Тафсири Сураи Нисо Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 28
يُرِيدُ اللَّهُ أَنْ يُخَفِّفَ عَنْكُمْ ۚ وَخُلِقَ الْإِنْسَانُ ضَعِيفًا ٢٨
Юридуллоҳу ан-юхаффифа ъанкум. Ва хулиқа-л-инсону Заъифо. 28.
28. Аллоҳ мехоҳад аз шумо (корро) сабук кунад. Ва (зотан) инсон заиф (нотавон) офарида шудааст.
Ақидаи саҳеҳ ин аст, ки Аллоҳтаъоло инсонро Худ халқ кардааст ва хусусиятҳои ӯро хубтар медонад. Яъне барои инсон он барномаеро тартиб додааст, ки дар ҳама ҳол безарару бе зиён аст. Агар аз рӯи инсоф баҳо диҳем, таҷрибаҳо нишон додаанд, ки барномаҳое, ки инсонҳо барои худ тарҳрезӣ мекунанд, дар бисёр ҳолатҳо зиёноваранд. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло зимни ин оят фармудааст, ки Мо ҳарчиро барои инсон ҳамчу шариат тақдир намудем, дар ҳама ҳол мувофиқи тоқату бардошти ӯ аст. Барои ӯ сабукиро ирода намудаем. Зеро инсон дар як ҳолати заифӣ халқ карда шудааст. Яъне ҳиммату азму иродаи нафси инсон заъиф аст. Аллоҳтаъоло, хислату заъфи инсонро медонад, бори сангинро аз дӯши ӯ дар ҳолатҳои зарурӣ сабук сохт ва он чи тақозои ҳоҷати инсон буд, (хусусан дар ҳолатҳои зарурӣ) ба ӯ (с)-ро иҷозат фармуд. Аз заъифии нафси инсон аст, ки агар назди занҳои хубсурат ҳозир шавад, дигар ақле, ки дорад, рафтори ӯро идора карда наметавонад ва ӯ ба васвасаҳо дода мешавад. Бинобар ин шахсе, агар моли казоие надорад, ки зани озод гирад, иҷозат шуд то ӯ ғуломзан гираду даст ба фитнаву фасод назанад. Бо риояи ин роҳи шаръӣ инсони бохирад метавонад аз ғалабаи инқилоби ҷинсӣ, ки натиҷаи онро дарди бедавое чун норасоии масунияти бадан, яъне СПИД мегӯянд, худро наҷот диҳад ва сарсони дунёву охират нашавад.
Дар оятҳои қаблӣ ҳукми масъалаҳое, ки оиди оиладорӣ буданд, бо услуби ин сура баён шуданд, оятҳои баъдӣ аз муносибате, ки байни ҷамъият бо воситаи иқтисод сурат мегирад, хусусан аз молу мулки занҳо хабар медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «