Тафсири Сураи Нисо Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 75
وَمَا لَكُمْ لَا تُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ وَالْوِلْدَانِ الَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا أَخْرِجْنَا مِنْ هَٰذِهِ الْقَرْيَةِ الظَّالِمِ أَهْلُهَا وَاجْعَلْ لَنَا مِنْ لَدُنْكَ وَلِيًّا وَاجْعَلْ لَنَا مِنْ لَدُنْكَ نَصِيرًا ٧٥
Ва мо лакум ло туқотилуна фи сабилиллоҳи ва-л мустазъафина мина-р-риҷоли ва-н-нисаи ва-л вилдони-л-лазина яқулуна Раббана ахриҷно мин ҳозиҳи-л-қаряти-з-золими аҳлуҳо ваҷъал-л лано ми-л-ладунка валийя-в ваҷъал лано ми-л-ладунка насиро. 75.
75. Ва чӣ шуд шуморо, ки дар роҳи Аллоҳ пайкор намекунед ва ҳамчунин дар роҳи наҷоти мардон ва занон ва кӯдаконе, ки нотавон шуданд, мегӯянд: «Парвардигоро, берун ор моро аз ин деҳае ки аҳли он ситамкор аст ва барои мо аз ҷониби Худ корсозе муқаррар кун ва барои мо аз ҷониби Худ мададгоре бифирист!».
Вақто Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи баъзе суҳобагон ба Мадина ҳиҷрат намуданд, дигар имон овардагиҳо низ оҳиста-оҳиста ба назди Расулуллоҳ (с) рафтанд. Локин бар ҳама муяссар набуд, аз Макка ҳиҷрат кунанд. Аз он ҷумла, Салама бини Ҳошим, Аёш бинни Рабиъа, Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ва модарашон ва садҳо нафарони дигар. Хулоса, онҳо барои он, ки мусалмон шудаанд, таҳти фишори хешу табори беимони худ қарор доштанд. Расулуллоҳ (с) барои ин мазлумони мустазъаф (то шояд, ки Худованд он бародаронро аз зери юғи зулму ситами он золимон халос кунад), доимо дар дуо буданд. Ояти мазкур нозил шуд, Аллоҳтаъоло дар он бо савол ҳисси имондории муъминонеро, ки дар Мадина буданд, бедор сохта фармуд, ки барои чӣ шумо дар роҳи ризои Аллоҳ пайкор намекунед? Барои чӣ барои халос ва наҷоти бародарони мустазъафи худ хоҳ мард бошанд, хоҳ зан, хоҳ кӯдакон, ки зери зулми золимон заиф шудаанд ва доимо дар дуоҳои худ мегӯянд: “Парвардигоро, берун ор моро аз ин деҳае, ки ситамкор аст аҳли он?! Ва бигардон барои мо аз ҷониби Худ корсозе ва бигардон барои мо аз ҷониби Худ мададгоре”. ҷиҳод намекунед?! Агар оятҳое, ки мусалмонҳоро ба ҷиҳод тарғиб мекунанд, саросар таҳлил шаванд, дар онҳо ду фазилат дида мешавад. 1-ум ҷиҳоди онҳо барои он аст, ки қадру қиммати дини Ислом ва парчами он боло бардошта шавад. 2-юм барои халосии мустазъафон аз зери юғи зулми ситамгорон. Асло дар пайкорҳои исломӣ фикри кишваркушоӣ ва тавсиаталабӣ ё чашм андӯхтан ба молу сарвати ягон диёр дида нашудааст. Ин аст, мақсади олии мусалмонон.
Акнун мусалмонон барои чӣ меҷанганд, дар ояти зер, баён мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «