Сураи Нисо Ояти 126 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 126 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 126

وَلِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ مُحِيطًا ١٢٦

Ва лиллоҳи мо фи-с-самовоти ва мо фи-л-арз. Ва коналлоҳу би кулли шай-им муҳито. 126.

126. Он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар Замин аст, аз они Худост; ва Аллоҳ (бо илми Худ) бар ҳар чиз иҳотакунанда аст.

Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, банда ва офаридаи Ӯ таъоло буда, дар тасарруфи Ӯ таъоло қарор доранд. Ба ҳар кас тибқи раҳмату ҳикмати хеш, чӣ хоҳад, медиҳад. Ин маънои онро надорад, ки Худованд аз махлуқҳояш нерӯе гирад ё ба онҳо мӯҳтоҷ бошад. Касеро халили (дӯсти наздики) худ мегирад, фиреб ҳам намехӯрад. Иброҳим (а)-ро халили худ гирифтани Аллоҳтаъоло барои он нест, ки фахр намояд. Балки Иброҳим (а)-ро ба хотири тоатҳое, ки дошт, ба унвони подош дар баробари бандагияш халили хеш гирифт. Хулоса, Аллоҳтаъоло ба Иброҳим (а) ё ғайри ӯ ниёзманд нест, чаро ки ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва бо илми худ ҳама чизро хоҳ кӯчак бошад, хоҳ бузург, иҳота кардааст. Ҳама чиз дар доираи илми Ӯ таъоло қарор дорад ва бар ҳама чиз султон аст ва покӣ махсуси Ӯст. Дар оғози ҳамин сура, дар якчанд оятҳо, фармудаҳои Аллоҳтаъоло аз ҳуқуқи занҳо, ятимон, шахсони заиф, ба хусус шахсони хурдсол, ки дар замони ҷоҳилият аз мерос маҳрум буданд, эзоҳот гузашт, дар оятҳои баъдӣ хулосаи онҳо, иршод мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 125 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 127 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)