Тафсири Сураи Нисо Ояти 94 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 94
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا ضَرَبْتُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَتَبَيَّنُوا وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ أَلْقَىٰ إِلَيْكُمُ السَّلَامَ لَسْتَ مُؤْمِنًا تَبْتَغُونَ عَرَضَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فَعِنْدَ اللَّهِ مَغَانِمُ كَثِيرَةٌ ۚ كَذَٰلِكَ كُنْتُمْ مِنْ قَبْلُ فَمَنَّ اللَّهُ عَلَيْكُمْ فَتَبَيَّنُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرًا ٩٤
Йа айюҳа-л-лазина оману изо Зарабтум фи сабилиллоҳи фа табайяну ва ло тақулу ли ман алқо илайкуму-с-салома ласта муъминан табтағуна ъараза-л-ҳайоти-д-дунйо фа ъиндаллоҳи мағониму касираҳ. Казолика кунтум-м мин қаблу фа манналлоҳу ъалайкум фа табайяну. Инналлоҳа кона би мо таъмалуна Хабиро. 94.
94. Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар роҳи Аллоҳ сафар мекунед, (дуруст) таҳқиқ кунед ва барои касе, ки ба сӯйи шумо салом диҳад, магӯед ки: «Шумо мусалмон нестед». (Агар чунин кунед, шумо) матои зиндагонии дунёро металабед ва назди Аллоҳ ғаниматҳои бисёр аст. Шумо пеш аз ин ҳамчунин будед, пас, Аллоҳ бар шумо (имонро) инъом намуд, пас, таҳқиқ кунед, ҳаройина ба он чӣ мекунед, Аллоҳ хабардор аст.
Сабаби нузули ин оят бо ривояти Имом Аҳмад (р) ва дар охир аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) чунин омадааст, ки гурӯҳе аз асҳоби Набӣ (с) дар сафар барои ҷиҳод назди қабилае расида буданд. Дар он ҳангом марде аз қабилаи Бани Солим (бо иловаи ривояте аз Имом Бухорӣ (р) ӯ мусалмон буд) бо рамаи гӯсфандони худ аз назди он саҳобагон “Ассалому алайкум” гуфта гузашт. Саҳобагон бо пиндошти хеш бо худ гуфтанд: “Ин шахс ба хотири он ки аз мо саломат монад, салом гуфт, вагарна ӯ кофир аст.”
Хулоса, баъди гуфтани ин сухан бар ӯ ҳамла карда, ӯро ба қатл расонида, гӯё моли ғаниматеро ба даст оварда бошанд, рамаи гӯсфандони ӯро ба назди Расулуллоҳ (с) ҳозир намуданд. Ҳамоно буд, ки ояти мазкур нозил шуд, баҳои ингуна амалҳои бетаҳқиқро бо танбеҳ баён намуд ва ба онҳо бо итобу хитоб фармуд, ки ай шахсоне, ки имон овардаед, чун шумо дар роҳи ризои Аллоҳ барои ҷиҳод ба сафар меравед, то муъминро аз кофир ҷудо накунед ва кофир будани шахсеро муайян накунед, ба куштани касе шитобкорӣ накунед! Агар дар чунин асно касе аз онҳо бо муҳаббати том ба шумо ҳамчу шахси мусалмон “Ассалому алайкум” гӯяд ё изҳори сулҳ ва Ислом кунад, шумо ба хотири ғаниматро ба даст овардан нагӯед, ки ту мусалмон нестӣ ва ин суханро аз куштани мо тарсида мегӯӣ! Бояд шумо дар нест кардани касе дар чунин ҳолатҳо, бо тааммул бошед ва яқин ҳосил кунед, то он кушташудаи шумо муъмин набошад. Чун шахсе аз онҳо бо молҳои худ ба шумо мепайвандаду калимаи шаҳодатро ва ё “Ассалому алайкум” мегӯяд, шумо ки барои талаби дунё нарафтаед, дар моли ӯ чаро тамаъ мекунеду ӯро бо иҷтиҳоди хато ба қатл мерасонед! Шумо ба чунин ғанимате, ки бо тахмини худ ба даст овардаед, ҳеҷ ҳоҷате надоред. Чун шумо дар роҳи ризои Аллоҳ ба ҷиҳод баромадаед, аҷру савобу неъматҳои омодашудаи Биҳишт барои шумо беҳтарин ғанимат аст. Ҳоли худро ба онҳо қиёс кунед, шумо пеш аз Ислом, мисли онҳо дар чунин сифат будед. Ҳоло Аллоҳтаъоло шуморо бо нури Ислом миннат ниҳода, ҳидоят кардааст. Оё чунин ҳодиса бар сари шумо агар меомад, хушҳол мебудед? Худованд дар ҷумлаи охир бори дигар таъкид намуда фармудааст, ки агар дар ҳолати ҷиҳод, ҳам бошад, чун мехоҳед касеро ҳалок созед, бисёр боэҳтиёт бошед то хуни муъминеро ба ноҳақ нарезонед! Дар охир Аллоҳтаъоло мусалмононро бо таҳдид ҳушдор дода фармудааст, ки ҳамоно Худованд ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст. Шуморо дар баробари амалҳои анҷомдодаатон ҷазои мувофиқ медиҳад.
Ояти зер, мартабаи шахсонеро, ки ба ҷиҳод баромаданд ва шахсоне, ки набаромадаанд, баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «