Сураи Нисо Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 24

۞ وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ النِّسَاءِ إِلَّا مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ۖ كِتَابَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ ۚ وَأُحِلَّ لَكُمْ مَا وَرَاءَ ذَٰلِكُمْ أَنْ تَبْتَغُوا بِأَمْوَالِكُمْ مُحْصِنِينَ غَيْرَ مُسَافِحِينَ ۚ فَمَا اسْتَمْتَعْتُمْ بِهِ مِنْهُنَّ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِيمَا تَرَاضَيْتُمْ بِهِ مِنْ بَعْدِ الْفَرِيضَةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا ٢٤

۞ Ва-л-муҳсаноту мина-н-нисаи илло мо малакат аймонукум китобаллоҳи ъалайкум. Ва уҳилла лакум-м мо вароа золикум ан табтағу би амволикум-м муҳсинина ғайра мусофиҳин. Фа мастамтаътум биҳо минҳунна фа отуҳунна уҷураҳунна фаризаҳ. Ва ло ҷуноҳа ъалайкум фи мо тарозайтум биҳо мин баъди-л-фаризаҳ. Инналлоҳа кона Ъалиман ҳакимо. 24.

24. Ва бар шумо никоҳи занҳои шавҳардор ҳаром гардонида шудааст. Магар он чи дастони шумо дар ҷанг молик шудааст. (Инҳо) ҳукмҳоест, ки Аллоҳ бар шумо лозим сохтааст ва барои шумо ғайри ин занҳои зикршуда ҳалол карда шуд, ба шарте ки (барои иффати нафс) бо молҳои худ талаб кунед ва онҳоро ба қайди никоҳ дароваред, на зинокунанда (шаҳватронандагон) бошед. Пас, он чиро, ки аз занон баҳра гирифтед, пас ба онҳо маҳрашон, ки фарзу муқаррар карда шудааст, бидиҳед. Ва дар он чӣ розӣ шудед, аз баъди маҳри фарзии муқаррар (зиёд кунед ё кам кунед) бар шумо гуноҳе нест. Ҳаройина, Аллоҳ донову боҳикмат аст.

Ояти мазкур бо ҳарфи вов ибтидо шуда маънои онро дорад, ки дар оятҳои қаблӣ зикри заноне гузашт, ки никоҳашон нораво буда, ин оят давоми онҳост. Яъне ояти мазкур мефармояд, ки агар занҳои мӯҳсина, бо никоҳи шаръӣ дар ихтиёри марде қарор дошта бошанд, барои марди дигаре, никоҳи онҳо раво нест. Шариати исломӣ дар никоҳи ду мард қарор гирифтани як занро қатъиян ҳаром гуфта, манъ намудааст. Ҳатто зани талоқшуда ё шавҳараш вафоткарда, то баромадани иддааш ба шавҳари нав расида наметавонад. Зеро то баромадани идда дар қатори занҳои шавҳардор аст. Аммо дар сурати истисноӣ, мешавад занҳои шавҳардорро ба никоҳ даровард. Сураташ чунин аст: Дар вақтҳои ҷанг байни давлати мусалмон ва давлати куффор, занҳои онҳо ба асорат афтанд, агарчӣ дар ватани худ шавҳар дошта бошанд ҳам, баъди ҳайз диданашон имон оранд, бо саҳиби худ ҳамбистар шаванд, ҳалол аст. Зеро асорат афтодан ҳукми талоқро дорад. Ин фармудаи Аллоҳ аст, на фармудаи касе. Дар чунин ҳукм бояд мусалмон устувор бошад. Аз ҳукмҳое, ки дар китоби Аллоҳ дарҷ гардидаанд, хориҷ нашавад! Ба ғайри он занҳое, ки никоҳашон барои шумо ҳаром буду баён шуд, дигар занҳоро бо додани маҳр, дар қайди никоҳи худ дароред, барои шумо ҳалол аст. Аммо бо роҳи зино ҳаргиз дуруст нест.

Хулоса, ба ғайр аз занони дар ин оят ва оятҳои қаблӣ ном бурда шуда, никоҳи дигар занҳо ба чаҳор шарт ҳалол аст. 1-ум. Аз ҷониби зан ва мард воқеъ шудани иҷобу қабули забонии ошкоро, то ин ки ҳамдигар шунаванд. 2- юм. Адои маҳри занро марди шавҳаршаванда, хоҳ ҳозир хоҳ баъди никоҳ ба ӯҳда гирад. 3 – юм. Мақсад аз ин никоҳ зиндагонии муваққатӣ барои шаҳватпарастии чандрӯза, ё чандмоҳа набуда, балки доимӣ бошад. 4-ум. Анҷоми никоҳ пинҳонӣ набошад, ҳадди ақал ду шоҳид, яъне ду мард ё як марду ду зан гувоҳ бошанд. Зеро, бидуни гувоҳ, шаръан ин никоҳ никоҳ нест. Давоми оят қадри занро баланд бардошта фармудааст, ки агар марде занеро ба қайди никоҳи худ шаръан дарораду аз ӯ (хоҳ кам ё беш), баҳра бардорад, дар додани маҳр фарқе надорад. Бояд мувофиқи он тавофуқе, ки ҳарду расида буданд, агар баъди ҳамбистарӣ бошад, кулли маҳрро, агар қабл аз ҳамбистарӣ бошад, нисфи маҳрро ба занҳо ҳамчу маҳре, ки аз ҷониби Аллоҳ амр шудааст, пардохт кунанд. Магар дар сурати истисноӣ, метавонад мард ҳеҷ чизе аз маҳр надиҳад. Мисол: зани мазкур баъди тавофуқ, локин пеш аз ӯро истифода бурдани мард, даст ба коре занад, ки мӯҷиби фасхи (бекор шудани) никоҳ гардид, яъне аз дини Ислом наъузу биллоҳ барояд ва ғайра…, ки дар китобҳои фиқҳ зикр шудаанд, дар чунин сурат тамоми маҳр аз зиммаи шавҳар соқит аст.

Баъзе муфассирони мутаассиб ин ҷузъи ояти зикршуда, ки дар он калимаи “истамтаътум” омадааст, ба дуруст будани никоҳӣ мутъа (сиға) тафсир кардаанд. Ёдовар мешавем, ки никоҳи мутъа дар ҳолати зарурат, дар аввали Ислом ри


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

воҷ дошт, локин мансух шуд, яъне манъ шуд. Бо ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим (раҳ) аз ҳазрати Алӣ (к) омадааст, ки эшон фармуданд: Расули Аллоҳ (с) дар ғазои Хайбар аз никоҳи мутъа ва аз хӯрдани гӯшти улоғ, (харони аҳлӣ)-ро наҳй фармуданд. Умдатарини ривоятҳо ҳамин аст. Ривояти дигаре дар Саҳеҳи Муслим аз Рабиъ ибни Сабрата бини Маъди ал-Ҷаҳанӣ аз падари худ ривоят кардааст, ки падари ровӣ, яъне Сабрата гуфтааст, ки рӯзи фатҳи Макка ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) дар ғазо ҳозир будам, аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки гуфтанд: “Ай мардум, ман шуморо дар истифода бурдани занҳо бо роҳи никоҳи мутъа иҷозат фармуда будам, акнун Аллоҳтаъоло ин намуд никоҳро то рӯзи қиёмат ҳаром гардонид. Пас, шахсеро аз ин никоҳи мутъа зане наздаш бошад, роҳро холӣ созад ва ҳар чизе ба онҳо дода бошад, барнагардонад.” Дар Саҳеҳи Муслим манъи никоҳи мутъа дар Китоб-ул-аҳком ва бо ҳамин мазмун дар хутбаи “ҳаҷҷатул видоъ” низ ривоят шудааст. (Ибни Касир зимни ояти мазкур с. 417-418).

Дар давоми оят омадааст, ки агар зану мард барои бо ҳам издивоҷ намудан, дар миқдори моле ба тавофуқ расиданд, агар бо розигии ҳамдигар, болои он маҳри муқарраршуда, агар чизеро зиёд кунанд ё чизеро аз маҳр кам кунанд, ҳеҷ гуноҳе нест. Аммо бидуни ризои тарафайн наметавонанд мард чизеро аз маҳр коста ё зан чизеро зиёда кунад. Бояд донист, ки ҳар амреро Худованд барои бандагони Худ шариат гардонид бе ҳикмат нест. Аз он ҷумла, ҳукмҳое, ки вобаста ба никоҳанд, ин ҳама сабаби ҳимояи насаб, бақои насл ва хушбахтии зану мард аст. Агар хиёнат кунанд, Аллоҳ ба суду зиёни онҳо доност. Зеро ҳама амрҳои Ӯ саросар ҳикмат аст. Итоат намудани он амрҳо саодат буда, мухолифати онҳо зиёну хасорати дунё ва охират бошад.

Ояти зер ба шахсоне, ки барои издивоҷ кардан бо занҳои озод моле барои маҳр кифоякунанда надоранд, роҳи дигари ҳамсар интихоб карданро иршод мефармояд.

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)