Сураи Нисо Ояти 170 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 170 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 170

يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءَكُمُ الرَّسُولُ بِالْحَقِّ مِنْ رَبِّكُمْ فَآمِنُوا خَيْرًا لَكُمْ ۚ وَإِنْ تَكْفُرُوا فَإِنَّ لِلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا ١٧٠

Йа айюҳа-н-носу қад ҷаакуму-р-расулу би-л-ҳаққи ми-р-Раббикум фа омину хайра-л лакум. Ва ин такфуру фа инна лиллоҳи мо фи-с-самовоти ва-л-арз. Ва коналлоҳу Ъалиман ҳакимо.170.

170. Эй мардум, батаҳқиқ, шуморо аз ҷониби Парвардигоратон ба ростӣ пайғамбар омад, пас, имон биёред, ки ин барои шумо беҳтар аст. Ва агар кофир шавед, пас ҳаройина, он чи дар осмонҳост ва он чӣ дар Замин аст, барои Худост. Ва Аллоҳ донову боҳикмат аст.

Пас аз он, ки тасдиқи ҳақиқати Пайғамбару Қуръон ва гумроҳӣ ва хатогиҳои аҳли китоб дар оятҳои қаблӣ гузашт, Аллоҳтаъоло дар ояти мазкур бо таври умум барои ҷамии мардум нидо намуда мефармояд, ки ай мардуми дунё, дар шаъни пайғамбарон, бахусус дар шаъни Пайғамбари охируззамон, Муҳаммад (с), ҳар чи ки хостед, гуфтед. Локин, дар ҳақиқат ӯ (с) аз назди Парвардигор дини ҳаққеро барои шумо овардааст. Инро бояд бидонед, ки беҳтар барои шумо онаст, ки ӯро қабул фармоед ва имон оред! Зеро имон овардан ба ӯ (с) некбахтии дунё ва охирати шумост. Агар шумо ба ӯ (с) кофир шавед, ин бар зарари шумост. Зеро Худованд ба шумо ва ба имони шумо муҳтоҷ нест. Аз куфр ё имони шумо на зараре ба Аллоҳ мерасад ва на фоидае. Ҳар чӣ дар осмонҳо ва Замин аст, ҳама мулки Худост, ба кофир шудани гурӯҳе, ҳеҷ чизе аз мулки Аллоҳ кам немешавад. Аллоҳ аз ҳоли ҳамаи махлуқот огоҳ аст. Ҳар чиро, ки Аллоҳ шариат гардонид, ё чизеро тақдиру тадбир кардааст, ин ҳама ҳикмати Ӯст.

Дар оятҳои зер, ақидаи ботил ва хатои аҳли китоб (агар қабул кунанд) ислоҳ карда мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 169 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 171 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)