Сураи Нисо Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 38

وَالَّذِينَ يُنْفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ رِئَاءَ النَّاسِ وَلَا يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَلَا بِالْيَوْمِ الْآخِرِ ۗ وَمَنْ يَكُنِ الشَّيْطَانُ لَهُ قَرِينًا فَسَاءَ قَرِينًا ٣٨

Ва-л-лазина юнфиқуна амволаҳум риаа-н-носи ва ло юъминуна биллоҳи ва ло би-л-явми-л-охир. Ва ма-н якуни-ш-шайтону лаҳу қаринан фа саа қарино. 38.

38. Ва ҳамчунин, касонеро, ки барои нишон додан ба мардум молҳояшонро харҷ мекунанд ва ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон намеоранд, (дуст надорад). Ва касе, ки шайтон ёри ӯ бошад, пас шайтон чӣ ёри бад аст!

Дар ин оят сифати он касоне, ки Аллоҳ онҳоро дӯст намедорад, идома дошта фармудааст, ки онон, ки дар асл мутакаббиранду бахил моли худро дар роҳи Аллоҳ сарф намекунанд, агар сарф ҳам кунанд, сарфашон на барои ризои Аллоҳ аст, балки барои фахру шӯҳрату риёст, то мардум бинанду таърифашон кунанд ва сахию дасткушодашон гӯянд, то ба ин унвон машҳур шаванд. Аллоҳ чунин тоифаро дӯст намедорад. Зеро сифатҳои номбурда, сифати шахси мусалмон нест, балки, сифати мунофиқону кофирон аст, ки онҳо ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон (боварӣ) надоранд. Сабабу асоси ин ҳама амалҳои номбурда ин аст, ки чунин шахсон ба васвосу барномаи пешниҳодкардаи шайтон даромада, ёвари шайтон шудаанд. Бинобар ин, ҷумлаи охири ин оят барои чунин шахсон ваъид буда фармудааст, ки касоне, ки шайтонро ҳамдаму дӯст ва рафиқи худ интихоб намудаанд, бисёр рафиқи бадеро ҳамнишин шудаанд. Он рафиқи бад дар сарнавишти онҳо таъсири номашруъ расонида, онҳоро ба вартаҳои ҳалокат, бухлу фахрфурӯшӣ, худситоӣ ва сарфи мол барои ҳадафи риё ва хоҳишоти нафс кашонда, аз сарфи мол дар роҳи ҳақ маҳрум намуда, молашонро талаф додааст. Дар ҳадиси шариф омадааст: “Соҳибмоле, ки молашро ба хотири он сарф мекунад, ки то ба ӯ гуфта шавад: фалон фард сахӣ аст, дар зумраи аввалини он се тоифае аст, ки оташ дар рӯзи қиёмат бар онон шӯълавар мешавад”.

Дар ояти баъдӣ як навъ изҳори таассуф барои ҳоли ин гурӯҳ омада фармудааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)