Тафсири Сураи Нисо Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 27
وَاللَّهُ يُرِيدُ أَنْ يَتُوبَ عَلَيْكُمْ وَيُرِيدُ الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الشَّهَوَاتِ أَنْ تَمِيلُوا مَيْلًا عَظِيمًا ٢٧
Валлоҳу юриду ан-ятуба ъалайкум ва юриду-л лазина яттабиъуна-ш-шаҳавоти ан тамилу майлан ъазимо. 27.
27. Ва Аллоҳ мехоҳад, ки тавбаи шуморо қабул фармояд. Ва ононе ки пайрави шаҳватҳоянд, мехоҳанд ки шумо (ба бадиҳо) сахт майл кунед.
Баъзе муфассирони киромӣ гуфтаанд, такрор омадани ҷузъи ояти қаблӣ “Ва ятубу ъалайкум” таъкид бар он аст, ки раҳмату меҳрубонии Аллоҳтаъоло барои бандагони Худ бисёр васеъ аст. Мақсад он аст, ки Аллоҳ мехоҳад шуморо бо иҷрои ҳукмҳои шариат тавба диҳаду ба роҳи рост бозгардонад. Шуморо ба чизе далолат кунад, ки ба сӯи Аллоҳ бозгардед, тавбаи шуморо қабул фармуда, аз гуноҳ покатон созаду бо раҳмати васеи Худ ба сӯи шумо бозгардад. Аммо онҳое, ки пайрави шаҳватҳо буда, аз роҳи ҳаққ ба сӯи ботил равону фосиқу фоҷиру зинокору кофиранд, мехоҳанд, шумо ба роҳи зулму ситами фасодолудаи онҳо бисёр майл кунед ва ба ҳеҷ қайду банди шаръӣ пойбанд набошед. Мехоҳанд, фақат бадкориҳои онҳоро анҷом диҳеду на фикри ҳалолкардаи Аллоҳро дошта бошед ва на фикри ҳаромкардаҳои Ӯро. Як назар ба муҳити атрофи мо, барои шахси хирадманд кифоят аст, ҳоҷат ба баён нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «