Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 200 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 200
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اصْبِرُوا وَصَابِرُوا وَرَابِطُوا وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ ٢٠٠
Йа айюҳа-л лазина оманусбиру ва собиру ва робиту ва-т-тақуллоҳа лаъаллакум туфлиҳун. 200.
200. Эй касоне, ки имон овардаед, (дар тоъату ибодат) босабр бошед ва дигаронро ба бурдборӣ даъват кунед ва дар ҷангҳо ва дар ҳимояти сарҳади ватан омода ва собитқадам бошед ва аз Аллоҳ битарсед, шояд, ки шумо растагор шавед!
Ояти мазкур охирон ояти сураи “Оли Имрон” буда, чаҳор асосеро, ки сабаби сарбаландии мусалмонон мешавад, баён мекунад: 1-ум: Дар роҳи даъват хавфу хатар, озмоишҳо ва азобҳои фаровон аст, пас, сабр лозим, зеро ки сабр ғизои асоси ин роҳ аст. Бинобар ин, Ҳақтаъоло муъминонро дар ин роҳ ба сабру тоқат хондааст. 2–юм: Афроди боимонро дастур медиҳад, ки дар муқобили душманони Ислом ва муҳоҷим, ё дар муқобили нафси саркаш, бояд собитқадам бошанд. Яъне бояд муъминон дар муқобили душманон аз онҳо дида зиёдтар босабр ва устувор бошанд. 3-юм, дастури ин оят мефармояд, ки дар баробари душман доимо аз марзҳо ё сарҳадҳои кишварҳои исломӣ муҳофизат ба амал оранд, то таҳти ҳуҷуми ғофилгиронаи душман қарор нагиранд ва бояд, ки сарҳадбонони кишварҳои исломӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Инчунин инсон бояд, ки дар баробари васвасаҳои шайтонӣ ё дар муқобили ҳавасҳо ва шаҳватҳои ғофилкунанда дар ҳолати омодабош қарор дошта бошад. Баъзе муфассирон собитқадамиро дар интизорӣ кашидани намоз донистаанд: интизор шудани як намоз баъди дигаре дар масҷид ҳам мисли сарбозест, ки доимо дар муқобили душман дар ҳолати омодабош қарор дорад. 4-ум ин тарси Худост, ки ояти мазкур муъминонро ба он даъват намуда мефармояд, ки аз Худо битарсед, шояд, ки шумо растагор шавед! Муфассирон гуфтанд, тарси Худоро аз он се асоси қаблӣ баъд овардан, барои он аст, ки сабр, мусобара (собитқадамӣ), муробита (омода будан), бояд, ки омехтаи тақво ва парҳезгорӣ бошанд ва аз ҳар гуна худхоҳӣ ва кибру риё ва аз ҳар гуна ғаразҳои шахсӣ дуру холӣ бошанд. Дар ҳақиқат шахсоне, ки аз ин чаҳор асос дуранд, роҳашон ба роҳи шахсони растагор намепайвандад.
Дар ҳадис омадааст, ки чун Расулуллоҳ (с) барои намози таҳаҷҷуд бармехест ба сӯи осмон менигарист ва ин 10 ояти охири сураи “Оли Имрон”-ро мехонд. Чунин мазмунҳо дар сураи “Анфол”, ояти 60 низ ба чашм мехӯрад. Дар фазилати нигоҳдории мамлакати мусалмонон мазмуни ҳадис чунин аст: “Омодагӣ як рӯз дар роҳи Аллоҳ беҳтар аст аз дунё ва он чӣ дар дунёст.” Дар ҳадиси дигаре Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Оё шуморо аз он чи ки Аллоҳ гуноҳҳоро маҳв ва дараҷаҳои шуморо баланд месозад, огоҳ накунам? (Яъне огоҳатон месозам): Комил сохтани вузӯъ (таҳорат), дар ҳолатҳои нохушӣ бисёр қадам ниҳодан ба сӯйи масҷидҳо, интизорӣ кашидани намозеро баъд аз намозе, ин аст рубот, ин аст рубот, ин аст рубот.”
Поёни сураи “Оли Имрон”. Валиллоҳил ҳамд.
Илоҳо, моро шомили лутфу марҳамати бепоёни Худ соз, ба ҳамаи мо тавфиқро марҳамат фармо, то ин ки дастуроти Китоби осмониятро дар ҳаёти худ ба кор бурда тавонем. Алҳамду лиллоҳи раббил оламин ва-с-салоту ва-с-салому ало расулиҳӣ Муҳаммадин ва ало олиҳӣ ва асҳобиҳи аҷмаъин ва ало аҳли байтиҳӣ ва ало ман тобаъаҳум би иҳсон ило явмиддин. Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «