Сураи Нисо Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 26

يُرِيدُ اللَّهُ لِيُبَيِّنَ لَكُمْ وَيَهْدِيَكُمْ سُنَنَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ وَيَتُوبَ عَلَيْكُمْ ۗ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ ٢٦

Юридуллоҳу ли юбаййина лакум ва яҳдиякум сунана-л-лазина мин қабликум ва ятуба ъалайкум. Валлоҳу Ъалимун ҳаким. 26.

26. Аллоҳ мехоҳад, то барои шумо баён кунад ва шуморо ба роҳи касоне ҳидоят кунад, ки пеш аз шумо буданд ва шуморо бибахшояд ва Аллоҳ донову боҳикмат аст.

Ояти мазкур насибаи хуби мусалмонон буда, дар он Аллоҳ мехоҳад барои шумо баён кунад, ки ай муъминон, мақсад аз зикри ҳукмҳое, ки дар ин сура ё дар ғайри ин сура, чӣ аз ҳалол ва чӣ аз ҳаром, чӣ ҳақ ва чӣ ботил он аст то бидонед, ки он баёншудаҳо роҳу равиш ва шариати ҳамидаи пайғамбарони пешин аст. Мақсади дигар ин аст, ки ин роҳро барои шумо насиб гардонад ва ба ин роҳу ин сифатҳои ҳамида шуморо ҳидоят кунад. Чун шумо ба ин роҳи писандида ва шариати пайғамбарон ҳидоят шудед ва аз гуноҳҳои содиршуда ва аз ҳаромкардаҳо даст кашидеду тавба намудед, Худованд тавбаи шуморо мепазирад. Зеро Аллоҳ ончиро, ки барои шумо тадбиру шариат гардонидааст, хуб донандааст ва ин ҳама ҳикмати Ӯст. Агар бо роҳу равиши пайғамбарон (а) мухолифат кунед, аз бахшоиш ва омурзиши Аллоҳ бебаҳра мемонед.

Ояти зер, иншоаллоҳ, ин муқаддимаро давом медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)