Сураи Нуҳ Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нух Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нуҳ Ояти 10

فَقُلۡتُ اسۡتَغۡفِرُوۡا رَبَّكُمۡؕ اِنَّهٗ كَانَ غَفَّارًا ١٠

Фа қултустағфиру Раббакум иннаҳу кана Ғаффаро. 10.

10. Пас гуфтам: «Аз Парвардигоратон талаби мағфират кунед, ҳамоно Ӯ бисёр мағфираткунанда аст,

Нӯҳ (а) ба қавмаш гуфт, ки имон оред ва аз Худои мутаъол омӯрзиши гуноҳҳоятонро талаб кунед, аз куфру маъсият канораҷӯй бошед, албатта Худованд тавбаи шуморо мепазирад ва гуноҳҳои собиқи шуморо афв мекунад. Зеро, ягона Аллоҳ меҳрубону мағфираткунанда аст. (астағфируллоҳ калимаи хос барои муъминон аст, ки бояд ба забон гуфтаву ба дил тасдиқ карда шавад. Аввал имон аст баъд истиғфор на баръакс).


Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нуҳ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нуҳ Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)