Сураи Нур Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 11

إِنَّ الَّذِينَ جَاءُوا بِالْإِفْكِ عُصْبَةٌ مِنْكُمْ ۚ لَا تَحْسَبُوهُ شَرًّا لَكُمْ ۖ بَلْ هُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۚ لِكُلِّ امْرِئٍ مِنْهُمْ مَا اكْتَسَبَ مِنَ الْإِثْمِ ۚ وَالَّذِي تَوَلَّىٰ كِبْرَهُ مِنْهُمْ لَهُ عَذَابٌ عَظِيمٌ ١١

Инна-л-лазӣна ҷау би-л-ифки ъусбату-м минкум ла таҳсабуҳу шарра-л-лакум бал ҳува хайру-л лакум. Ли куллимрии-м минҳум-м мактасаба мина-л-исм. Ва-л лазӣ тавалла кибраҳу минҳум лаҳу ъазабун ъазӣм. 11.

11. Ҳаройина, касоне ки он туҳматро оварданд, ҷамоъате аз шумоянд ва ин туҳматро дар ҳаққи хеш бад напиндоред, балки он барои шумо беҳтар аст! Барои ҳар касе аз онҳо, ки гуноҳ содир кардааст, ҷазо муқаррар аст ва он касе, ки он туҳматро болотар доман зад ва ба ӯҳда дошт, ба азоби бузург гирифтор шавад.

Мақсад аз калимаи “ифк”-е, ки дар ояти мазкур дарҷ шудааст, он буҳтоне аст, ки ба Оишаи покдоман (р) Духтари Абӯ Бакри Сиддиқ (р), завҷаи Расулалоҳ (с), модари муъминон заданд.

Дар бораи сабаби нозилшавии ояти мазкур муфассирон ҳадисҳои тулониеро аз Бухорӣ, Муслим ва дигар китобҳои ҳадис нақл кардаанд, ки ривояткунандаи ҳамаи онҳо ҳазрати Оиша (р) аст.

Мухтасари он ривоятҳо чунин аст: Дар ғазваи «Бани Мусталақ» соли панҷуми ҳиҷрӣ бо қуръа Оиша (р) бо Расули Худо (с) ҳамроҳ шуд. Дар баргашт, корвон дар наздикии Мадина манзил гирифт. Дар ин макон ҳангоми қазои ҳоҷат ресмони гарданбанди ҳазрати Оиша (р) канда шуд ва афтид. Чун Оиша (р) баъди бозгашт ба каҷоваи хеш аз ин ҳодиса бохабар шуд, барои ёфтани гарданбанд аз каҷова берун омад. Ба гумони ин, ки Оиша (р) дар каҷова аст, корвон ба роҳ баромад. Вақте Оиша (р) аз ҷусту ҷӯи гарданбанди хеш баргашт, дид, ки аз корвон хабаре нест. Чун шаб ҳукмфаро буд, пас дар ҳамон ҷо истод ва пас аз андаке хобаш бурд.

Сафвон ибни Муъаттал (р) мутасаддӣ буд, ки аз ақиби корвон дар ин ғазва нозир бошад. Чун ба макони ором гирифтаи корвон расид, Оиша (р)-ро дид, (ки хоб аст). Ӯ (р), ки Оиша (р)-ро қабл аз нозилшавии оятҳои ҳиҷоб дида буд, шинохт. Пас Сафвон (р): ба ғайри «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун» чизи дигаре нагуфт. Оиша (р) бо шунидани садои Сафвон (р) аз хоб бедор шуд ва фавран чеҳраи худро пӯшонид. Сафвон (р) бо Оиша (р) сухан нагуфта шутурашро хобонид ва ба пои пеши шутураш чун ишора пой фишурд то Оиша (р) бар он савор шавад. Оиша (р) савори шутури Сафвон (р) шуд ва Сафвон (р) лаҷоми шутурро гирифта ҳаракат кард, то ба корвон расид. Пас чун аҳли ифк (буҳтон) аз ин воқеъа огоҳ шуданд, Оиша (р)-ро ба фаҳш муттаҳам (айбдор) карданд ва гуфтанд он чи гуфтанд. Аммо Худованд бо нозил кардани 18 оят (покии) ҳазрати Оиша (р)-ро аз буҳтон эълон кард.

Худованд дар нахустин оятҳои қиссаи «ифк» фармудааст, ки дар ҳақиқат касоне, ки ин буҳтонро дар миён оварданд, гурӯҳе аз худи ҷамоъати шумо мусулмонон ҳастанд, (ки сардори онҳо Абдуллоҳ ибни Убай аст). Дар идомаи оят Худованд фармуд, ки ай хонадони Абӯ Бакр! Гумон набаред ин тӯҳмат барои шумо шарр (бадӣ) аст. Балки шарафи бузурге дар он нуҳуфта аст ва он панҷ некиро дар бар дорад; ба поки эълон шудани модари муъминон, фазл ва карами Худо дар бораи ӯ (р), ки ваҳй дар бораи ӯ (р) нозил шуд. Мукофот ва савоби (аҷри) бузург барои Оиша (р) дар ивази тӯҳмате, ки ба ӯ (р) заданд, андарз ва насиҳати муъминон ва интиқом гирифтан аз тӯҳматгарон.

Дигар ин ки барои ҳар шахсе аз ин тӯҳматгарон, ки дар паҳн кардани ин тӯҳмат даст доштанд, ҳиссае аз гуноҳ насиб аст, ва барои касе, ки қисмати бузурги ин тӯҳматро содир карду онро пахш кард (Абдуллоҳ ибни Убай) дар охират азоби сахт ва оташи Дӯзах муқаррар аст. («Анвору-л-Қуръон»).

Дар оятҳои баъдӣ туҳматгарони Оиша (р)-ро бо нӯҳ амр Худованд сахт сарзаниш намудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)