Тафсири Сураи Нисо Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 39
وَمَاذَا عَلَيْهِمْ لَوْ آمَنُوا بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَأَنْفَقُوا مِمَّا رَزَقَهُمُ اللَّهُ ۚ وَكَانَ اللَّهُ بِهِمْ عَلِيمًا ٣٩
Ва мо зо ъалайҳим лав оману биллоҳи ва-л-явми-л охири ва анфақу мим мо разақаҳумуллоҳ. Ва коналлоҳу биҳим Ъалимо. 39.
39. Ва агар ба Аллоҳ ва ба рӯзи растохез имон меоварданд ва аз он чӣ онҳоро Аллоҳ додааст, харҷ мекарданд, бар онҳо чӣ зарар буд? Ва Аллоҳ ба (кирдори) онҳо доно аст.
Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло шахсонеро, ки сифаташон дар оятҳои қаблӣ гузашт, бори дигар мазаммату сарзаниш намуда, бо саволи инкорӣ аз онҳо мепурсад, ки агар онҳо ба ҷои куфр ба Аллоҳу ба рӯзи қиёмат имон меоварданд ва ба ҷои бухлу риё дар роҳи ризои Аллоҳ аз хулуси ният аз он рӯзие, ки Аллоҳ ба онҳо додааст, сарф мекарданд ва илму донишеро, ки Аллоҳ ба онҳо арзонӣ дошта буд, пинҳон накарда, ба мардум мерасониданд, бо ин роҳ саодат ва некбахтии дунё ва охирати худро касб менамуданд, ба онҳо чӣ зарар мерасид??! Инсоне, ки дар роҳи дину имон саъй кунад ва ба Аллоҳ имону ба охират бовар дошта бошад, чӣ зиён дидааст? Ҷумлаи охир ваъиди дигарест, ки фармудааст: “Ва ҳаст Аллоҳ ба (кирдори) онҳо аст”. Яъне Аллоҳтаъоло ба он чи ки онҳо анҷом медиҳанд ва дар замиру ниятҳои худ доранд, нек огоҳ аст, онҳоро ба ҳолашон нагузошта, бе зулм подоши амалҳояшонро медиҳад. Ҳол он ки …
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «