Тафсири Сураи Нисо Ояти 169 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 169
إِلَّا طَرِيقَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَدًا ۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرًا ١٦٩
Илло тариқа Ҷаҳаннама холидина фиҳа абадо. Ва кона золика ъалаллоҳи ясиро. 169.
169. Магар роҳи Дӯзах, ки дар он ҳамеша ҷовидон монанд. Ва ин кор бар Аллоҳ осон аст.
Дар асл кофир шудан, чуноне ки дар оятҳои қаблӣ гузашт, бисёр зулми бузург аст. Яъне касоне, ки кофир мешаванд ва сифатҳои Пайғамбар (с)-ро, ки дар китобҳояшон навишта шуда аст, пинҳон медоранд ва мардумро бо роҳи фиреб, зӯрӣ ва сиёсат, аз роҳи ҳақиқат боз медоранд, онҳо зулмро болои зулм ихтиёр кардаанд. Аз ҳамин сабаб ҷазои ин гуна шахсон ин аст, ки Худованд онҳоро на мағфират мекунад ва на онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Агар раҳсипор кунад он як роҳ аст роҳи Ҷаҳаннам, ки дар он абадӣ боқӣ мемонанд. Дохил шудани ингуна шахсон ва дар Ҷаҳаннам ҷовидон мондани онҳо барои Аллоҳ осон буда, ҳеҷ мушкилие надорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «