Тафсири Сураи Нисо Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 71
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا خُذُوا حِذْرَكُمْ فَانْفِرُوا ثُبَاتٍ أَوِ انْفِرُوا جَمِيعًا ٧١
Йа айюҳа-л-лазина оману хузу ҳизракум фанфиру суботин авинфиру ҷамиъо. 71.
71. Эй касоне, ки имон овардаед, (аз душман) барҳазар бошед, дар баробари душман силоҳ дар бар гиред, пас гурӯҳ-гурӯҳ раҳсипор шавед, ё ҳама якҷо берун равед.
Ояти мазкур бори дигар ҳиссиёти муъминиро дар муъминон бедор сохта, нидо намуда, фармудааст, ки ай касоне, ки имон овардаед, чун вазъияти шумо бо душман тезу тунду ҷиддӣ шавад, то ин ки душманони дин шуморо дар ғафлат набинанду шуморо решакан накунанд, шумо бояд ҳушёриро аз даст надода, ҳамеша аз онҳо барҳазар бошад ва ҳамеша дар баробари онҳо, бо силоҳ муҷаҳҳаз бошед!! Чуноне, ки дар эзоҳи оятҳои сураҳои қаблӣ гузашт, душманон атрофи Ислом бисёранд, онҳо бо ҳам мухолиф ҳам бошанд, локин алайҳи Ислом ва мусалмонон ҳама яктану якҷонанд. Бинобар ин, давоми ояти мазкур тарзи мубориза алайҳи душмани динро ишора намуда, фармудааст, ки (агар шумо доимо ҳушёру муҷаҳҳаз бошед), дар ҳолате, ки душман ҳуҷумро оғоз мекунад, метавонед шароитро ба назар гирифта, хоҳ гурӯҳ-гурӯҳ, ё дар ҳолати дастҷамъӣ алайҳи онҳо роҳсипор шавед. Дар ҳақиқат, Аллоҳтаъоло дар Қуръони Карим мусалмонҳоро на фақат ба намозу рӯза, ё ки одобу ахлоқ амр кардааст, балки дар баробари онҳо ба иҷрои дигар амрҳо низ фармудааст. Аз он ҷумла барои ҳифзу ҳимояи худ чӣ хел ба майдони набард рафтанро барои мусалмонон таълим додааст. Ба ҳар ҳол; ҳақиқате, ки ҳеҷ гоҳ аз он мусалмонон набояд ғофил бошанд, ин хатари куфр аст. Хатари куфру ҳифзу ҳимояи ватану номуси зану фарзанд ба ғайр аз ҷиҳод, бо дигар чиз дафъ намешавад. Афсӯс аз он замоне, ки мусалмонон фароизи мубориза алайҳи тавсиъагаронро фаромӯш сохтанд, мустамликадорони ғосиб бар сарзаминҳояшон мусаллат шуданд ва ҳар чӣ мусулмонон аз муқаддасот доштанд, тӯъмаи душман гашт. Мусалмонони баъзе диёр ҳоло ҳам дар як чорчӯбаи танг парвариш ёфтанд. Агар амре аз Қуръону суннат ба миён оварда шавад, онро қабул надоранд. Ҳатто гӯянда ва амалкунандаи он амрро бо лақабҳои зидди мусулмонони ростин солҳои дароз парваришдодаи душман ном мегиранд. Бародарони муъмини худро дониста ва надониста дар маърази тири заҳролуди душман қарор медиҳанд, бо ингуна бародаркушӣ, гӯё ҷиҳод карда бошанд. Афсӯси чунин шахсон, ки як умр душманро ёрӣ мерасонанд, ҳол он, ки худ намедонанд.
Агар душман алайҳи мусалмонон ҳуҷумро оғоз кунад, амир ҳамаро ба дифои ватан амр кунад, аммо баъзе шахсон худро дар канор гиранд, ҳукми ин тоифа чист? Ояти зер иншоаллоҳ, онро баён мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «