Тафсири Сураи Нух Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 16
وَّجَعَلَ الۡقَمَرَ فِيۡهِنَّ نُوۡرًا ۙ وَّجَعَلَ الشَّمۡسَ سِرَاجًا ١٦
Ва ҷаъала-л-қамара фӣҳинна нура-в ва ҷаъала-ш-шамса сироҷа. 16.
16. Ва дар миёни осмонҳо Моҳро нур гардонид ва Офтобро чароғи дурахшанда сохт.
Оё намебинед, ки Аллоҳтаъоло дар байни ҳафт Осмон Моҳро барои руйи Замин нур афруз (инъикоскунанда аз нури Офтоб) гардонид! Ва Офтобро дурахшанда (аз худ нурбароранда) гардонид? Ҳамчунин барои ҳисоб шакли моҳтобро дар манзилҳо ва бурҷҳои Осмонӣ дигар намуд! Мебинӣ, ки нури Моҳтоб гоҳо зиёд ва гоҳо кам мегардад гӯё то ҳадди нестӣ меравад, ки барои ҳисоби моҳҳо ва солҳҳо мусоидат мекунад.
Оё намебинед, ки Аллоҳтаъоло Офтобро барои аҳли олам чароғи дурахшанда гардонид?
Аҳли тафсир мегӯянд, ки Ӯ таъоло равшании Моҳтобро бо калимаи “нур” ифода кардааст, мақсад ин аст, ки моҳтоб дар асл як ҷисми “бенури” торик аст. Вале равшаниро аз офтоб касб мекунад. Офтобро бошад чароғи дурахшанда гуфтааст, зеро равшании он аз худаш аст. Нури Офтоб зотӣ ва нури Қамар инъикосӣ, аз Офтоб аст. Илми кайҳоншиносӣ низ инро тасдиқ мекунад.
Бори дигар китоби осмонӣ будани Қуръонро ояти зер тасдиқ кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «