Сураи Нисо Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 74

۞ فَلْيُقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ الَّذِينَ يَشْرُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا بِالْآخِرَةِ ۚ وَمَنْ يُقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَيُقْتَلْ أَوْ يَغْلِبْ فَسَوْفَ نُؤْتِيهِ أَجْرًا عَظِيمًا ٧٤

۞ Фа-л юқотил фи сабилиллоҳи-л-лазина яшруна-л-ҳайота-д-дунйо би-л-охираҳ. Ва ма-н юқотил фи сабилиллоҳи фа юқтал ав яғлиб фа савфа нуътиҳи аҷран ъазимо.74.

74. Пас, касоне ки зиндагонии дунёро ба ивази охират мефурӯшанд, бояд дар роҳи Аллоҳ набард кунанд. Ва ҳар кӣ дар роҳи Аллоҳ биҷангад, кушта шавад, ё пирӯз гардад, пас зуд аст, ки ӯро музди бузург диҳем.

Шахси мусалмон, агарчӣ доимо аз Аллоҳ офият (тинҷиро) пурсад ҳам, локин медонад, ки зиндагии ин дунё барои ободии охират аст. Агар зарурат пеш ояд, яъне ҷиҳод эълон шавад ва ӯ даъват ба ҷиҳод шавад, бе гуфтугузор якро ду нагуфта, ба иҷрои он сафарбар мешавад. Зеро ӯ медонад, ки роҳе меравад, ки дар он ризои Аллоҳ аст ва дар дили ӯ ба ғайри савоб чизи дигаре нест. Чунин шахс доимо омода аст, ки дунёи муваққатиро бар ивази охирати доимии босаодат фурӯшад. Чун ӯ ҷиҳод мекунад, медонад, ки аз ду хубӣ якеро соҳиб аст. Ё ғалаба ё шаҳидию Ҷаннат ва роҳи севум барои ӯ нест. Аммо мунофиқон ин сифатҳоро надоранд.

Ҷумлаи баъдӣ, сифати чунин шахсонро баён намуда фармудааст, ҳар касе, ки дар роҳи ризои Аллоҳ ҷиҳод мекунад, пас агар ӯ кушта шавад ё ғалаба кунад, ба зудӣ подоши бузург ба ӯ хоҳем дод. Бале! Бо ихроҷи Имом Муслим ҳадисеро нақл кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармудааст: “Худованд барои муҷоҳиде, ки дар роҳи ризои Ӯ ҷиҳод мекунад, агар ӯро ба сӯи Худ боз хонад (шаҳид шавад), ба Биҳишт даровардани ӯро ба зиммаи Худ гирифтааст ё ӯро саломат ҳамроҳи подоши бузург ва ё бо ғанимат (ба хонааш) бар мегардонад.”

Шаҳид кист? Дар мазмуни ҳадиси Расулуллоҳ (с) омадааст, ки ҳар касе бо молу ҷони худ ба хотири он ҷиҳод кунад, ки фақат калиматуллоҳ (ҷҷ) бартар бошад ва зери ин мақсад ҳалок шавад, ӯ шаҳидаст.

Дар мазмуни дигар ҳадисашон омадааст, ки ҳар кас барои дифои моли хеш ё барои дифои ҷони хеш кушта шавад, шаҳид аст. Аллоҳтаъоло дар ояти баъдӣ мусалмонҳоро хитоб намуда, ба ҷиҳод тарғиб мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)