Сураи Нисо Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 72

وَإِنَّ مِنْكُمْ لَمَنْ لَيُبَطِّئَنَّ فَإِنْ أَصَابَتْكُمْ مُصِيبَةٌ قَالَ قَدْ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيَّ إِذْ لَمْ أَكُنْ مَعَهُمْ شَهِيدًا ٧٢

Ва инна минкум лама-л ла юбаттианна фа ин асобаткум-м мусибатун қола қад анъамаллоҳу ъалайя из лам аку-м маъаҳум шаҳидо. 72.

72. Ва ҳаройина, баъзе аз шумо касе ҳаст, ки даранг (сустӣ) мекунад, пас, агар шуморо мусибате расид, мегӯяд: «Батаҳқиқ, Аллоҳ бар ман (амониро) инъом кард, ки ҳамроҳи онҳо ҳозир набудам».

Мунофиқон аз подоши бузурги ҷиҳод ва шаҳодат ғофиланд. Бинобар ин, ояти мазкур парда аз чеҳраи мунофиқон во мекунад, зеро мунофиқон дар ҳар кор на ба миқёси тоати илоҳӣ, балки ба нафъи дунёии худ менигаранд, ҳама корро ба меъёри суду зиёни дунёгиашон вазну чен мекунанд. Онҳо тасаввур мекунанд, ки чун дар ҳолати вазнинӣ бо мусалмонон ҳамроҳ намешаванду аз мусибатҳо наҷот меёбанд, ин ризои илоҳист. Ҳол он ки чунин нест. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло зимни ин оят ишора ба ҳоли мунофиқон намуда фармудааст, ки он афроди дурӯяи мусалмоннамо, ки дар миёни шумо, (мисли Абдуллоҳ ибни Убай) ҳастанд, ҳамеша бо пофишорӣ мекӯшанд, то дар сафи муҷоҳидони роҳи Аллоҳ ширкат наварзанд ва дигаронро низ бо ташвиқоти худ дар ин роҳ дилхунук созанд. Одати дигарашон ин аст, ки қадри ҷиҳод ва қадри сабру шаҳодатро намедонанд. Чун ба мусалмонон дар майдон мусибате расад, ё мусулмонон шикаст хӯранд, онҳо хурсандона бо хушҳолӣ ба ҳам мегӯянд: “Чӣ неъмати бузургеро Аллоҳ ба мо дод, ки ҳамроҳи онҳо набудему саломат мондем ва он воқеаҳои дилхарошро надидем”. Хоҳ нохоҳ, мунофиқ мунофиқ аст, худро бо ҳар шароит мувофиқ сохта, бо ҳар хел суханҳои сафсата, баҳонаҳо меҷӯяд. Вале агар бохабар шаванд, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)