Сураи Нисо Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 60

أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ يَزْعُمُونَ أَنَّهُمْ آمَنُوا بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنْزِلَ مِنْ قَبْلِكَ يُرِيدُونَ أَنْ يَتَحَاكَمُوا إِلَى الطَّاغُوتِ وَقَدْ أُمِرُوا أَنْ يَكْفُرُوا بِهِ وَيُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُضِلَّهُمْ ضَلَالًا بَعِيدًا ٦٠

Алам тара ила-л-лазина язъумуна аннаҳум оману би ма унзила илайка ва ма унзила мин қаблика юридуна ан ятаҳокаму ила-т-тоғути ва қад умиру ан якфуру биҳи ва юриду-ш-шайтону ан юзиллаҳум Залолан баъидо. 60.

60. Оё нанигаристӣ ба сӯйи касоне ки мепиндоранд ба он чӣ ба сӯйи ту фурӯ фиристода шуд ва ба он чӣ пеш аз ту фурӯ фиристода шуд, имон овардаанд, мехоҳанд ҳукми кори худро ба сӯйи шайтон (Қаъб ибни Ашраф) тақдим кунанд? Ва ҳол он ки маъмур шуданд, ки ба вай кофир шаванд. Ва шайтон мехоҳад, ки онҳоро ба гумроҳии дурудароз андозад.

Мазаммату ҳукми ояти мазкур ом буда, ҳар касе, ки Китоби Аллоҳ ва суннати Расули Ӯ (с)-ро монда, ҳукми кори хешро аз ғайри ин ду меҷӯяд, таҳти ваъиди ин оят дохил аст. Яъне Аллоҳтаъоло дар ин оят Ҳабиби Худ (с)-ро хитоб намуда, мегӯяд, ки оё надидӣ шахсонеро, ки назди ту омада, бо даъвои имондорӣ мегӯянд, ки мо ба Қуръоне, ки барои ту нозил шудааст ва ба он китобҳое, ки пеш аз ту ба дигар пайғамбарон низ нозил шудаанд, имон дорем, локин ҳукми масъалаи худро мехоҳанд, аз ғайри китоб ва суннати Расул ҷӯё шаванд? Яъне ин гуна шахсонро ту дидаӣ! Во аҷабо! Аз чунин шахсон, ки мегӯянд, мо ба Қуръон ва ба тамоми китобҳои пешини нозилшуда имон дорем, чун коре ба онҳо афтад, ба ҳукми Қуръону суннати Расулуллоҳ (с) розӣ нашуда, мехоҳанд назди тоғуте раванд ва ҳукми масъалаи худро назди тоғут ҳал кунанд. Ҳол он ки китобҳои осмонӣ онҳоро амр кардаанд, ки фақат ба ҳукмҳои Аллоҳи ягона ва ба ҳукмҳои Расули Ӯ (с) амал кунанду ба тоғутҳо итоат накунанд. Зеро роҳҳое, ки инсонро ба тоғутҳо мерасонад, роҳи шайтон аст. Шайтон он роҳҳоро зиннат дода, мехоҳад онҳоро бисёр гумроҳу аз роҳи ҳидоят дурашон созад. Ин аст, ҳукми ояти мазкур барои шахсоне, ки пеши тоғутҳо рафта, аз онҳо маслиҳат мепурсанд. Тоғут кист? Ҳар касе, ки ба ҳукми Қуръон ё суннат ё иҷмои уммат ё қиёси муҷтаҳид розӣ несту аз фикри худ ҳукм мекунад, ӯ тоғут аст. Соҳиру фолбин, бахшиҳо низ аз ҳамин қабиланд. Бо ривояти Ибни Аббос (р) тоғут Каъб ибни Ашраф аст, ки ӯ яке аз тоғитарини яҳудиён буд, ки ба Расулуллоҳ (с) бисёр душманӣ дошт. Шахсе, ки алайҳи Ислом мубориза бурда аз ҳад мегузарад, ӯ низ тоғут аст. Сабаби нузули ин оят ва оятҳои баъдӣ то 65-умро бо ихроҷи Ибни Ҷарир аз Шаъбӣ чунин ривоят кардаанд, ки дар Мадина яҳудие бо мусалмони мунофиқ барои коре низоъ кард. Чун ҳақ ба ҷониби яҳудӣ буд ва медонист, ки Пайғамбари Ислом (с) ивази ҳукм ришва, намегираду бо адолат ҳукм мекунад, хост, то ҳалли қазияи худро аз Ӯ (с) пурсад. Аммо мунофиқ, ки ба ноҳақ даъво дошт, мехост мавзӯъро Каъб ибни Ашраф, яке аз донишманди яҳудиён бо гирифтани ришва файсала кунад. Хулоса, ҳарду аз Расулуллоҳ (с) дар кори худ доварӣ хостанд, даъвои яҳудӣ ба исбот расид. Чун онҳо аз назди Расулуллоҳ (с) берун шуданд, мунофиқ ба ҳукми Расулуллоҳ (с) розӣ набуд. Хост даъвояшро назди Умар (р) барад, то шояд мусалмонии мунофиқро ба назар гираду ҳукмро ба фоидаи ӯ ҳал кунад. Умар (р) сурати даъворо аз онҳо шунид, яҳудӣ гуфт: “Ин масъаларо Пайғамбари Ислом ба фоидаи ман ҳукм кардаанд. Умар (р) ба мунофиқ гуфт: “Оё он чӣ яҳудӣ мегӯяд, дуруст аст, ҳукми Расулуллоҳ чунин аст?” Мунофиқ гуфт: “Бале!” Умар (р) гуфт: “Ҳоло ин ҷо бошед!” Ва худ дохили хона шуд, шамшери худро бардошта назди онҳо ҳозир шуд, гардани мунофиқро аз тан ҷудо сохт ва гуфт: “Ҳар ки ҳукми чунин қозиро (Расулуллоҳ) (с)-ро қабул насозад, файсалаи вай чунин аст”. Аз он рӯз ин ҷониб ба Ҳазрати Умар (р) лақаби Форуқро доданд. Яъне, фарқкунанда байни ҳаққ ва ботил.

Ояти зер сифати шахсонеро, ки шайтон онҳоро аз роҳ зада гумроҳ сохтааст, баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)