Сураи Нисо Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 96

دَرَجَاتٍ مِنْهُ وَمَغْفِرَةً وَرَحْمَةً ۚ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا ٩٦

Дараҷоти-м минҳу ва мағфирата-в ва раҳмаҳ. Ва коналлоҳу Ғафура-р-Раҳимо. 96.

96. (Ин) мартабаи баланд ва омурзиш ва меҳрубонӣ аз ҷониби Худост. Ва Аллоҳ омурзгору меҳрубон аст.

Дар оятҳои гузашта сухан аз ҷиҳод ба миён омад. Дар ин ду ояти мазкур муҷоҳидон ва ғайри муҷоҳидонро муқоиса намуда, Аллоҳтаъоло фармудааст, ки муъминоне ки на беморанд ва на яке аз аъзояшон талаф шудааст, дар вақти ҷиҳод хонашинӣ мекунанд, ба он муҷоҳидоне, ки бо молу ҷони худ дар роҳи ризои Аллоҳ ҷиҳод мекунанд, яксону баробар нестанд. Чуноне ки дар ҳадис омадааст, шахсони маъзур агар бо ихлос ният дошта бошанд, ки кош мо маъзур намебудем, дар ҷиҳод иштирок мекардем, савоби онҳо бо муҷоҳидон баробар аст.

Имом Бухорӣ аз Анас (р) ривоят карданд, ки Расулуллоҳ (с) дар яке аз ғазоҳо ба муҷоҳидин хитоб намуда, фармуданд: “Дар Мадина шахсоне ҳастанд, ки ҳарҷо шумо бошед, онҳо ҳамроҳи шумоанд.” Асҳоб гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ, онҳо дар Мадинаанд, чӣ гуна ҳамроҳи мо ҳастанд?” Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Оре! Онҳо шахсоне ҳастанд, ки узр доранд, он узр онҳоро аз ҷиҳод манъ сохтааст.” Ингуна сифат ва ин гуна мартаба аз шахсоне, ки шароити ба ҷиҳод баромадан доранду намебароянд, беҳтар аст. Дар ҷумлаи баъдӣ Аллоҳтаъоло фарудааст, ки мартабаи касоне, ки бо молу ҷони худ, дар роҳи ризои Аллоҳ, ҷиҳод мекунанд, бо дараҷаҳо аз хонашинҳои беузр афзал буда, ёду номи онҳоро баланд бардоштем, бо мадҳу санои Худ, ба эшон бартарӣ бахшидаем. Дар ҳадиси Расулуллоҳ (с) бо ривояти Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз Абӯ Саъиди Худрӣ (р) омадааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: “Дар Ҷаннат Аллоҳтаъоло 100 дараҷа омода кардааст, ки байни ҳар дараҷаи он чун баландии Осмон ва Замин аст.”

Аз мазмуни ин оят байни муҷоҳидон ва ғайри онҳо, фарқияти калон маълум шавад ҳам, локин хушбахтона, Аллоҳтаъоло ба ҳамаи онҳо ваъдаи накӯ додааст, ки баъзе аз уламо ваъдаи накӯро Ҷаннат тафсир кардаанд. Дар идомаи ояти мазкур бори севум, Аллоҳтаъоло дараҷаҳои муҷоҳидонро ёдрас намуда, фармудааст, ки фазлу бартарӣ дод муҷоҳидонро нисбат ба хонанишастагон бо аҷри бузург. Баъзе аз фазлу бартари ин аст, ки онҳоро дар раҳмати Худ гирифта гуноҳҳои онҳоро меомурзад, зеро Худованд Ғаффору Раҳим аст.

Хулоса, бинобар назари баъзе аз муфассирон мартабаи муҷоҳидон нисбат ба хонанишини маъзур як дараҷа болост. Аммо нисбат ба ононе, ки метавонанд, аммо ба ҷиҳод нарафтанд, мартабаи дараҷаҳояшон бешумор аст. Агар бо қадри кофӣ муҷоҳидон дар рӯ ба рӯи душман хориҷ шаванд, ҷиҳод ҳамчу фарзи кифоя ҳисоб шуда, муҷоҳидон аз подоши зиёда бархурдор мешаванд ва хонанишастагони беузр дар нарафтан гунаҳгор нестанд. Агар миқдори кофӣ бар зидди душман хориҷ нашаванд, хонанишинҳо гунаҳгори бузурганд. Агар душман ҳамла ораду барои дифои номус ва ватан ҳеҷ кас алайҳи онҳо муқобала накунад, ҳамаи онҳо тарки фарзе аз фарзҳоро кардаанд. Ҳукми онҳоро Аллоҳ медонад. Агар кофирон алайҳи сарзамини мусалмонон ҳуҷум оранд, аҳли он сарзамин қувваи дифоъ аз худ надошта бошанд, фарзи айн будани ҷиҳод, қадам ба қадам ба ҳамсоягон таъсир мекунад ва ҳамин тавр доираи фарзияти ҷиҳод ҳамаи мусалмонҳоро шомил мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)