҳуқуқи ятимон риояи ҷиддӣ шавад, ояти мазкур фармудааст, ки Худованд ба шумо тавсия мекунад, ки дар мавриди ҳуқуқи ятимон бо инсофу бо адолат рафтор кунед, ҳаргиз ба зулм роҳ надиҳед, зеро ҳаргуна амали неке, хусусан дар бораи ятимон ва заифон аз шумо сар занад, аз дидгоҳу илми Аллоҳтаъоло махфӣ намемонад ва подоши муносиб барои шумо хоҳад дод. Хулоса, чун саҳобагон аз Расулуллоҳ (с) дар хусуси ятимдухтарҳо ва кӯдакони сағир фатво пурсон шуданд, баъзе аз саволҳои онҳоро оятҳои 3-11-ум ҷавоб гуфт ва баъзе паҳлӯҳои онҳ


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

оро ин ояти мазкур.

Ҳуқуқи занҳо ва дар ҳолати зарурат, мубоҳ будани талоқ, дар оятҳои зер эзоҳ меёбанд.

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 126 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 128 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)