Сураи Нисо Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 50

انْظُرْ كَيْفَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ ۖ وَكَفَىٰ بِهِ إِثْمًا مُبِينًا ٥٠

Унзур кайфа яфтаруна ъалаллоҳи-л-казиба ва кафо биҳӣ исма-м мубино. 50.

50. Бубин, чӣ гуна бар Аллоҳ дурӯғро мебанданд. Ва ҳамин гуноҳи ошкор барои ҷазои онҳо кифоякунандааст.

Дар асл, бандаро қатъи назар касе, ки набошад, лозим аст, ки бо роҳи мувофиқ нишондоди Аллоҳ рафтор кунад. Шахсоне, ки мувофиқи нишондоди Аллоҳтаъоло амал намекунанд ва илова бар ин даъво доранд, ки гӯё онҳо дӯсту фарзандони Худоанду шахсони поканд, алайҳи Аллоҳ тӯҳмату дурӯғеро бофтаанд. Чунин гуноҳи ошкоро ва тӯҳмати бузург барои ҳалокати дунё ва охирати шахсони худсито ва таъриффурӯшу таърифпараст, кофист.

Бо ибораи дигар, Аллоҳтаъоло Ҳабиби худ (с)-ро фармудааст, ки бубин, ингуна мардумро, ки дидаву дониста ба Аллоҳ дурӯғҳо мебанданд. Яъне ин кори тааҷҷубист, ки онҳо то дараҷае ҷуръат намуда, дурӯғҳо бофта, ҳатто худро дӯстон ва фарзандони Худо гуфтанд.

Хулоса, ин гуна мардум бояд бидонанд, ки фаразан агар ҳеҷ гуноҳе дар умри худ содир накарда бошанд ҳам, чун ошкоро бар Аллоҳ тӯҳмат мезананд, ҳамин гуноҳи бузург барои ҳалокашон кифоя аст.

Бори дигар Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро дар ояти зер хитоб намуда, бо истифҳоми тақрирӣ мефармояд, ки …


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)