Тафсири Сураи Нисо Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 2
وَآتُوا الْيَتَامَىٰ أَمْوَالَهُمْ ۖ وَلَا تَتَبَدَّلُوا الْخَبِيثَ بِالطَّيِّبِ ۖ وَلَا تَأْكُلُوا أَمْوَالَهُمْ إِلَىٰ أَمْوَالِكُمْ ۚ إِنَّهُ كَانَ حُوبًا كَبِيرًا ٢
Ва оту-л ятома амволаҳум ва ло татабаддалу-л-хабиса би-т-таййиб. Ва ло таъкулу амволаҳум ила амволикум. Иннаҳу кона ҳубан кабиро. 2.
2. Ва ба кӯдакони ятим молҳояшонро бидиҳед ва моли бади худро ба моли хуби онҳо иваз макунед ва молҳояшонро ҳамроҳи молҳои худ махӯред, ҳаройина, он гуноҳи бузург аст.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур шахсонеро, ки вакил ё мутасаддии ятим ҳастанд, бо се дастур хитоб мекунад. Аввал он ки молҳои ятимонро ба онҳо бидиҳед! Яъне, чун ятимон ба балоғат расанд, молҳояшон, ки дар ҳимояи вакилони онҳо буданд, бояд ба онҳо баргардонида шаванд. Зеро ятим чун ба балоғат мерасад, чуноне ки дар ояти 6-уми ҳамин сура меояд, дигар ятим нест. Ятим шахсеро гӯянд, ки падари ӯ аз олам гузаштааст ва ҳанӯз ба синни балоғат нарасидааст. Онҳо баъди ба балоғат расидан, метавонанд дар молҳои худ мустақилан тасарруф кунанд. Ҷумлаи баъдӣ мефармояд, ки палидро ба пок бадал накунед! Яъне дар замони ҷоҳилият шахсе парастори ятим мебуд, молҳои сараи ятимро мегирифт ва ҳамонанди он, молҳои камарзиши худро ивази моли ятим мегузошт. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло муъминонро аз чунин амалҳои нопок наҳй намуд, ки моли поки худро бо моли ятиме, ки барои ӯ покасту барои шумо нопок, иваз накунед. Ҳамчунин фармуд, ки моли ятимро бо моли худ якҷо карда нахӯред, зеро моли ятим, ба ғайри худашон барои дигарон ҳаром ҳисобида шудааст. Парастории ятим, хоҳ аз тарафи падар бошад ё аз тарафи модар ё шахси дигар ин вазифаи шаръӣ аст. Барои моли ятимро хӯрдан ё сӯйистифода намудан, баҳонаҳо эътибор надоранд. Бо ҳар баҳона моли ятимро хӯрдан зулм аст ва ҳам аз гуноҳони калон ҳисобида шудааст. Шахсоне, ки моли ятимонро ба роҳҳои нодуруст нест мекунанд, зери таҳдиди чандин ояти ҳамин сура ва сураи “Анъом” ояти 152 ва сураи “Исро” ояти 34-ум хоҳанд монд.
Дар ҳақиқат мазмуни ояти мазкур дар дили шахсоне, ки муъминанд, таъсиру фишори сахтеро ворид месозад. Бинобар ин, салафи солеҳин метарсиданд, ки барои худ ва ятимон ғизои муштараке омода созанд. Аз ин боис таоми худро ҷудо ва таоми ятимонро алоҳида омода месохтанд, ки ин хеле таклифи зиёде буд. Баъдан, Аллоҳтаъоло ба муъминон дар ояти 220-и сураи “Бақара” аз моли худ ва моли ятим омехта, бо нияти хайрхоҳӣ, таоме барои худ ва ятимон омода сохтанро иҷозат фармуд ва ин машаққату ҳараҷро аз онҳо дур сохт.
Дар ояти зер, Аллоҳтаъоло иршод мефармояд, ки агар шахсе то маҳри сазовори ятимдухтарро дода натавонад, бо ӯ издивоҷ накунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «