Тафсири Сураи Нисо Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 33
وَلِكُلٍّ جَعَلْنَا مَوَالِيَ مِمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالْأَقْرَبُونَ ۚ وَالَّذِينَ عَقَدَتْ أَيْمَانُكُمْ فَآتُوهُمْ نَصِيبَهُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدًا ٣٣
Ва ли куллин ҷаъално маволия мим мо тарака-л-волидони ва-л-ақрабун. Ва-л лазина ақадат аймонукум фа отуҳум насибаҳум. Инналлоҳа кона ъало кулли шай-ин Шаҳидо. 33.
33. Ва барои ҳар кас аз он чӣ (меросе) мондааст, ворисонашро, чун модару падар ва наздикон, муқаррар гардонидем ва ба касоне ки аҳду паймон бастаед, насибаашонро бидиҳед. Ҳаройина, Аллоҳ бар ҳама чиз гувоҳ аст.
Ояти мазкур бори дигар оятҳои қаблиро, ки дар боби моли мерос сухан намуданд, хулоса намуда, меросбарии хешовандонро баён карда фармудааст, ки барои ҳар кас (хоҳ ӯ зан аст, ё мард), меросбароне вуҷуд дорад, бояд онҳо аз хешвандонашон бо тартиби муносиб мерос баранд. Яъне ҳар молеро, ки падар ё модар ё наздикон баъди вафоташон мегузоранд, бояд мувофиқи қонуни тақсимоти моли мерос байни хешовандон тақсим шавад. Ҷумлаи зикршуда, валлоҳу аълам, барои ҷумлаи баъдӣ ҳамчу муқаддима буда, дар ҷумлаи сонӣ фармудааст, ки ба ғайри меросбарон шахсе бо касе паймон баста бошад, аз моли мерос бояд насибаашро гирад. Чунонеки дар садри Ислом ҳам аҳду паймонбандӣ байни саҳобагони қурайшӣ ва ансор чунин ба сомон расида буд, ки онро “муволот” мегуфтанд. Яъне то авлодашон мусалмон шудан, яке аз онҳо мегузашт, аз ҳамдигар мерос мебурданд. Ё ғуломе озод шавад, ба ғайри хоҷааш агар меросбаре надошта бошад, инро ҳам “муволот” мегӯянд. Ё ду шахс бо ҳам бародарвор паймон банданд, ки агар яке аз онҳо ҷиноят кунад, они дигар қимати ҷиноятро пардохт кунад ва агар яке аз онҳо вафот кунад, они дигар аз ӯ мерос барад, инро ҳам “муволот” мегӯянд.
Хулоса, он аҳду паймони бародарие, ки пеш аз Ислом вуҷуд дошту онҳо аз ҳамдигар мерос мебурданд, шариати исломӣ дар аввал онро радд накард, балки онро бо расмият шинохт. Чун оятҳои мерос нозил шуд ва дар онҳо фармуд, ки меросро фақат табақоти хешовандону наздикон баранд, дар ин асно савол пайдо шуд, ки бо аҳду паймон аз ҳамдигар мерос бурданро, ки ҳатто бо қасам таъкид шудааст, чӣ кор кардан лозим? Ба ин савол ояти мазкур ҷавоб дода фармудааст, ки ҳар аҳду паймоне, ки пеш аз нозил шудани ояти мерос баста бошед, ба он амал кунед, онҳоро аз моли мерос диҳед, дигар дар ин бора аҳди нав набандед. Локин, чун ояти 75-уми сураи “Анфол” “Ва улул арҳоми” нозил шуд, бо аксари ривоятҳо ҷузъи ояте, ки ба мерос бурдани шахси ҳампаймон таъкид менамуд, мансух шуд. Аммо бо ҳукми ояти 6-уми сураи “Аҳзоб” барои ҳампаймон, агар васияте шуда бошад, аз се яки моли васиятшуда боқӣ монд. Шарҳи бештари ин мавзӯъ дар китобҳои фиқҳӣ дар боби мерос, иншоаллоҳ, хубтар баён шудааст. Сипас, дар охири оят, Аллоҳтаъоло яке аз сифатҳои худро баён намуда, фармудааст, ки агар шумо дар додани ҳиссаи мероси ҳамдигар кӯтоҳӣ кунед, ё ҳаққи онҳоро комилан адо накунед, дар ҳама ҳол Аллоҳтаъоло бар ҳама корҳои шумо шоҳиду нозир, донандаи ошкору ниҳон ва бар ҳар муомила ва аҳду паймоне, ки инсонҳо бо ҳам мебанданд, гувоҳ аст. Инсони хирадманд дар баробари ба ҳама сифатҳои Аллоҳтаъоло имон овардан, ба ин сифати Аллоҳтаъоло, ки худро бо калимаи “Шоҳид” ном бурдааст, имон меорад, дар ниҳону ошкор Аллоҳро ҳозиру шоҳид медонад ва ҳар паймонеро, ки бо дигаре мебандад, ҳамчу шахси мусалмон иҷро мекунад, дар сурати аҳдшиканӣ худро дар маърази ҳушдор ва муҷозоти Аллоҳтаъоло медонад.
Дар оятҳои оянда аз муаммоҳои оилавӣ ва тартиби он, сухан меравад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «