Тафсири Сураи Нисо Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 82
أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ ۚ وَلَوْ كَانَ مِنْ عِنْدِ غَيْرِ اللَّهِ لَوَجَدُوا فِيهِ اخْتِلَافًا كَثِيرًا ٨٢
А-фа ло ятадаббаруна-л-Қур-он. Ва лав кона мин ъинди ғайриллоҳи ла ваҷаду фиҳихтилофан касиро. 82.
82. Оё Қуръонро тадаббур (андеша) намекунанд?! Агар (Қуръон) аз ҷониби ғайри Аллоҳ мебуд, албатта, дар он ихтилофи бисёр меёфтанд.
Чун дар оятҳои қаблӣ бо як оҳанги маломат парда аз чеҳраи шахсони дурӯя (мунофиқ) бардошта шуд, маълум гардид, ки иллати мунофиқ будани онҳо дар он буд, ки онҳо дар бораи оятҳои қуръонӣ андешаи амиқ намекарданд. Бинобар ин Аллоҳтаъоло дар ин оят ба ҳама касоне, ки дар оятҳои Қуръонӣ шак доранд ва намехоҳанд, ки маонии Қуръонро тадаббур кунанду фаҳманд, танбеҳ расонида фармудааст, ки чаро дар маънои оятҳои қуръонӣ, чуноне ки мебояд, фикру андеша намекунанд, то аз ҳадафу ҳақиқати оятҳои Қуръонӣ пай баранд ва донанд, ки онҳо чӣ мегӯянду чӣ мефармоянд ва дар Қуръон ҳеҷ ихтилофе нест? Оё онҳо надонистанд, ки агар Қуръон, чуноне ки кофирон мепидоранд, аз ҷониби Аллоҳ намебуд, дар он хусусияти суханҳои инсонӣ ёфт мешуд ва дар он ихтилофи фаровоне пайдо мешуд? Акнун, ки дар он ҳеҷ гуна ихтилофе нест, бояд бидонанд, ки он мӯъҷизаи илоҳист ва аз тарафи Аллоҳ нозил шудааст. Инсон метавонад, аз он ба миқдори ақли хеш фаҳм кунад. Аммо ҳеҷ кас наметавонад, гӯяд: “Ман Қуръонро ба пуррагӣ фаҳмидам ва аз он зиёд фаҳмидан мумкин нест”. Локин инсон бо ақли худ аз он ҳақиқатҳои бисёреро кашф мекунад. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки баъзе инсонҳо ҳатто бо андеша намудан, аз як ояти Қуръон, роҳи ҳидоятро ёфтаанд.
Дар ояти баъдӣ, ҳоли тоифае, ки байни мусалмонон ҳамчу мусалмонон гашту гузор доранд, вале доимо дар паҳн кардани хабарҳои фитнаангез, шитоб мекунанд, баён мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «