Сураи Нисо Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 92

وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ أَنْ يَقْتُلَ مُؤْمِنًا إِلَّا خَطَأً ۚ وَمَنْ قَتَلَ مُؤْمِنًا خَطَأً فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُؤْمِنَةٍ وَدِيَةٌ مُسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ إِلَّا أَنْ يَصَّدَّقُوا ۚ فَإِنْ كَانَ مِنْ قَوْمٍ عَدُوٍّ لَكُمْ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُؤْمِنَةٍ ۖ وَإِنْ كَانَ مِنْ قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ مِيثَاقٌ فَدِيَةٌ مُسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ وَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُؤْمِنَةٍ ۖ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ تَوْبَةً مِنَ اللَّهِ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا ٩٢

Ва мо кона ли муъминин ан яқтула муъминан илло хатао. Ва ман қатала муъминан хатаан фа таҳриру рақабати-м муъминати-в ва дияту-м мусалламатун ила аҳлиҳӣ илла ан яссаддақу. Фа ин кона мин қавмин ъадувви-л лакум ва ҳува муъминун фа таҳриру рақабати-м муъминаҳ. Ва ин кона мин қавмин байнакум ва байнаҳум-м мисоқун фа дияту-м мусалламатун ила аҳлиҳо ва таҳриру рақабати-м муъминаҳ. Фа ма-л лам яҷид фа сийому шаҳрайни мутатобиъайни тавбата-м миналлоҳ. Ва коналлоҳу Ъалиман ҳакимо. 92.

92. Ва ҳеҷ муъминеро насазад, ки муъминеро бикушад, магар аз рӯи хато. Ва ҳар ки мусалмонеро аз рӯи хато бикушад, пас, ӯро лозим аст ғуломеро озод кунад, ки муъмин бошад ва ба сӯйи варасаи ӯ хунбаҳо расонад, магар он ки хунбаҳоро бахшанд. Ва агар кушташуда аз қавме бошад, ки барои шумо душман аст ва ҳол он ки кушташуда муъмин аст, пас, ғуломе озод кардан лозим аст, ки муъмин бошад. Ва агар муъмини мақтул аз қавме бошад, ки миёни шумо ва байни онҳо аҳднома аст, пас, лозим аст, ки ба сӯйи варасаи ӯ хунбаҳо расонида шавад ва як ғуломи мусалмон озод карда шавад. Пас, шахсе ки онро наёбад, пас вайро ду моҳи пай дар пай рӯза доштан лозим аст, (ин) барои қабули тавба аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва Аллоҳ донову боҳикмат аст.

Вазифаи мӯъминон он аст, ки доимо бо ҳам бояд дар муносибати хуб зиндагонӣ кунанд. Дар асл ҳам ҳеҷ муъмин иҷоза намедиҳад, ки дастони ӯ ба хуни бародари мусалмони бегуноҳ олуда бошанд, чунки ҳама муъминон мисли аъзои як бадананд. Оё ақли солим иҷоза медиҳад, ки аъзое аз бадани инсон ҷузъи дигари худро агар иллат надошта бошад, озор диҳад ё ӯро аз байн бибарад? Касоне бародари муъминро ба қатл мерасонанд, ки онҳо ё имони дуруст надоранд ва ё аз ҳақиқати имон бехабаранд. Сабаби нузули ояти мазкурро бо ихроҷи Ибни Ҷарир аз Икрама (р) чунин ривоят кардаанд: Ҳорис бинни Язиду Абӯҷаҳл, Аёш бини Абирабиъаро ба иллати мусалмон шуданаш дар Макка азоб дода буданд. Чун Ҳорис ба сӯи Набӣ (с) ҳамчу мусалмон ҳиҷрат намуд Аёш аз ин кор бехабар, ба ривояте дар яке аз кӯчаҳои Мадина, бо ривояте рӯзи фатҳи Макка, бо ривояти дигар дар Ҳарра гуфтани мавқеъ бо ӯ рӯ ба рӯ мешавад. Аёш гумон мекунад, ки Ҳорис ҳиҷрат накардаасту ҳоло ҳам ӯ мушрик аст ва ӯро ба қатл мерасонад. Чун ба назди Расулуллоҳ (с) меояд ва ин хабарро мерасонад, дар ин асно, ояти мазкур нозил мешавад. Ривояту ҳодисаи дигаре низ дар шаъни нузули ин оят вуҷуд дорад. Ба ҳар тақдир, Аллоҳтаъоло дар оғози ин оят муъминонро ҳушдор намуда, фармудааст, ки барои ҳеҷ шахси боимон ҷоиз нест, ки шахси имондорро қасдан ба қатл расонад. Калимаи қасдан, ки дар ин оят омадааст, маънои онро надорад, ки агар саҳван ё хатоан муъминеро кушад, ҷазо надорад, ё гуноҳи бузург нест. На! Агар аз рӯи хато ҳам муъминеро ҳалок созад, иҷозат нест ва гуноҳи кабираеро анҷом додааст. Акнун, ки банда доимо аз камбудӣ холӣ нест ва содир шудани чунин гуноҳони кабира аз ӯ эҳтимол дорад, раваду беихтиёр аз рӯи хато муъминеро ба ҳалокат расонад, ҷарима ва каффорати қатли хатогиро ояти мазкур дар се ҳолати баён мекунад. Аввалан бояд фаҳмид, ки қатли хато чист? Қатли хаторо уламои изом ба навъҳо тақсим кардаанд. Якум; мешавад, ки инсоне ба шикори сайде равад, чизеро сайд ҳисобида, тир андозаду ӯро ҳалок созад, сипас маълум шавад, ки ӯ инсон будааст. Ё ин ки нохост ба ӯ тире расиду ӯ ҳалок шуд, ин намуд ҳалок карданро шибҳиъамд (ба қасдан монанд) мегӯянд. Яъне қасдан тир андохт, локин дар ҳадаф хато кард, бо сабаби ӯ инсоне ҳалок шуд. Ё шахси боло хобрафта болои шахси поён хобида афтид, шахси поён ҳалок шуд, инро қатли хато гуфтан мумкин. Амсоли ингуна куштори хатогӣ бисёр аст. Ба ҳар тақдир, ш


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

ахсе, ки ба қатли хато роҳ додааст, ҷазояш дар навбати аввал ин аст, ки барои кафорати гуноҳи худ бояд ғуломи муъминеро озод кунад ва хунбаҳои ҳалокшударо ба ворисони ӯ расонад, то ин ки байни ворисон тақсим шавад. Агар рафту оқила ворисони ӯ хунбаҳои табори худро ҳамчу садақа барои қотил бахшанд, боке надорад ва дият соқит мешавад.

Навъи дувуме, ки онро низ ба ҳисоби қатли хато дароварда мешавад, чунин аст. Фарде дар маконе имон орад, ки онҳо душмани исломанд (яъне дар дорулҳарб), локин ба дорулислом ҳиҷрат накарда бошад, ҳурмату каромати вай нисбат ба шахсе, ки имон овардаасту ба дорул-ислом ҳиҷрат кардааст, камтар аст. Агар муъмине чунин шахсро хатоан ҳалок созад, ҳалоккунанда фақат каффорат, яъне ғуломи муъминро озод мекунаду халос ва хунбаҳо намедиҳад. Агар хунбаҳо диҳад, маълум аст, ки ҳарбиҳо онро алайҳи мусалмонон ба масраф мерасонанд. Бинобар ин, дар чунин куштори хато дият аз оқилаи қотил соқит аст.

Навъи севум: шахсе хатоан ҳалок карда шавад, ки мӯъмин аст, локин қавми ӯ муъмин нест, аммо байни он қавм ва байни мусалмонон аҳдномаи сулҳ, хоҳ муваққатӣ ё доимӣ имзо шудааст, дар ин сурат, қотил ҳам каффорат медиҳад, яъне ғуломи муъминеро озод мекунад ва ҳам дият-хунбаҳои ӯро мепардозад. Зеро зоҳиран маълум аст, ки онҳо ба мусулмонон дар асоси он аҳдномае, ки дар байн доранд, зарар расониданӣ нестанд. Агар рафту шахси қотил тангдаст аст, яъне қудрати харидани ғуломеро надорад ё дораду чун дар замони мо ғуломе нест, ки хараду озод кунад, дар чунин сурат, қотилро лозим аст, ки ивази кафорат ду моҳ рӯзаро паё-пай дорад. Яъне дар байни ин ду моҳ агар як рӯзро беузр рӯза надорад, чанд рӯзеро рӯза дошта бошад, аз ҳисоб берун аст. Хулоса, дар ҳар се сурат адои каффорат воҷиб аст ва ин каффорат барои қабули тавбаи қотил аз ҷониби Аллоҳтаъоло ҳамчу ҳукми шаръ машруъ шудааст. Аллоҳтаъоло доимо аз ҳар чизе, ки халқ кардааст, бохабару донандаи ҳоли ӯст. Ҳама дастуротеро, ки барои махлуқоти худ, чунонеки дар ин оят гузашт, шариат гардонидааст, тибқи ҳикматҳо буда, барои фоидаи бандагон аст.

Акнун барои мисол чанд ҳадис мувофиқи мазмуни ин оят: Дар “Саҳеҳайн” бо ривояти Ибни Масъуд (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Ҳалол нест резондани хуни мусалмоне, ки шоҳидӣ медиҳад, ин ки Ло илоҳа иллаллоҳу ва аннӣ Расулуллоҳ, магар дар ивази се чиз: агар хунеро ноҳақ резонида бошад ё зино карда бошад ё динашро тарк намуда аз ҷамоат (-и мусалмон) ҷудо шуда бошад. Агар яке аз ин се кор ба вуқуъ пайвандад, ба ғайри имом (подшоҳ) ё набӣ дигар ҳеҷ кас ҳақ надорад, ӯро ба қатл расонад.” Бо ривояти Имом Аҳмад ва дар охир аз Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, аз марди ансорӣ, ки ӯ бо як ғуломзани сиёҳ, то ин ки ӯро барои каффораташ озод кунад, назди Расулуллоҳ (с) омад ва гуфт: Ё Расулаллоҳ, маро лозим шудааст, ки як ғуломи муъминро озод кунам, агар инро шумо муъмина ҳисобед, ман ӯро озод кунам. Пас Расулуллоҳ (с) ба он ғуломзан гуфт: “Оё шоҳидӣ медиҳӣ, ки ба ғайри як Аллоҳ дигар Илоҳе барҳақ нест?” Ӯ гуфт: “Оре!” Боз Расулуллоҳ (с) аз ӯ пурсид: “Оё шоҳидӣ медиҳӣ, ки ман расули Аллоҳам?” Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Оре!” Бори дигар Расулуллоҳ (с) ба ӯ гуфт: “Оё ба зинда шудани баъд аз миронидан бовар дорӣ?” Ӯ гуфт: “Оре!” Расулуллоҳ (с) ба марди ансорӣ гуфтанд: “Озод кунед!” Яъне аз мазмуни ин ҳадис чун бармеояд, ки бо ҷавоб додани се савол ин шахсро муъмин ҳисобида шудааст. Агарчанде дар ин ҳадис номи саҳобии ансорӣ маҷҳул бошад, ҳам иснодаш саҳеҳ аст.

Дар “Муватто”-и Имом Молик ва дар “Муснад”-и Имом Шофеӣ ва Аҳмад ва дар “Саҳеҳ”-и Муслим ва дар “Сунан”-и Абӯдовуд ва Насоӣ аз тариқи Ҳилол ибни Абимаймуната аз Ато ибни Ёсар ва аз Муъовия ибни Ҳакам чунин омадааст, ки чун ин ғуломзани сиёҳро назди Расулуллоҳ (с) оварданд Расулуллоҳ (с) ба ӯ гуфт: “Аллоҳ дар куҷост?” Ӯ гуфт: “Дар осмон.” Расулуллоҳ (с) пурсид: “Ман кистам?” Ӯ гуфт: “Расули Аллоҳ ҳастӣ!” Расулуллоҳ (с) гуфт: Озод кун ӯро, ӯ муъмина будааст! Бо ин мазмун ҳадисҳо бисёранд. Дар ояти мазкур зикри миқдори дият барои қатли хато, зикр нашуда бошад ҳам, миқдори он дар суннати мутаҳҳараи Расулуллоҳ (с) баён шудааст. Масалан, дар китобҳои фиқҳ дар боби дият (хунбаҳо) уламои мутахассиси ин илм чунин г

уфтаанд: “Дият дар қатли хато бар оқилаи қотил аст, на бар ӯ. Назди баъзе уламо оқила наздикони қотил аз тарафи падари ӯ ҳисобида шудааст. Назди баъзе уламо оқила аҳли девонро гӯянд, чуноне ки Умар (р) аҳли девонро тартиб дода буд. Агар рафту оқила аз пардохти дият оҷиз бошанд, дияти мақтулро байтулмоли умум медиҳад. Акнун дият (хунбаҳо) бо ҳисоби пули ривоҷноки ҳар мамлакат санҷида мешавад. Масалан, барои дорандагони тилло, ҳазор динор ва барои дорандагони нуқра даҳ ҳазор дирҳам ва барои дорандагони уштур сад уштур аст.

Мешавад, ки аз чаҳор ҷинси уштур 25-тогӣ диҳад, масалан: аз як сола, ду сола, се сола, чаҳор сола 25-тогӣ ҷамъ карда шаваду ба оқила табори ҳалокшуда дода шавад. Локин, бо ривояти Имом Аҳмад аз ҳадиси ривояткардаи Ҳаҷҷоҷ бинни Артот ва дар охир аз Ибни Масъуд (р) чунин омадааст, ки Расулуллоҳ (с) барои қатли хато 100 шутурро аз панҷ (5) ҷинс, ҳукм кардаанд. Масалан, аз шутурчае, ки ӯ яксолаасту ӯро “бинти махоз” мегӯянд, 20-то ва аз “ибни махоз”, яъне аз наринаи он ба “бинти махоз” монанд, низ 20-то. Аз дусола, ки ӯро “бинти лабун” мегӯянд, 20-то ва аз сесола ки ӯро “ҷазаъа” мегӯянд, 20-то ва аз чаҳорсола ки ӯро “ҳуққа” мегӯянд, 20-то ва ҷамъ 100 шутур. Хулоса, дияти як инсони озод ё 100 шутур ё 1000-динораст, ки тақрибан 10 кг тилои ҳозира аст ва ё 10 ҳазор дирҳам (тангаи нуқрагин) аст. Инҳо дар замоне дар ивази хунбаҳои як инсони озод муқаррар шудаанд, ки тақрибан онҳо бо ҳам баробар буданд.

Акнун амале, ки дар тасаввури инсон намеғунҷад ва зидди имону инсон ва мусалмон аст, чун содир шавад, яъне муъмине дигар муъминро қасдан ба ҳалокат расонад, ҳукму ҷаримаи ӯ чӣ навъ пардохт мешавад!? Ба ин савол ояти зер, иншоаллоҳ, ҷавоб мегӯяд:

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)