Сураи Нуҳ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нух Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нуҳ Ояти 9

ثُمَّ اِنِّىۡۤ اَعۡلَـنۡتُ لَهُمۡ وَاَسۡرَرۡتُ لَهُمۡ اِسۡرَارًا ٩

Сумма инни аъланту лаҳум ва асрарту лаҳум исроро. 9.

9. Боз, ба ростӣ, ман онҳоро ошкор гуфтам ва ононро пинҳон низ гуфтам.

Ҳолатҳое буд, ки ин қавми раҳгумзадаро бо назардошти вазъият ошкоро даъват намудам, аммо шароите ҳукмфармо шуд, ки барои ман носозгор буд, бинобар ин ба таври махфию пинҳон ва пӯшида вазифаи хешро ба ҷо овардам, аммо ҳеҷ не, ки онҳо панди маро шунаванд.

Тавре огоҳӣ ёфтем ҳазрати Нӯҳ (а) аввал ошкоро баъдан пинҳон ва билохира ҳамзамон ошкору пинҳон қавмашро ба роҳи рост даъват намудааст. Нӯҳ (а) мегӯяд, ки ба онҳо гуфтам…


Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нуҳ Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нуҳ Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)