Сураи Нисо Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 32

وَلَا تَتَمَنَّوْا مَا فَضَّلَ اللَّهُ بِهِ بَعْضَكُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ ۚ لِلرِّجَالِ نَصِيبٌ مِمَّا اكْتَسَبُوا ۖ وَلِلنِّسَاءِ نَصِيبٌ مِمَّا اكْتَسَبْنَ ۚ وَاسْأَلُوا اللَّهَ مِنْ فَضْلِهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا ٣٢

Ва ло татаманнав мо фаззалаллоҳу биҳо баъзакум ъало баъз. Ли-р риҷоли насибу-м мим мактасабу ва ли-н-нисаи насибу-м мим мактасабн. Вас-алуллоҳа мин фазлиҳ. Инналлоҳа кона би кулли шай-ин Ъалимо. 32.

32. Ва шумо он чиро таманно макунед, ки Аллоҳ ба он баъзеи шуморо бар баъзе бартарӣ бахшидааст. Барои мардон аз он чи касб кардаанд, ҳиссае ҳаст ва барои занон аз он чӣ касб кардаанд, ҳиссае ҳаст. Ва аз Аллоҳ фазл(бахшиш)-и Ӯро дархост кунед! Ҳаройина, Аллоҳ бар ҳар чиз доно аст.

Сабаби нузули ояти мазкурро муфассирони олиқадр бо истифода аз ҳадисҳои гуногун тафсир карда бошанд ҳам, аммо ҳеҷ яке аз онҳо бо ҳам мухолиф нестанд. Аз он ҷумла, аз Ашъас ибни Исҳоқ ва дар охир, аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки зане ба назди Расулуллоҳ (с) омада гуфт: “Ё Расулаллоҳ, чист, ки аз моли мерос ҳиссаи як мард баробари ду зан аст, шаҳодати ду зан баробари як мард аст ва дар савоби кор ҳам инчунин, яъне агар зане кори хуберо аз моли шавҳараш анҷом диҳад, барои ӯ нисфи онро чун подош дар девони аъмолаш навишта мешавад? Дар ин асно (бо ривояти аввал ё сонӣ), ояти мазкур нозил шуд ва дар он Худованд бандагони худро ба роҳи рост иршод намуда фармуд, ки агар шахсеро Аллоҳтаъоло чи дар кори динӣ ва чи кори дунявӣ нисбат ба дигарон шарафу фазл, ихтисосу имтиёз бахшад, шумо ҳасад нахӯред! Ҳисса музду савоби мардону занон, аз он чи дар ин дунё мувофиқи хости худ касб кардаанд, ба таври комил муқаррар аст, бе каму кост ба онҳо чунон мерасад, ки дигар мавқеи шикоят намемонад. Агар шумо аз ин ки Аллоҳтаъоло бо ҳикмат ва меҳрубонии Худ касеро бартарию фазилате бахшидааст, ҳирсу ҳасад кунед, кори беҳудааст. Ба ҷои ин худ дар иҷрои амалҳои писандида талош кунед ва фазли васеи Худовандро хоҳон бошед, зеро фазли Худованд ниҳоят васеъ аст. Чуноне, ки ҳадиси шариф ба ин ишора дорад: “Агар дар амал кӯшед, ба шумо арзонӣ медорад”. Дар ҳадиси ривояткардаи Имом Тирмизӣ бо ривояти Ибни Масъуд (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Салуллоҳа мин фазлиҳи фаинналлоҳа юҳиббу ан усъала ва инна фазлал ибодати интизорул фараҷӣ”. “Аз фазли Худованд дархост кунед, зеро Ҳақтаъоло дӯст дорад, ки мавриди дархост қарор гирад ва беҳтарини ибодат интизори кушоиш аст”. Бинобар ин, инсон агар хоҳони фазли илоҳӣ бошад, онро бояд бо амалу кирдори хубу ҳасана ҷӯё шавад, на бо ҳасад. Аллоҳтаъоло ба ҳама чиз доност, кадом кас (хоҳ зан, хоҳ мард), лоиқи кадом мартаба аст, бо илми қадими хеш медонад ва мувофиқ ба он, ба ӯ муомила мекунад.

Ояти зер, бори дигар баъзе масъалаҳои моли меросро баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)