Тафсири Сураи Нисо Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 73
وَلَئِنْ أَصَابَكُمْ فَضْلٌ مِنَ اللَّهِ لَيَقُولَنَّ كَأَنْ لَمْ تَكُنْ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُ مَوَدَّةٌ يَا لَيْتَنِي كُنْتُ مَعَهُمْ فَأَفُوزَ فَوْزًا عَظِيمًا ٧٣
Ва ла ин асобакум фазлу-м миналлоҳи ла яқуланна ка-ал лам такун байнакум ва байнаҳу маваддату-н йо лайтани кунту маъаҳум фа афуза фавзан ъазимо. 73.
73. Ва агар аз ҷониби Аллоҳ фазле ба шумо бирасад, чунон сухан мегӯянд, ки гӯё миёни шумо ва байни ӯ ҳаргиз дӯстӣ набуд, гӯяд: «Эй кош, ҳамроҳи онҳо мебудам, пас, матлаби бузургро меёфтам».
Табиист, ки дар ҷанг ё ғалаба ба даст меояд ё шикаст. Чун душман даст ба ҳуҷум занад, мусалмонон алайҳи онҳо сафарбар шаванд, чуноне ки гузашт, мунофиқон худро мӯъмин ҳисобанд ҳам, канораҷӯйӣ мекунанд. Рафту Аллоҳ ба мусалмонон пирӯзиро насиб кунад, онҳо мисли тоифаи алоҳидае, ки дар дини мусалмонҳо набуданд, бо афсӯсу ҳасрат мегӯянд: “Эй кош, ман ҳам ҳамроҳи онҳо мебудаму аз молҳои ғанимат баҳраҳо мебурдам”. Ҳиммату ҳадафи онҳо фақат дастёбӣ ба моли ғанимат аст, на иззату пирӯзии Ислом. Хулоса, мунофиқоне, ки аз ҷиҳод мегурехтанд, агар ба мусалмонҳо шикаст мерасид, хурсанд мешуданд, агар ғалаба ба даст меомад, ҳасад мехӯрданд. Худ ба ҷиҳоди фӣ сабилиллоҳ (холис барои Аллоҳ) намебаромаданд ва заифимонҳоро бо ёвагӯии худ рӯҳафтода месохтанд. Ояти баъдӣ мӯъминонро барои ҷиҳоди ҳақиқие, ки дар он ризои Аллоҳ аст, тарғиб намуда фармудааст, ки …
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «