Тафсири Сураи Нисо Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 62
فَكَيْفَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ثُمَّ جَاءُوكَ يَحْلِفُونَ بِاللَّهِ إِنْ أَرَدْنَا إِلَّا إِحْسَانًا وَتَوْفِيقًا ٦٢
Фа кайфа иза асобатҳум-м мусибатун би мо қаддамат айдиҳим сумма ҷаука яҳлифуна биллоҳи ин арадна илла иҳсона-в ва тавфиқо. 62.
62. Пас, чӣ гуна бошад (ҳоли онҳо) он гоҳ, ки ба сабаби он чӣ дастҳои онҳо пеш фиристод, чун онҳоро мусибате расад, сипас ба суроғи ту меоянду ба Аллоҳ савганд мехӯранд (мегӯянд): «Ирода надоштем, магар некӯкорӣ ва иттифоқи тарафайнро!»
Баъзе аз муфассирон маънои оятро ба таври ом эзоҳ додаанд ва баъзеи онҳо мазмуни ин оятро давоми қиссае, ки зери мазмуни ояти 60-ум гузашт, донистаанд. Хушбахтона, ҳарду эзоҳоти муфассирони олиқадр ба мазмуни ояти мазкур дуруст меояд. Яъне Аллоҳтаъоло зимни ин оят аз ҳақиқат ва ихтилофкории мунофиқон хабар дода фармудааст, ки ин чӣ кор аст, ки мунофиқони гумроҳ бо дасту пойҳои худ гуноҳеро содир мекунанду чун ба онҳо мусибате расад, онро аз худ дур карда наметавонанд, боз назди ту меоянду қасамҳо мехӯранд, узр мепурсанд, ки назди дигар ҳоким на барои он рафтем, ки мо ҳукми туро қабул надошта бошем, балки барои он рафтем, ки байни он ду хасм сулҳу иттифоқ пайдо кунем. Лекин онҳо дурӯғ мегуфтанд, зеро оё аз Аллоҳу Расули Аллоҳ (с) дида касе ҳаст, ки ҳукму доварии ӯ адолатноктар бошад?
Агар давоми қиссаи дар шарҳи ояти 60-ум, нақлшударо чуноне ки Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар тафсири худ ихтиёр кардааст, барои шарҳи мазмуни ин оят пайгирӣ кунем, он чунин аст: Чун он ду марди бо ҳам низоъкунанда аз назди Расулуллоҳ (с) хориҷ шуданд, дар ҳоле ки мунофиқ аз ҳукми Расулуллоҳ (с) норозигӣ баён мекард, барои файсалаи низоашон назди ҳазрати Умар (р) рафтанд. Ва чуноне ки гузашт, мунофиқ ба қатл расид. Дигар мунофиқоне, ки тарафдору ворисони ӯ буданд, назди Расулуллоҳ (с) алайҳи Умар (р) даъво намуда, ба Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Дидӣ, Умар чӣ кор кард?” Онҳо қасамҳо мехӯрданд, ки мо бо нияти хуб барои байни он ду оштию иттифоқро барқарор сохтан рафта будем. Умар (р)-ро айбдор ҳисобида, болои нифоқи худ ниқоб мепӯшиданд. Ҳол он ки агар онҳо назди Умар (р) нею назди тоғуте мерафтанд ва ӯ низои онҳоро хилофи ҳукми Худову Расул (с) ҳукм мекард, омода буданд, ки қабул кунанд. Локин ғайри чашмдошти онҳо мусибате ба онҳо расид. Дар ҳақиқат, вақто ки ояти мазкур нозил шуд, ин гуна мунофиқон хеле кам ба назар мерасиданд. Мутаассифона, чунин мунофиқон алҳол беҳисобанд. Онҳо даъвои имондорию Ислом мекунанд, аммо амал бо гуфтаҳои Ислом дар хаёлашон нест. Дар кору амалҳояшон ҳукми Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) як тараф истад, ҳатто ибодатҳое, ки бар гардани онҳо фарзу айн аст, ба ҷо намеоранд. Мӯъҷиза будани ояти каримаро бинед, ки мунофиқони ҳозира мисли мунофиқони қадима, агар мусибате бар сарашон ояд, айбро аз худ гурезонда ба Ислому мусалмонон бор мекунанд ва бо кадом роҳе, ки набошад, айби худро мепӯшонанд. Локин Аллоҳтаъоло он ниқоби дурӯғинеро, ки мунофиқон бар худ дар ин дунё, мекашанду гумон мекунанд, ки нияти онҳоро ҳеҷ касе намедонад, дар ояти зер мекушояд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «