Сураи Нуҳ Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нух Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нуҳ Ояти 17

وَاللّٰهُ اَنۡۢبَتَكُمۡ مِّنَ الۡاَرۡضِ نَبَاتًا ١٧

Валлоҳу анбатакум мина-л-арДЗи набата. 17.

17. Ва Аллоҳ бо навъе аз рӯёнидан шуморо аз Замин рӯёнид.

Ӯ таъоло баъди баёни аҳволи офоқ ба зикри офариниши нафсҳо ишора карда гуфтааст, ки Худованд шуморо ба мисли растание, ки аз Замин сар мезанад аз Замин офарид. Муфассирон гуфтаанд, ки ин оят ишора ба офариниши ҳазрати Одам (а) мекунад, ки ӯро Худованд аз хоки Замин офарид ва фарзандонашро аз пушти камари ӯ.

Пушида нест, ки дар ҳақиқат растанӣ аз Замин мерӯяд. Аммо тавре дар оят зикр гардидааст “Аллоҳтаъоло Руёнид шуморо аз Замин”. Шояд ин ба хотир он бошад, ки дар зиндагии ин дунё инсон ба маҳсулоте, ки аз ҳайвонҳо, паррандаҳо, моҳи ва растаниҳо эҳтиёҷманд мебошад. ки ба Замин вобастагии ногусастинӣ доранд. Моддаҳои барои инсон лозим бо воситаи ғизо ба бадан мегузаранд. Дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Агар ба таври мисол гушти моҳиро ки истеъмол мекунем ба суроғи хӯроки он равем рафта – рафта ба наботот мерасад, ки пайдоишу афзоиши он аз Замин аст.

Ба ҳар тарзе, ки андеша ронем аввалу охири зиндагии инсонҳо ба ҳамин Замин мерасад. Худо хубтар медонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нуҳ Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нуҳ Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)