Сураи Нисо Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 34

الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ بِمَا فَضَّلَ اللَّهُ بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ وَبِمَا أَنْفَقُوا مِنْ أَمْوَالِهِمْ ۚ فَالصَّالِحَاتُ قَانِتَاتٌ حَافِظَاتٌ لِلْغَيْبِ بِمَا حَفِظَ اللَّهُ ۚ وَاللَّاتِي تَخَافُونَ نُشُوزَهُنَّ فَعِظُوهُنَّ وَاهْجُرُوهُنَّ فِي الْمَضَاجِعِ وَاضْرِبُوهُنَّ ۖ فَإِنْ أَطَعْنَكُمْ فَلَا تَبْغُوا عَلَيْهِنَّ سَبِيلًا ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيًّا كَبِيرًا ٣٤

Ар-риҷолу қаввомуна ъала-н-нисаи би мо фаззалаллоҳу баъзаҳум ъало баъзи-в ва би ма анфақу мин амволиҳим. Фа-с-солиҳоту қонитотун ҳофизоту-л лил ғайби би мо ҳафизаллоҳ. Ва-л-лати тахофуна нушузаҳунна фа ъизуҳунна ваҳҷуруҳунна фи-л-мазоҷиъи вазрибуҳунн. Фа ин атаънакум фа ло табғу ъалайҳинна сабило. Инналлоҳа кона ъалийян кабиро. 34.

34. Мардон, ба сабаби он, ки Аллоҳ баъзе аз онҳоро бар баъзеашон фазл (бартарӣ) додааст ва ба сабаби он ки мардон аз молҳои хеш (бар занон) нафақа медиҳанд, бар занон сарпарасту роҳбаранд. Пас, занони некӯкору покдоман фармонбардоранду дар набудани шавҳарони худ нигоҳдорандаи худ ва молҳои шавҳар ва нигоҳдорандаи чизеанд, ки Худо онҳоро нигоҳ доштааст. Ва занонеро, ки аз бадхӯияшон метарсед, онҳоро панд диҳед ва пас, онҳоро дар хобгоҳ ҷудо кунед ва онҳоро адаб диҳед, пас, агар онҳо шуморо итоат кунанд, дигар роҳи таъаддӣ (таҷовуз)-ро маҷӯед. Ҳаройина, Аллоҳ аз ҳама баландмартабаву бузургқадр аст.

Тартибу низоми ҳар як оила, агарчанде хурд бошад ҳам, ба як ҷомеаи бузурге, ки таҳти фармони як роҳбар итоат доранд, шабоҳат дорад. Бинобар ин, ҳар як оила бояд як роҳбар ё як сарпараст дошта бошад. Агар роҳбари оила ҳам марду ҳам зан бошад, чандон натиҷаи хубе надорад. Хулоса, хоҳ мард ё зан, бояд яке аз онҳо раиси оила ва они дигар ҳамчу муовин ва таҳти назорати раис бошанд. Акнун, ояти мазкур кушоду равшан мегӯяд, ки мақоми сарпарастии оила ба мард дода шавад. Мард бояд нигаҳбонии оиларо ҳамчу роҳбар ба ӯҳда дошта бошад. Инби Касир (р) дар тафсири калимаи “Қаввомун” мегӯяд: “Мард бояд болои зан ҳоким бошад ва агар зан каҷравӣ кунад, одобдиҳандаи ӯ бошад ва зан ба он амри писандидае, ки шавҳараш медиҳад, (то ин ки рӯзгори онҳо ба ҳараҷу мараҷ накашад), бояд итоаткунанда бошад.” Сабаб он аст, ки Аллоҳтаъоло бархе аз мардумро бар баъзе бартарӣ додааст. Ин тарзи баён аз тарафи омма нодуруст фаҳмида мешавад. Яъне зан ва мард назди Худованд асосан ҳуқуқ ва вазифаҳои баробар доранд. Дар навбати худ байни марду зан аз лиҳози офариниш, дар сохти ҷисмонӣ, дар раванди физиологии организм, дар сохтори равонӣ (психологӣ) фарқиятҳо ҳастанд. Ин фарқиятҳо асосҳое ҳастанд, ки инсониятро ба ду гурӯҳ мардҳо ва занҳо ҷудо мекунанд. Дар натиҷа, вобаста ба имкониятҳои фитрӣ дар баъзе мавридҳо Худованд барои занҳо ҳангоми адо кардани ибодатҳо сабукӣ додааст, ки он сабукиҳо барои мардҳо нест. Дар навбати худ Худованд дар иҷроиши баъзе корҳо ба мардҳо фазл (бартарӣ) дод. Масалан, ҳимояи зану фарзандон аз таҷовузгар ва золим, иҷро намудани корҳои вазнин ва хавфнок ва ғайра. Ин сабаби аввали итоаткунанда будани зан аст. Сабаби дувум он аст, ки Худованд мардро вазифадор гардонидааст, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва моддӣ таъмингари зан бошад, мисли таъмин бо хонаву ҷой, хӯрок, либос ва дигар эҳтиёҷоти зан ва фарзандон. Бинобар ин, зан бояд роҳбар ва сарпараст будани мардро эътироф кунад. Занони порсо ва худотарси шоиста, доимо фармонбардори шавҳарони худ ҳастанд. Дар ғоиби шавҳари худ мувофиқи ҳукми илоҳӣ, ки риояи он воҷиб аст, барои ризогии Аллоҳ ва барои ризои шавҳари худ дар навбати аввал номуси худро нигоҳ медоранд ва ҳамчунин молу хонаву дар ва фарзандони шавҳари худро ҳифзу ҳимоя мекунанд ва ҳаргиз ба хиёнат роҳ намедиҳанд. Дар ҳадиси Расулуллоҳ (с) барои чунин занҳое, ки сифаташон гузашт, бисёр муждаи хурсандкунандае омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Беҳтарини занон занест, ки чун ба сӯи ӯ бингарӣ, туро шод созад ва чун ба ӯ дастур диҳӣ аз ту фармон барад ва чун аз вай ғоиб шавӣ, туро ва моли туро дар нафси худ ҳифз кунад”. Бале, кадом занҳое, ки сифати шоистагӣ доранд, амрҳои зикршударо риоя мекунанд.

Дар давоми оят, Худованд фармудаст, ки агар аз бадхӯии зан хавф баред, масалан занҳое ҳастанд, ки мехо


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

ҳанд, саркашу нофармони шавҳар бошанд, бе ягон узр шавҳарро итоат намекунанд, бидуни иҷозаи шавҳар аз хона берун мешаванд ва ҳоказо…, пас чунин занҳоро дар навбати аввал бояд панду насиҳат кард. Яъне он чиро, ки Худои азза ва ҷалла бар ӯҳдаи онҳо гузоштааст, фаҳмонад, ба ёдашон орад, насиҳат кунад ва аз гуноҳи нофармонии шавҳар, ки дар ҳадисҳо омадааст, бимаш диҳад. Масалан гӯяд, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Агар ман метавонистам, ки гӯям инсон инсонеро саҷда кунад, бояд дар навбати аввал мефармудам, зан шавҳари худро саҷда кунад”. Аз мазмуни ин ҳадис ҳаққи шавҳар барои занҳои порсо маълум гардид. Ин аввалин роҳи ҳалли мушкилот байни зану мард буд. Агар зан баъди чунин панду насиҳат саркашии худро идома диҳад, мард бояд барои ҳалли мушкилот роҳи дувумро ба пеш гирад. Яъне мард аз хобгоҳи чунин зан бояд муваққатан дур истад, то муддате бо ӯ омезиши ҷинсӣ накунад. Шояд зани бадхӯ ба худ ояд. Агар ин гуна амалҳо барои зани бадхӯ таъсир набахшад, роҳи сеюмро, чунонеки амри Аллоҳ аст, барои ҳалли мушкилоти худ ба пеш гирад. Ин восита, дар ҳолати ноилоҷӣ истифода мешавад. Яъне ояти мазкур фармудааст, ки ӯро бизанед! Задан чунон бошад, ки мақсад аз он адабу ислоҳ бошад, на задане, ки шиканад ва ё озори сахти онҳо бошад, ё асаре аз он дар бадан монад. Агар онҳо бо таври бояду шояд фармонбардор шаванд, бадхӯии худро фурӯ гузоранд, дигар бо гуфтору кирдори худ, дар дилҳои худ кина нагиред, барои нохуш сохтани онҳо гуноҳҳои гузаштаи онҳоро кофтуков накунед. Балки ба ҷои зикри корҳои гузашта, барои онҳо оғӯши муҳаббатро во кунед, дар ҳар коре, ки бошад, барои онҳо баҳонагирӣ ва зиёдравӣ накунед. Чун дил дар ихтиёри онҳо нест, бо маҷбурӣ онҳоро таклифи ину он накунед, то онҳо худ бо шумо изҳори муҳаббат кунанд. Қудрати Худои таъолоро ба ёд оред, зеро бе гумон, Аллоҳтаъоло нисбати шумо болои занҳо баландмартабаву бузург аст. Бинобар ин, бар занҳо ситам накунед, гуноҳи онҳоро бар дил нагиред, аз Аллоҳ битарсед, дар муомилаҳои занҳо бадгумон набошед, ба гуноҳи андак онҳоро ҷазои сахт надиҳед. Агар бе ягон сабаб бар онҳо ҷабр кунед, Худованд олию бузург аст, бар шумо ҷазои зулми кардагиатонро мерасонад. Дар ҳадисе Ҳайра ал-Қушайрӣ аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд, ки ё Расулуллоҳ (с) ҳаққи занҳо бар мо чист? Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб гуфтанд: “Агар таъом хӯрӣ, ӯро аз таъомат хӯрон, агар либосе пӯшӣ, ӯро низ либос пӯшон, дар рӯи ӯ мазан, суханҳои таҳқиромез ба ӯ магӯй, ӯро тарк намуда, ҳиҷрат накун”. Чунин ҳадисҳо дар бораи ҳурмати занҳо бисёр аст.

Хулоса, табиатан занҳо чунин аст, ки бо ҳар баҳона тез ба эҳсосот дода мешаванд, назди шавҳарони худ бо баҳонаҳои андак ноитоатӣ ё беодобӣ изҳор мекунанд. Чун андак гузарад, ба худ оянду итоати худро идома диҳанд, дигар алайҳи онҳо чора дидан, зарурат надорад.

Мумкин, ки бо чораҳои мазкур муаммоҳои оилавӣ ҳал нашаванд, роҳи ҳалли ин мушкилотро ояти зер, иншоаллоҳ, бо дигар навъ баён мекунад.

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)