Тафсири Сураи Нух Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 18
ثُمَّ يُعِيۡدُكُمۡ فِيۡهَا وَيُخۡرِجُكُمۡ اِخۡرَاجًا ١٨
Сумма юъӣдукум фӣҳа ва юхриҷукум ихроҷа. 18.
18. Баъд аз он шуморо дар Замин бозгардонад ва шуморо дубора аз он хориҷ кунад.
Пас, аз мавт ба ҳукми Аллоҳтаъоло шуморо ба Замин боз гардонанд ва рӯзи маҳшар аз сари нав шуморо зинда сохта, то ҳисобу китоби шумо сурат гирад аз он хориҷ сохта мешавед. Дар ин ҷо таъкидан овардани масдари “ихроҷ” аз баҳри ин аст, ки хоҳ нохоҳ, албатта, шумо барои ҳисобу китоб аз Замин хориҷ карда мешавед.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «