Сураи Нисо Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 49

أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ يُزَكُّونَ أَنْفُسَهُمْ ۚ بَلِ اللَّهُ يُزَكِّي مَنْ يَشَاءُ وَلَا يُظْلَمُونَ فَتِيلًا ٤٩

Алам тара ила-л-лазина юзаккуна анфусаҳум. Балиллоҳу юзакко ма-н яшау ва ло юзламуна фатило.49.

49. Оё нанигаристӣ ба сӯйи касоне, ки нафсҳои худро пок мешуморанд? Балки Аллоҳ касеро, ки хоҳад, пок мегардонад ва ба қадри фатиле (риштае ки дар миёни донаи хурмост) ситам намешавад.

Одатан яҳудиҳо худро бегуноҳ ва фарзандону дӯстони Аллоҳ мехонанд. Мегӯянд, ки оташи Дӯзах барои мо намерасад, расад ҳам, як чанд рӯзҳои ба шумораст. Ҳар кас дар оилаи яҳудӣ ба олам ояд, сазовори ҳидоят аст. Мо нисбатан мардуми худошинос ҳастем. Дигарон маркаби боркаши мо ҳастанд. Омили ин ҳама даъвоҳои онҳо он буд, ки Аллоҳтаъоло онҳоро дар замоне нисбат ба дигар халқҳои атроф фазли хубе бахшида буд. Лекин онҳо ба қадри ин фазл нарасиданд ва ҳеҷ ноҳаққие дар рӯи Замин набуд, ки накарда бошанд, ҳатто ҳаром ҳукм кардаҳои Аллоҳро ҳалол ва ҳалолкардаҳои Ӯ таъолоро ҳаром гуфтанд. Даст ба рибохурӣ ва дигар гуноҳҳо заданду худро аз гуноҳ пок ҳисобида, фахртарошӣ карданд.

Хулоса, касе аз мардум мисли яҳудиён худро ситоиш намуда, аз дигарон боло ҳисобад, покизаву беайб шиносад, ояти мазкур барои ӯ ҳушдори аҷибест. Яъне Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки оё ба сӯи касоне, ки бо иддаои фазл ва бартариҳо худро поку покиза ва бо тоату тақво сифат мекунанд, нанигаристӣ ва хабари онҳо ба ту нарасид??? Ин саволи фаҳмишие, ки дар оят омадааст, барои тааҷҷуб аст. Яъне тааҷҷуб аз ин тоифаҳо, ки лоиқу сазовори ин мақомҳо нестанду бо худтаърифкунӣ худро ба ин мартабаҳо, лоиқ медонанд. Бигзор, ки онҳо дӯстони Худо бошанд, охир онҳо фарзандони Аллоҳ нестанд-ку? Аллоҳтаъоло аз зану фарзанд муназзаҳ аст-ку!? Охир чӣ тавр мешудааст, ки онҳо инсон бошанду бегуноҳ бошанд!? На! Ҳаргиз чунин нест. Ҳеҷ кас бо таърифи покиза будани худ, худро ба мақсаду ба ҷои дилхоҳе расонида натавонистааст. Балки Аллоҳ медонад, кӣ накӯкору бегуноҳ ва кӣ бадкору пургуноҳ аст. Худованд касеро бо покизагӣ сифат кунад, ҳамон кас покизаву накӯкор аст. Ин бо хости Аллоҳ вобаста аст, на ин ки ҳар кӣ хоҳад худро назди Аллоҳ мартабаҳо диҳад. Кӣ Тазкия (пок) шудааст ва сазовори ҳаст ва кӣ нест, Худованд медонад. Касеро Аллоҳ хоҳад ӯро пок мегардонад, ба ҳеҷ кас миқдори “Фатил” (риштае, ки дар миёни донаи хурмо ҳаст, яъне ба ноҳақ) азоберо раво намебинад.

Акнун чанд ҳадис, оиди мазмуни ояти мазкур:

Бо ривояти Миқдод ибни Асвад (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) ба мо дастур доданд, ки ба рӯи худситоён хок бипошем. Дар ҳадиси дигар бо ривояти Абӯбакр (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Агар яке аз шумо хоста ё нахоста, рафиқашро мадҳ кунад, бояд бигӯяд: “Аҳсибуҳу казолика ва ло узакки ъалаллоҳи аҳадан” Фалониро чунин мепиндорам, ё ба ин кор ӯро сазовор меҳисобам, локин ҳеҷ чиз ва ҳеҷ касро аз Аллоҳ зиёд таъриф карда наметавонам”.

Чун Худованд кибру даъвои онҳоро написандид, ояти зерро нозил намуда фармуд, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)