Тафсири Сураи Нисо Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 25
وَمَنْ لَمْ يَسْتَطِعْ مِنْكُمْ طَوْلًا أَنْ يَنْكِحَ الْمُحْصَنَاتِ الْمُؤْمِنَاتِ فَمِنْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ مِنْ فَتَيَاتِكُمُ الْمُؤْمِنَاتِ ۚ وَاللَّهُ أَعْلَمُ بِإِيمَانِكُمْ ۚ بَعْضُكُمْ مِنْ بَعْضٍ ۚ فَانْكِحُوهُنَّ بِإِذْنِ أَهْلِهِنَّ وَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ مُحْصَنَاتٍ غَيْرَ مُسَافِحَاتٍ وَلَا مُتَّخِذَاتِ أَخْدَانٍ ۚ فَإِذَا أُحْصِنَّ فَإِنْ أَتَيْنَ بِفَاحِشَةٍ فَعَلَيْهِنَّ نِصْفُ مَا عَلَى الْمُحْصَنَاتِ مِنَ الْعَذَابِ ۚ ذَٰلِكَ لِمَنْ خَشِيَ الْعَنَتَ مِنْكُمْ ۚ وَأَنْ تَصْبِرُوا خَيْرٌ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ ٢٥
Ва ма-л лам ястатиъ минкум тавлан ан-янкиҳа-л муҳсаноти-л-муъминоти фа мим мо малакат аймонукумм мин фатайотикуму-л-муъминот. Валлоҳу аъламу би имоникум баъзукум-м мин баъз. Фанкиҳуҳунна би изни аҳлиҳинна ва отуҳунна уҷураҳунна би-л-маъруфи муҳсанотин ғайра мусофиҳоти-в ва ло муттахизоти ахдон. Фа иза уҳсинна фа ин атайна би фоҳишатин фа ъалайҳинна нисфу мо ъала-л-муҳсаноти мина-л ъазоб. золика ли ман хашия-л-ъаната минкум. Ва ан тасбиру хайру-л-лакум. Валлоҳу Ғафуру-р Раҳим. 25.
25. Ва шахсе аз шумо қудрат надорад, то ин ки озодзанҳои мусалмонро ба никоҳ дарорад, пас, аз он чӣ дастҳои шумо молик аст, аз канизаконе ки муъмина бошанд, никоҳ кунанд (боке нест). Ва Аллоҳ ба имондории шумо донотар аст. Баъзеи шумо аз ҷинси баъзе (аз як пайкар)-аст. Пас, онҳоро ба иҷозати соҳибонашон никоҳ кунед ва маҳрашонро бо роҳи писандида бидиҳед (дар ҳоле ки) покдоман бошанду на шаҳватпарасти зинокунанда ва на гирандагони дӯсти пинҳонӣ. Чун онҳо дар қайди никоҳ даромаданд, пас агар кори фаҳш (зино) кунанд, ҷазои онҳо ними ҷазое, ки бар озодзанҳост. Никоҳи канизон барои касест, ки аз вайронгардӣ метарсад. Ва агар сабр кунед, барои шумо беҳтар аст. Ва Аллоҳ омурзгору меҳрубон аст.
Аллоҳтаъоло дар ин оят мардонеро, ки мехоҳанд издивоҷ кунанд, иршод мефармояд, ки агар имконият доранд, бояд бо занҳои озоди покдомани мусалмон издивоҷ кунанд. Албатта, мувофиқи фармони Аллоҳ издивоҷи занҳои озод беҳтар аст. Аммо касоне, ки қудраташон ба додани маҳр ва нафақаи зани озод намерасад, агар хоҳанд, бо канизакзанҳое, ки зоҳиран муъмина ҳастанд, издивоҷ кунанд. Зеро маҳри онҳо ва нафақаи онҳо нисбат ба озодзанҳо сабуктар аст. Ояти мазкур дар ҳолати зарурӣ мардонро ба никоҳи канизакон ҷалб намуда, мефармояд, ки имони шумо нисбат ба ғуломҳо зиёд аст ё кам, инро ва ҷамии сирҳои ботиниро Аллоҳ медонад. Шумо ба зоҳири рафтори онҳо кифоя кунед. Мумкин аст имони баъзе аз канизакон, аз имони озодзанҳо дар пешгоҳи Худованд беҳтар бошад. Шумо ҳамаатон чӣ ғулом, чӣ озод, аз як пайкари пок, яъне аз Одам (а) ба вуҷуд омадаед. Аз никоҳи онҳо дар ҳолати зарурӣ ор накунед. Бисёр канизакон ҳастанд, ки аз озодзанҳо дида дар имондорӣ хубтаранд. Назди Аллоҳ мартабаи мардум чӣ озод бошад, чӣ ғулом, на бо аслу насаб, балки бо фазли имон баркашида мешавад. Шарт ин аст, ки шумо онҳоро бо иҷозати соҳибонашон бо хушӣ, бо роҳи писандида ва бо майлу хоҳиши онҳо издивоҷ кунед ва маҳрҳояшонро ба худашон диҳед. Бидуни иҷозаи соҳибонашон никоҳи онҳо ботил аст. Шарти сиҳати никоҳ бо онҳо ин аст, ки бояд покдоман бошанду ошкоро зиногар ва пинҳонӣ рафиқбоз набошанд. Пас, чун канизакеро ба қайди никоҳи худ даровардед, рафту даст ба кори фоҳиша зад, яъне зино кард, метавонед ӯро ба ҷазо кашед. Ҷазои чунин канизакон нисфи ҷазои занҳои озод аст. Чуноне ки гуфта шуд 50 дарра (тозиёна) зада мешавад, ки ин нисфи ҷазои зани озодаст. Агар никоҳи саҳеҳро дида бошад ҳам, азбаски сангсор нисф надорад ҷазои ӯ низ 50 тозиёна аст. Ҳол он ки зани озоди ба никоҳи саҳеҳ шавҳардидаро чунин ҳолат рӯйи диҳад, то мурдан ӯро сангсор карда мешавад. Ҷазои марди озод мисли зани озод аст ва ҷазои ғуломмард ҳам мисли канизак аст.
Дар давоми оят омада, ки издивоҷ бо канизак барои касе аз шумо рухсат аст, ки хароҷоти зани озодро надорад ва мумкин дар гуноҳ (зино) даст занад. Бо вуҷуди ин гуна машаққат Аллоҳ мефармояд, ки агар сабр кунед, (то ин ки фарзандони шумо ғуломи касе нашаванд), ин барои шумо беҳтар аст. Аллоҳтаъоло барои сабркунандагон ғафуру раҳим аст, лағзишҳои шуморо меомурзад ва он чиро, ки сабаби машаққат аст, бо раҳма
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
ти Худ аз шумо дур месозад.
Акнун чанд масъала оиди никоҳи канизакон. Назди Имом Шофеъӣ (раҳ) ва ғайраҳу, агар марде барои зани озод гирифтан қудрати иқтисодӣ дошта бошаду канизакеро издивоҷ кунад, никоҳи чунин шахс бо канизак ҳаром шуморида шудааст. Имом Абӯҳанифа (раҳ) гуфтааст, ки дар чунин сурат ҳаром нест, локин макрӯҳи танзиҳист. Аксари уламо никоҳи канизакро дар ҳолати зарурӣ, ҷоиз медонанд, аммо Имом Абӯҳанифа онро афзал шуморидааст. Назди тамоми имомҳо касе зани озод дар никоҳ дошта бошад, болои ӯ канизакеро ба никоҳи худ дарорад, ҳаром аст.
Дар охир, бо овардани ҳадисе аз Расулуллоҳ (с) шарҳи маънои ояти мазкурро ба поён мебарем. Ибни Моҷа аз Анас (р) ҳадиси марфуъеро ривоят кардааст: “шахсе хоҳад, ки фардо рӯзи қиёмат поку покиза ба Аллоҳ рӯ ба рӯ шавад, бояд занҳои озодро ба никоҳ гирад.”
Дар оятҳои баъдӣ, сабаби ҳукмҳое, ки дар ояти қаблӣ омадаанд, баён мешавад.