Сураи Нисо Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 61

وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا إِلَىٰ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ وَإِلَى الرَّسُولِ رَأَيْتَ الْمُنَافِقِينَ يَصُدُّونَ عَنْكَ صُدُودًا ٦١

Ва изо қила лаҳум таъолав ило ма анзалаллоҳу ва ила-р-расули раайта-л мунофиқина ясуддуна ъанка судудо. 61.

61. Ва чун барои онҳо гуфта шавад: «Ба сӯйи чизе, ки Аллоҳ фурӯ фиристодааст ва ба сӯйи Пайғамбар биёед!», мунофиқонро мебинӣ, ки аз ту рӯй тофта, бозмеистанд.

Баъди наҳйи шадид дар ояти қаблӣ аз рафтан назди тоғуту тоғутпарастҳо, ки мунофиқон ба онҳо майл доштанд, Аллоҳтаъоло дар се ояти баъдӣ натиҷаи ин гуна довариҳоро баён намуда, бо муроҷиат фармудааст, ки чун ба ин гуна мусалмоннамоҳо (мунофиқон) гуфта шавад, ки барои доварии низои худ ба суроғи тоғутҳо наравед, агар мусалмон бошед, ба ҳукми Аллоҳ, яъне он чӣ Қуръон мефармояд розӣ шавед, ё агар Пайғамбари Аллоҳ (с) ба қазияи шумо ҳукм кунад, қаноатманд шуда, амал кунед ва агар Расулуллоҳ (с) вафот ёфта бошанд, лоақал суннату васиятҳои Ӯ (с)-ро барои файсалаи корҳои худ ҳоким гиред, мебинӣ, ки мунофиқон ба куллӣ аз ту рӯй гардонда, бо нафрат аз доварии Қуръону Пайғамбар (с) худро тамоман як сӯ мегиранд.

Ояти баъдӣ ин маъноро мукаммал месозад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)