Тафсири Сураи Нух Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 12
وَّيُمۡدِدۡكُمۡ بِاَمۡوَالٍ وَّبَنِيۡنَ وَيَجۡعَلۡ لَّـكُمۡ جَنّٰتٍ وَّيَجۡعَلۡ لَّـكُمۡ اَنۡهٰرًا ١٢
Ва юмдидкум би амволи-в ва банӣна ва яҷъал-л-лакум ҷаннати-в ва яҷъал-л-лакум анҳаро. 12.
12. Ва то шуморо ба афзудани мол ва фарзандон мадад диҳад ва то шуморо боғҳо диҳад ва то барои шумо анҳоро падид орад.
Дар идомаи сухани ҳазрати Нӯҳ (а) Аллоҳтаъоло хабар додааст, ки агар шумо даъвати маро қабул доред ва онро сармашқи кору зиндагии худ созед, Худованди мутаъол барои мадади шумо иродаи худро зоҳир месозад. Барои афзоиши мол ва авлод кӯмак мерасонад. Шуморо соҳиби боғҳои сабзпӯши мевадор ва пурфайзу пурбаракот ва ин чунин барои шумо зери он дарахтон наҳрҳои ҷорӣ насиб мегардонад.
Ҳазрати Нӯҳ (а) қавмашро тамаънок гардонид, ки сабаби маҳрумии шумо аз ин неъматҳо куфри шумост. Кушодагию фарохии ризқу рӯзии шумо аз имони ҳақиқии шумост. Ҷойи таъаҷҷуб нест, ки агар кофар, ё мунофиқ дорои чунин неъматҳо бошад, он ба хотири санҷишу имтиҳон ва истидроҷ дода шудааст.
То ин ҷо даъвати Нӯҳ (а) бо оҳанги тарғиб сурат гирифт. Акнун дар оятҳои зер даъвати набӣ (а) ҷомаи тарҳиб (тарсонидан)-ро ба бар мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «