Сураи Нисо – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Сураи 4-уми Қуръон буда, дар Мадинаи Мунаввара нозил шуда, аз 176 оят иборат аст.

Сураи “Нисо” яке аз дарозтарин сураҳо буда, баъди сураи “Бақара” ҷои 3-юмро ишғол мекунад. Он сураест, ки саросар аз аҳкоми шариат сухан намуда, мисли дигар сураҳои дар Мадина нозилшуда муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мусалмононро ба низом медарорад. Дар ҳақиқат, амрҳои муҳиммеро, ки вобаста ба оиладорӣ ва давлату ҷомеаанд, баён мекунад. Локин бузургтарин мавзӯъ ва ҳукмҳое, ки дар ин сура мавриди назар қарор мегиранд, вобаста ба занҳост. Бинобар ин, ин сураро сураи “Нисо” номида шудааст.

Нозилшавии сураи “Нисо” дар муддати хеле тӯлонӣ ба анҷом расидааст. Масалан, агар ояти аввали он баъди ғазои Бадр дар соли 3-юми ҳиҷрӣ нозил шуда бошад, ояти охири он дар соли 8-уми ҳиҷрӣ нозил шудааст. Албатта, дар ин байн дигар сураҳо ва дигар оятҳо низ нозил шудаанд. Як бахши ин сура аз ҳуқуқи занҳо, ятимҳо, хусусан ятимдухтарҳое, ки дар тарбияи соҳибашон ё дар тарбияи васиятшудаҳои падарашон ҳастанд, сухан намуда, онҳоро аз одатҳои ношаръии ҷоҳилият халос месозад. Сураи мазкур, ҳуқуқи меросро дақиқона баён мекунад. Баъдан дар он омадааст, ки маҳр додани шавҳар ҳангоми никоҳ, на ин ки баҳои зан аст, балки барои изҳори боварӣ ва қадрдонӣ, барои пайдоиши муҳаббат байни ҳамдигар аст ва доимо дар ҳусни муошират ва дилбастагӣ ва алоқаи зич будани инсон бо инсон, як дастовези шаръист. Баъдан, сухан аз он меравад, ки ҳаққи зан бар мард ва хаққи мард бар зан барои ислоҳи ҳаёти заношавҳарӣ аст. Мард бояд бидонад, ки на инки зан барои ӯ ғулом асту ҳамчу ғулом мусаххар аст, балки фармонравоии мард болои зан барои насиҳат ва адаб додани вай ҳамчу сарвар бо раият аст.

Сураи мазкур аз доираи оиладорӣ ба доираи иҷтимоӣ гузашта, дар ҳама кор амр ба эҳсон намуда, баён мекунад, ки аз ҷониби ҳамдигар кафил шудан, раҳми ҳамдигарро хӯрдан, ҳамдигарро насиҳат ва аз айби ҳамдигар гузашт кардан, амонатдори ҳамдигар шудан лозим аст, то ин ки ҷомеъа дар роҳи рушду ҳидоят қадам монад. Ҳамчунин баён мекунад, ки адлро дар ҳама кор ба ҳукми иҷро даровардан лозим аст, ки асоси эҳсон аст, баён мекунад.

Худованд дар сураи мазкур ба ҳаққи ятимон ва занҳо бори дигар эътибори алоҳида дода, ҷабру зулмро аз занҳо бардошта, онҳоро инсони ҳақиқӣ шуморида, мардумро ба даст кашидан аз одатҳои замони ҷоҳилият даъват мекунад. Ҳамчунин барои барқарор сохтани оила ва хешутаборӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Сураи мазкур амалҳои разилро, ки одати замони ҷоҳилият аст, мисли моли касро ба ноҳақ хӯрдан, порахӯрӣ, амонатҳоро хиёнат кардан ва поймол шудани ҳуқуқи мардумро маҳкум карда, ҳукмҳои инсонсози исломиро пешкаш мегардонад. Дар ин сура роҳҳое, ки ҷамъиятро аз фаҳш, зулм, фитна дур медоранд, нишон дода шудаанд.

Масъалаҳое оид ба мерос ба таври васеъ баён шудаанд. Ҳукму навъи хондани намози хавф дар ҳолати ҷиҳод, дар ин сура муҷмалан низ баён мешавад. Дар ин сура таъни мунофиқон, ки дар ҳолати тангии мусалмонон онҳо бо мушрикону яҳудиён бо ҳам як шуданду алайҳи Ислом ва мусалмонон оғози мубориза намуданд, суханҳо ва барои унсури ахлоқии ҳар ҷамоат баёнотҳо низ меояд.

Дар хотима, гумроҳии насоро, ки дар шаъни Исо (а) аз ҳад гузашта, бо фикрҳои ихтироии хеш аз мушрикону бутпарастон фарқе накарданд, баён шуда, якчанд оятҳои ин сура онҳоро ба сӯи ақидае, ки назди Аллоҳ дуруст асту мақбул, нидо мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 200 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)