Сураи Нур Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 12

لَوْلَا إِذْ سَمِعْتُمُوهُ ظَنَّ الْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بِأَنْفُسِهِمْ خَيْرًا وَقَالُوا هَٰذَا إِفْكٌ مُبِينٌ ١٢

Лав ла из самиътумуҳу занна-л-муъминуна ва-л муъминату би анфусиҳим хайра-в ва қолу ҳаза ифку-м мубӣн. 12.

12. Чаро нашуд, ки чун мардони мусалмон ва занони мусалмон онро (туҳматро) шуниданд, дар ҳаққи хеш некиро гумон мекарданду мегуфтанд: «Ин туҳмати ошкоро аст!».

Худованд дар ин оят сарзаниши аввалро баён намуда гуфт, ки ай муъминон! Чаро вақте ки суханҳои аҳли тӯҳматро нисбати Оиша (р) шунидед, гумони нек набурдед ва тӯҳматро дар ҳаққи Оиша (р) ба зудӣ қабул кардед? Чаро ин суханро нисбат ба худашон муқоиса накарданд. Агар содиршавии чунин амали зишт аз худашон мумкин набошад, пас аз модари муъминон Оиша (р) чӣ гуна мумкин будааст?

Чаро ҳама муъминон хоҳ мард хоҳ зан нагуфтанд: «Ин дар ҳаққи Оиша (р) дурӯғ ва тӯҳмати ошкор аст!». Хулоса, ҳар касе, ки худро барои худ вазифадор медонаду аз худ дифоъ мекунад, бояд аз дигар бародарон ва хоҳарони динӣ низ дифоъ кунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)