Тафсири Сураи Нисо Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 40
إِنَّ اللَّهَ لَا يَظْلِمُ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ ۖ وَإِنْ تَكُ حَسَنَةً يُضَاعِفْهَا وَيُؤْتِ مِنْ لَدُنْهُ أَجْرًا عَظِيمًا ٤٠
Инналлоҳа ло язлиму мисқола зарраҳ. Ва ин таку ҳасаната-н юзоъифҳо ва юъти ми-л ладунҳу аҷран ъазимо. 40.
40. Ҳаройина, Аллоҳ ба вазни заррае зулм намекунад ва агар он амал некӣ бошад, онро дучанд мегардонад ва аз назди Худ аҷри бузург медиҳад.
Баъзе аз муфассирон мазмуни ин оятро марбут ба шахсони бахил ва беимоне медонанд, ки сифаташон дар оятҳои қаблӣ гузашт. Ба ҳар тақдир, он амалҳое, ки инсонҳо дар ин дунё анҷом медиҳанд, дар қиёмат бе ҳисобу китоб намемонанд. Аллоҳтаъоло бо адолати мутлақи худ, дар он рӯз ба онҳо ҳукм мекунад ва мувофиқи он амалҳои содиршуда ба соҳиби он ҷазо, ё мукофот медиҳад. Ба ҳеҷ кас заррае зулмро дар он рӯз раво намебинад. Ҳатто бандае кори некеро анҷом дода бошад, онро чандон зиёд гардонида, подошу савоби азиме (Ҷаннат) ба соҳиби он инъом мекунад.
Бо овардани ҳадисҳо маънои ин оят, иншоааллоҳ, равшантар мегардад. Дар ҷузъи ҳадис, ки онро ҳадиси шафоат мегӯянд, омадааст:… “Он гоҳ Аллоҳтаъоло ба фариштагон хитоб намуда мефармояд: “Дар Дӯзах назар кунед, агар дар қалби касе миқдори донаи кӯкнор аз имон вуҷуд дошта бошад, онро аз Дӯзах берун оваред!” Пас, фариштагон мардуми бисёреро аз Дӯзах берун меоранд. Он гоҳ, ровии ҳадис фармуд, агар мехоҳед ояти мазкурро бихонед, ин маъно барои шумо фаҳмо мешавад.
Дар ҳадиси дигар, Ибни Аби Ҳотам ривоят мекунанд, ки рӯзи қиёмат инсонҳои аввалину охирин, ҳама халоиқро ҷамъ кунанд ва инсонеро ҳозир намуда, садокунандае садо кунад: “Ай мардум, мана ин шахс фалонӣ ибни фалон аст, ҳар киро болои ӯ ҳаққе бошад, биёяду гирад”, суханашро давом дода гуфт: “Ин чунин рӯзест, ки байни мардум дигар насабият (хешу таборӣ) нест, ҳеҷ кас аз каси дигар чизеро намепурсад. Ҳатто дар чунин рӯз барои наҷоти худ занҳо дӯст медоранду орзу мекунад, ки ҳаққи онҳо болои падар, модар, бародар, амак, шавҳарашон бошад.” Локин афсӯс. Баъдан ояти 101-уми сураи Алмӯъмининро хонданд: “Фа изо нуфиха фис-сури фало ансоба байнаҳум явмаизин ва ло ятасоалун” (Чун дар сур дамида шавад, пас дигар хешу таборӣ байнашон нест, дар он рӯз аз ҳамдигар чизе намепурсанд). Худованд болои касе чӣ ҳаққе дошта бошад, дар чунин рӯз, агар хоҳад, мебахшад. Аммо аз ҳуқуқи мардум, ки болои ҳамдигар доранд, намебахшад. Пас, инсонҳоро росто намуда, ба онҳо мегӯяд: “Ҳаққи мардумро диҳед!” Онҳо мегӯянд: “Ай Парвардигор, дунё ба охир расиду тамом шуд, аз куҷо ҳаққҳои онҳоро диҳем?” Худованд мегӯяд, ки аз амалҳои солеҳи онҳо гиред, ба қадри зулме, ки расонидаанд, ба мазлумон диҳед. Рафту бахшиш ёвар шавад, агар як заррае аз амали солеҳ боқӣ монад, агар Аллоҳ хоҳад, бо фазли худ ӯро чандон месозад ва ӯро дар раҳматаш гирифта, дохили Ҷаннат мегардонад. Баъдан барои таъкиди суханашон ояти мазкурро тиловат намуданд. Агар марди шақӣ бошад, фариштагон мегӯянд: “Амалҳои солеҳи ӯ тамом шуд, даъвокунандагони ҳаққи худ ҳоло бисёранд (чӣ кор кунем)? “Худованд мегӯяд, ки аз амалҳои бади онҳо гиред, болои амалҳои ӯ зам кунед ва ӯро ба Дӯзах занед!”
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «