Сураи Нисо Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 97

إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلَائِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُوا فِيمَ كُنْتُمْ ۖ قَالُوا كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الْأَرْضِ ۚ قَالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللَّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُوا فِيهَا ۚ فَأُولَٰئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ ۖ وَسَاءَتْ مَصِيرًا ٩٧

Инна-л лазина таваффоҳуму-л-малаикату золимӣ анфусиҳим қолу фима кунтум қолу кунно мустазъафина фи-л-арз. Қолу алам такун арзуллоҳи восиъатан фатуҳоҷиру фиҳо. Фа улаика маъвоҳум Ҷаҳаннаму ва саат масиро. 97.

97. Ҳаройина, касоне, ки бар нафсҳои худ ситам кардаанд, дар ҳоле ки фариштагон рӯҳашонро мегиранд, (ба онҳо) гӯянд: «Шумо дар дунё ба чӣ ҳол будед?». Онҳо посух диҳанд: «Дар Замин нотавону бечора будем» (Фариштагон) гӯянд: «Оё Замини Аллоҳ васеъ набуд, то дар он ҳиҷрат мекардед?». Пас, он гурӯҳро ҷояшон Дӯзах аст. Ва он Дӯзах барои онҳо бозгашти бад аст,

Сабаби нузули ин оятро муфассирони олиқадр бо ривояти Ибни Аббос (р) чунин гуфтаанд: Вақто ки дар Макка Ислом зоҳир шуду Расулуллоҳ (с) ба Мадина ҳиҷрат намуданд, хеле мардуми онҷобуда бо тадриҷ Ислом оварданд. Баъзеи онҳо аз рӯи фишоре, ки аз мушрикон ба онҳо мерасид, ба назди Расулуллоҳ (с) ба Мадина ҳиҷрат карданд ва баъзеи онҳо натавонистанд. Бинобар ин, дар байни мушрикон Исломи худро пинҳон нигоҳ медоштанд. Чун ғазои Бадр оғоз шуд, мушрикон онҳоро ҳамроҳашон муқобили Ислому мусалмонон ба майдони ҷанг ҳозир сохтанд. Дар натиҷа баъзе аз онҳо ё ҳамаашон аз дасти мусалмонон ҳалок шуданд. Ин ҳодисаи ҳузнангезро саҳобагон аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд: Ё Расулаллоҳ (с), онҳо мусалмону ёрони мо буданд, иҷборан онҳоро ба инҷо кашонданду аз дасти мо ҳалок шуданд, ҳукми онҳо чист? Оё барои онҳо дуо ва истиғфор гӯем? Ҳамоно ояти мазкур нозил шуд ва ин мушкилотро осон кард ва онҳоро бар нафсҳои худ зулмкунанда номида, фармуд, ки касоне, ки ҳамроҳи кофирон меистанд, бар нафсҳои худ ситамкунандаанд. Яъне онҳое, ки дам аз Ислом мезананд, вале ба сӯи мусалмонон ҳиҷрат намекунанд, чун онҳо ба водиҳои хатарнок кашида шаванду дар сафи мушрикон ҳалок шаванд, фариштагоне, ки ҷони онҳоро мегиранд, дар ин ҳолат бо як сарзаниши дилкӯбкунанда, ба он ситамгорҳо савол медиҳанд, ки ин чи ҳол аст? Шумо, ки мусалмон бошед, чаро дар сафи мушрикон алайҳи бародарони худ ҷангидед ва…??? Онҳо бо узрхоҳӣ дар посух мегӯянд, ки мо дар ватани худ аз ҷумлаи заифу бечорагон буда, ба изҳори дин ва ҳиҷрат тавоно набудем. Фариштагон бори дигар бо оҳанги радд онҳоро сарзаниш намуда мегӯянд, ки магар замини Худо васеъ набуд, то дар он ҳиҷрат кунед ва худро аз зери ситами мушрикон халос сохта ҳамроҳи мусалмонҳо ба ибодати Аллоҳ машғул шавед? Чаро ин имкониятро аз даст додед? Дар ҳақиқат, шахсони ба онҳо монанд, аз манфиату молу мулки худ даргузашта, аз ватани худ ба Ҳабашу Мадина ҳиҷрат намуда, дар роҳи Аллоҳ машаққатҳо кашиданд. Касоне низ буданд, ки мисли бародаронашон ҳиҷрат накарданд ва ҳамроҳи мушрикон алайҳи бародарони худ ҷангида ҳалок шуданд. Дар охири оят, ҷазои ингуна шахсиятҳоро Аллоҳтаъоло баён намуда фармуд, ки қароргоҳи ин гуна тоифа Нор (дӯзах)-аст. Дӯзах чӣ ҷои бозгаштани нохоҳаму чӣ ҷои бад аст!

Хулоса, мувофиқи тафсири Ибни Касир мусалмоне, ки дар дорулкуфр зиндагӣ дорад, агар аз сабаби фишори онҳо умури динии худро иҷро карда натавонад, иҷмои уммат бар он аст, ки аз чунин макон ба макони мувофиқ ҳиҷрат карданаш фарз аст. Агар умури динии худро иҷро карда тавонад ҳам, назди баъзе аз уламо ҳиҷрат карданаш воҷиб ва назди баъзе мустаҳаб аст. Аз дорул-зулм ба дорул-адл, аз дорул-фитна ба дорус-суннат низ ҳиҷрат намудан, ҳукмаш ҳамин аст.

Дар оятҳои баъдӣ бо истисно ҳукми шахсоне, ки дар ҳақиқат бечораанду аз ҳиҷрат кардан манъ шудаанд, баён мешавад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)