Тафсири Сураи Нисо Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 93
وَمَنْ يَقْتُلْ مُؤْمِنًا مُتَعَمِّدًا فَجَزَاؤُهُ جَهَنَّمُ خَالِدًا فِيهَا وَغَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِ وَلَعَنَهُ وَأَعَدَّ لَهُ عَذَابًا عَظِيمًا ٩٣
Ва ма-н яқтул муъмина-м мутаъаммидан фа ҷазауҳу Ҷаҳаннаму холидан фиҳо ва ғазибаллоҳу ъалайҳи ва лаъанаҳу ва аъадда лаҳу ъазобан ъазимо. 93.
93. Ва ҳар кӣ мусалмонеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои вай Дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Аллоҳ бар ӯ хашм гирифтааст ва бар ӯ лаънат кардааст ва барои ӯ азоби бузургро омода сохтааст.
Бо ихроҷи Ибни Ҷарир аз Икрима (р) сабаби нузули ин оятро чунин ривоят кардаанд: Марди номаълуме аз ансориҳо бародари Муқайис ибни Сабобаро ба қатл расонид. Чун Пайғамбари Аллоҳ (с) ба ӯ дияти (хунбаҳои) бародарашро пардохт, ӯ қабул фармуд. Локин баъди муддате чанд, қотили бародари худро муайян намуд, болои ӯ ҷаҳиду ӯро ба қатл расонид. Бо ривояте, баъди ин ҳодиса, ба тарафи Макка фирор намуд. Вақто ки Расулуллоҳ (с) аз ин ҳодиса огоҳ шуд, гуфт. Ман ӯро на дар Ҳил ва на дар Ҳарам амон намедиҳам. Дар воқеъ, рӯзи фатҳи Макка ӯ ба қатл расид. Аз мазмуни ин оят чунин маълум мешавад, ки бародаркушӣ чунон гуноҳи калоне будааст, ки бо хунбаҳо додан ё каффорат ғуломеро озод кардан, инсони қотил аз гуноҳи он халосӣ надоштааст. Яъне ҷазои шахси муъмине, ки дигар бародари муъминро (муъмину мусалмон буданашро яқин медонад) дидаву дониста, на аз рӯи хато, балки бо яке асбобҳои қатлкунанда, қасдан ба қатл мерасонад, дар навбати аввал барои ӯ ҷазоҳои олӣ ҳукм шудаанд. Баъзе аз онҳо дар сураи “Бақара” гузашт. Агар ин амалашро ҳалол шуморида бошад, Ҷаҳаннам барои ӯ доимист, ӯ ба ғазаби Аллоҳ гирифтор аст, чунин шахсро Аллоҳтаъоло лаънат хондааст ва барои ӯ азоби бузургро омода кардааст. Агар аз ин гуноҳи бузург тавба накунад, чуноне ки гуфтем, таҳти ваъиди ояти мазкур қарор мегирад. Агар пушаймон шуд, сидқан тавба намуд, умедаст, ки таҳти мазмуни ояти 47-уми ҳамин сура ва инчунин таҳти башорати мазмуни ояти 53-54-уми сураи “Зумар”, ки Худованд гуфтааст: “Худованд ҳама гуноҳҳонро мебахшад, зеро Ӯ бахшандаву меҳрубон аст ва бозгашт ба сӯи Худо кунед, тавба кунед ва таслими фармони Ӯ бошед”, иншоаллоҳ, қарор мегирад. Нишонаи тавбаи қотил он аст, ки бо ихтиёри худ, бе ҷабр ва зулм ба гуноҳаш эътироф намуда, худро таслими қасос намудан месозад. Агар табори мақтул ӯро бахшанд ё бо хунбаҳо гирифтан, розӣ шаванд, вай қатл намешавад. Ин пардохти хунбаҳо мисли қатли хато набуда, балки тамоми онро худи қотил мепардозад ва бо тавбаи худ идома дода, минбаъд даст ба чунин гуноҳи олӣ намезанад. Аз гуноҳ пок шудани ӯро агарчи боварии комил надошта бошем ҳам, вале Худои азза ва ҷалла арҳамур-роҳимин аст ва Ӯст, ки байни бандагони худ бо адл доварӣ мекунад.
Акнун чанд ҳадис дар мазмуни ин оят: Дар “Саҳеҳайн” аз Ибни Масъуд (р) чунин омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Рӯзи қиёмат аввалин ҳукму файсалае, ки байни мардум мешавад, масъалаи хунрезон аст, (ки хуни ноҳаққ резонидаанд)”. Дар дигар ҳадис омадааст, ки аз байн рафтани дунё дар назди Аллоҳ, осонтару сабуктар аст аз куштани як фарди мусалмон.
Ҳадиси дигар: Агар касе барои куштани як мусалмон, ҳатто бо як калима ҳам бошад, ёрӣ диҳад, чун рӯзи қиёмат бармехезад, байни ду чашми ӯ, яъне дар пешонаи ӯ чунин навишта шудааст: “Ин шахс аз раҳмати Худо ноумед аст”.
Ҳадиси дигар: “Агар рафту дар қатли шахси мусалмоне аҳли осмону Замин ҷамъ шаванд ва ба ноҳақ хуни ӯро резонанд, ҳамаи онҳо бо рӯйҳояшон ба оташи Дӯзах андохта мешаванд”, (Ибни Касир).
Акнун дар ояти баъдӣ аз куштани шахсе, ки ҳақиқати он маълум нест, пешгирӣ шуда баён мешавад, ки ҳама чиз аз он ҷумла ҷиҳод ҳам бояд барои ризои Аллоҳ бошад, на барои матои ночизи дунё.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «