Сураи Нисо Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 59

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَأُولِي الْأَمْرِ مِنْكُمْ ۖ فَإِنْ تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللَّهِ وَالرَّسُولِ إِنْ كُنْتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۚ ذَٰلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلًا ٥٩

Йа айюҳа-л-лазина оману атиъуллоҳа ва атиъу-р-расула ва ули-л-амри минкум. Фа ин танозаътум фи шай-ин фаруддуҳу илаллоҳи ва-р расули ин кунтум туъминуна биллоҳи ва-л-явми-л охир. золика хайру-в ва аҳсану таъвило. 59.

59. Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳро фармон баред ва Пайғамбару фармонравоёни аз ҷинси худатонро итоат кунед! Пас, агар дар чизе ихтилоф кунед, агар ба Аллоҳ ва рӯзи растохез имон доред, онро ба сӯйи Аллоҳ ва Пайғамбар боз гардонед! Анҷоми он беҳтар ва некӯтар аст.

Сабаби нузули ояти мазкурро чунин ривоят кардаанд: “Холид ибни Валид (р) ва Аммор ибни Ёсир (р) дар як гурӯҳ озими набард алайҳи қавме буданд. Азбаски Аммор (р) ба фарде аз мушрикон, ки калима арза мекард, амон дод. Холид (р), ки амири лашкар буд, амони ӯро қабул надошт, байнашон муноқиша пайдо шуд. Чун онҳо ин масъаларо назди Расулуллоҳ (с) оварданд, Расулуллоҳ (с) дар айни ҳол амон додани Аммор-ро қабул фармуд, вале ӯро дар оянда аз касеро амон додан бар хилофи фикри амир наҳй кард. Дар ҳамин асно ояти мазкур нозил шуд. Аз мазмуни он маълум шуд, ки итоати амир воҷиб аст. Аллоҳтаъоло дар ин оят фармон медиҳад, ки ай муъминон, Худо ва Расули Ӯ (с)-ро итоат кунед. Яъне, агар Расулуллоҳ зинда бошанд, аз шахсияти ӯ (с) ва агар вафот карда бошад, пайравӣ аз суннатҳои Ӯ (с) бояд шавад. Дар фармони севум Аллоҳтаъоло фармудааст, ки агар ин ду муяссар нашуд, улуламрро, ки аз ҷинси худатон бошад, итоат кунед. Яъне бояд аз ҳукми шахсе, ки мусалмонасту сардори мусалмонҳост, итоат карда шавад. Албатта, аз тартиби оят маълум аст, ки агар сардор хилофи фармудаи Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) барои мусалмонон иҷрои ҳукмеро маҷбур созад, итоат лозим нест. Аммо чунин ҳоким ҳаққи вилоят дорад, метавонад мулку диёри мусалмонон ва онҳоро ҳимоят кунад. Итоат аз вилояти чунин сардорон то он ҷое дуруст аст, ки инсон назди Худованд гунаҳгор нашавад. Ибни Касир мегӯяд: “Маънои улуламр омм буда, уламо ва умароро шомил аст. Баъзе гуфтаанд, мақсад аз улуламр аҳли Қуръон ва фуқаҳо ва онон, ки ба ҳақ амр мекунанд ва ба ҳақ фатво медиҳанд ва ба ин корҳо онҳо олиманд, аст. Валлоҳу аълам. Аз ҳадиси ривояткардаи Абу Ҳӯрайра бар меояд, ки ҳар вақто хулафо ва умаро бисёр шаванд, аввалан ба касе байъат шуда бошад, вафо ва итоат аз он шавад, на аз ғайри он.

Дар давоми оят омадааст, ки агар бо якдигар дар коре ё чизе ихтилоф кардед, ё бо ҳокимон ихтилоф кардед, дар чунин сурат агар муъмин бошеду ба рӯзи охират бовар дошта бошед, онро ба сӯи Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) арз кунед. Яъне ҳукми ихтилофатонро аз Қуръон ва суннати Расулуллоҳ (с) биҷӯед! Касоне, ки бо чунин дастурот амал мекунанд, метавон гуфт, ки онҳо ба Аллоҳ ва рӯзи охират бовар доранд. Дар охири ояти мазкур мефармояд, ки барои анҷоми кор аз худраъйӣ ва бо фикри худ фатвоеро додан дида, ҳукми онро, чунонеки гузашт, аз Қуръону суннати Расулуллоҳ (с) ҷустуҷӯ намудан, беҳтар аст. Агар ҳукм дар Қуръону суннати Расулуллоҳ (с) ёфт нашавад, лоақал бояд мувофиқи раъйи уламои аброре, ки меросбари нубувват ҳастанд, бошаду хилофи аҳкоми Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) набошад. Ин гуна ҳукмро иҷмоъи уммат меноманд. Чун фикри ҳамаашон як шавад, итоат ба иҷмои уламо низ воҷиб мешавад. Дар ҳадиси ривояткардаи Имом ибни Ҳанбал аз Имрон ибни Ҳусайн (р) омадааст: “Ба Аллоҳ осӣ (гунаҳкор) мешудагӣ кор бошад, агар амир ҳам фармояд, итоат нест.”

Дар ояти баъдӣ ҳоли шахсоне, ки даъвои муъмину мусалмонӣ доранду аммо дар роҳи мусалмонӣ намераванд, баён мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)